Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи фурӯпошии Кремлин аз нигоҳи К. Боровой


Раҳбари ҳизби «Интихоби ғарбӣ» ояндаи Русияро пешгӯӣ кард: бепулӣ, шӯриш, навшавӣ.

Соҳибкор ва сиёсатмадор Константин Боровой, сарвари ҳизби «Интихоби ғарбӣ» ("Западный выбор") ва вакили пешини Думаи давлатӣ, бо истифода аз усули ҳисобу китоби физикию математикӣ поёни зудраси режими Владимир Путинро пешгӯӣ кард.

Ҳисобҳои худро Боровой бо нақшае, ки шабеҳ ба тарҳҳои китоби мактабист, тақвият додааст. Ҳавз ба маънии даромадҳои Русия ба воситаи лӯлае, ки даромадҳои арзист, пур мешавад, вале аз лӯлаи дигар об берун мерезад, яъне тақсим ва харҷ мешавад, аз ҷумла дар байни аҳолӣ. Хушк шудани ҳавз, ба ақидаи Боровой, аллакай баҳори оянда ба тариши иҷтимоӣ дар ин кишвар сабаб мегардад, ки бо инқилоби нав, аз ҷумла вожгун кардани ҳайкалҳои Ленин тамом мешавад. Боровой қасд дорад, ҳайкали асосии Ленинро дар майдони Октябри Маскав худаш чаппа кунад. Вай дар сӯҳбат бо Бахши русии Радиои Озодӣ ояндабинии хешро ин гуна шарҳ дод:

-- Ҳамчун асос ман буҷаи соли ояндаро гирифтам, ки ба фарқ аз буҷаи соли 2014, хеле эҳтиёткорона таҳия шудааст. Ин буҷаи касрдор аст ва касри он ба таври назаррас зиёдтар мешавад. Дар пайванд бо болоравии нархҳо ва он ки Русия маводи асосии хӯроквориро аз хориҷа мегирад, вазъи харҷи миёнаи зиндагиро ҷиддан тағйир медиҳад. Ҳамроҳи тағйири қурби рубл бо доллар нархҳо баланд мешаванд. То соли нав нафақа ва маоши бахши асосии буҷахӯрон то камтарин ҳадди харҷи зиндагӣ поин меравад ва барои бознишастаҳо вазъ аз ин ҳам бадтар мегардад. Аз ин ҷо мешавад ба осонӣ ҳисоб кард, ки агар сиёсате, ки Путин пеш мебарад, дигар нашавад ва зоҳиран, дигар нахоҳад шуд, наздикиҳои моҳи марти соли 2015 зиндамонии ҷисмонии шаҳрвандон номумкин мегардад.

-- Агар тасаввур шавад, ки тарҳи Шуморо сокинони Кремлин мехонанд ва ҳушдорҳои Шуморо ҷиддӣ мегиранд, имкон дорад, ки онҳо ягон роҳи наҷот пайдо кунанд, пеш аз ҳама наҷоти ҳокимияти худ?

Константин Боровой
Константин Боровой

-- То ҷое ки медонам, охирин талошҳои Путин ба он равона шудаанд, ки Обама ва дигаронро ба гуфтушунид водор ва ҳаракатро ба самти мусолиҳа оғоз кунад. Ин як кӯшиши ҷонсараконаи тағйир вазъ аст. Барои Путин вазъ бунбастист. Баромадан аз ҷанг бо Украина барои Путин бохтани ҳокимият аст, вале бохтани он низ ҳамин маъниро хоҳад дошт. Роҳҳои дигаре нест. Ягон роҳиҳали сулҳомезе, ки Путин ба шарикони ғарбии худро пешниҳод мекунад, воқеӣ нест. Онҳо зидди таҷрибаи байнулмилалӣ, усули муносибатҳои байнидавлатиянд. Ризоияти ин ки як давлат метавонад масъалаҳои територриявии худро бо зӯрӣ ҳал кунад, агар маънии бозгашт ба қарни XIX-ро надошта бошад, ҳатман бозгашт ба садаи XX аст.

-- Шумо ба ин ақидаҳо, ки нархи нафтро ҳокимони пасипардагии ҷаҳон идора мекунанд, чӣ назар доред? Мегӯянд, ин ҳокимон аз талошҳои дубора ба по хестани Русия норозиянд ва ба таври сунъӣ нархи нафтро поён бурда, бо ин роҳ Маскавро бо душвориҳои иқтисодӣ рӯбарӯ карданд...

-- Ин назари Путин ва атрофиёни ӯст, ки мушкилоти Русия натиҷаи қасос барои сиёсатест, ки Кремлин пеш мебарад. Вале қонуни бозор аст, ки нархро таносуби талабот ва пешниҳод ба миён меорад. Ягон кас наметавонад ба таври сунъӣ талаботро зиёд кунад. Ҳама чизи марбут ба сатҳи нави технологии истифодаи захираҳои энергетикӣ натиҷаи пешрафти инсоният аст. Ва агар Путину мошини ҳарбии ӯ дар миён намебуд ҳам, хоҳу нохоҳ башарият кӯшиш мекард, манбаъҳои алтернативии энергияро пайдо ва ҷойгузини манбаъҳои мавҷуда кунад, зеро онҳо беохиранд. Ин як раванди табиӣ ва таърихист. Дар омади гап, ба ҳамон андоза, ки талоши халқҳо ба демократия ва озодӣ раванди табиӣ ва таърихист. Ин, ба истилоҳ, шайтонигарии президент Обама ё сенатор Маккейн нест, ин майли табии мардуми ҷаҳон аст, ки озодӣ ва демократия мехоҳанд. Баръакс, раҳбарони ғарбиро метавон ба хештандорӣ ва эҳтиёткории зиёд айбдор кард. Онҳо барои истодагарӣ дар баробари мошини ҳарбии Путин хеле дуру дароз ва эҳтиёткорона тасмимгирӣ мекунанд.

-- Чӣ хел ки ман ягон майлу рағбати баланди халқи русро ба демократия ва озодӣ мушоҳида накардам. Аммо чаро Шумо бар инед, ки захираи сабри мардуми рус ин қадар андак аст, ки танҳо то моҳи март мерасад? Мумкин аст, ки хашми инқилобии мардум на зидди ҳайкали Ленин ва манораҳои Кремлин, балки ба тарафи хоинҳои миллӣ, «сутуни панҷум», «муздурони ғарбӣ» равона гардад?

-- Бале, бешубҳа, ин оҳанг дар таблиғот хеле ҷиддӣ истифода мешавад. Мо кӯшишҳои душманҷӯӣ ва ёфтани хоинони ватан, «сутуни панҷум» дар дохили кишвар ва русбадбинҳои иғвогар дар ИМА ва Аврупоро мебинем. Аммо назарсанҷиҳои ахири ҷомеашиносӣ далели онанд, ки ҳарчӣ ҳам бошад, халқ солимтар мешавад. Алҳол ба оҳистагӣ, зеро пайомади таҳримҳо, зоҳиран, ҳанӯз барои ҳама намудор нестанд. Аммо андак-андак, ба ҳар ҳол бартариҳо дигар мешаванд. Акнун халқ барои танбеҳ додани Ғарб ба ҳамаи қурбониҳо розӣ нест. Пуштибонӣ аз Путин коҳиш меёбад. Қиёс, дар ин ҳолат, танҳо бо Олмони соли 1945 мумкин аст. Сиёсати ҳитлерӣ бар асари маъракаҳои таблиғотӣ ва таҷовузгарии зӯргӯёнаи ҳарбӣ ҳимояи саддарсадии мардумро ба даст оварда буд. Аммо то соли 1948, то замони қабули сарқонуни нави Олмон, ин ҳимоят бухор шуд. Русия ҳам шифо меёбад ва чӣ қадар ки таҳримҳо самарабахштар бошанд, ин шифо низ зудтар иттифоқ меафтад.

-- Константин, дар паёми худ Шумо ба онҳое руҷӯъ кардед, ки дар моҳи март ё апрел, бино бар шумориши Шумо, ба майдони Октябри Маскав меоянд, тто ҳайкали Ленинро чаппа кунанд. Аммо имкон дорад, ки Шумо хато мекарда бошед ва на танҳо ҳайкали Ленин пойдор мемонад, балки пайкараи Дзержинскийро ба майдони Лубянка бармегардонанд? Он гоҳ чӣ кор мешавад кард?

-- Ҳеч кор. Ман ин мавзӯъро бо як сиёсатмадори аршади амрикоӣ баррасӣ кардам ва ӯ бисёр дақиқу дуруст гуфт, ки дору (таҳримҳо) хӯрда шуд ва танҳо бояд интизор истод, ки он таъсир кунад. Ин ҳамаро мо борҳо аз сар гузарондаем – бо Милошевич, Саддом Ҳусейн ва Муамаром Қаддафӣ. Бо мақсади таблиғот онҳо метавонанд ҳайкали Дзержинскийро барқарор кунанд ва боз як пайкараи дигари Ленинро гузоранд ва ҳатто ба Путин ҳайкал гузоранд ҳам, ин қонуниятҳои умумии инкишофи тамаддуни инсониро аз ваҳшоният ба барбарият ва пешрафт, ба ҳуқуқи инсон ва рушди итехнологӣ дигар карда наметавонад. Чӣ қадар ки онҳо дар Думаи давлатӣ қонунҳои барбарие қабул кунанд, ҳамон дараҷа ошкор мешавад, ки онҳо дигар ҳеч ҳизро тағйир дода наметавонанд. Таърих ба ҳоли онҳо механдад, -- мегӯяд сиёсатмадор ва соҳибкор Константин Боровой.

Мусоҳиб Андрей Шарий

XS
SM
MD
LG