Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Путин 15-20 дақиқа бо ҳам мулоқот карданд


Путин ва Обама
Путин ва Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви APEC ё Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором масъалаҳои Эрону Сурия ва Украинаро баррасӣ кард.

Хонум Бернадетт Миҳон-сухангӯи Шӯрои Амнияти Амрико гуфт, ки Путин ва Обама дар маҷмуъ тақрибан 15-20 дақиқа дар ҷараёни ҳамоиши Пекин бо ҳам гуфтугӯ кардаанд. Ҳам хонум Миҳон ва ҳам мақомоти Русия мегӯянд, ки гуфтугӯи ду раҳбар ба масъалаҳои Эрону Сурия ва Украина иртибот доштааст.

Ҳеҷ як аз ҷонибҳо дар бораи ҷузъиёти ин гуфтугӯ тафсилот надодаанд. Аз замони ҷаги сард ҳоло муносиботи Вашингтону Маскав дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Русия барои илҳоқ ё пайвастани Қрим ба таҳримҳои Ғарб дучор шудааст.

XS
SM
MD
LG