Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малашенко:"Таҳримҳо миёни Русияро мешикананд"


Кишварҳои ғарбӣ аз Маскав талаб доранд, ки нерӯҳояшро аз шарқи Украина берун кунад, дар акси ҳол мавриди таҳримҳои нав қарор мегирад. Аммо Маскав дар посух мегӯяд: "Мо он ҷо нестем"

Ҳерман Ван Ромпей, Раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи шанбе дар шаҳри Брисбени Австралия дар долонҳои нишасти сарони “Гурӯҳи 20” аз имкони эълони таҳримҳои нав алайҳи Русия дар робита ба мудохилааш ба умури Украина хабар дод. Ба Гурӯҳи 20 ё G20 19 кишвари пешрафтаву дар ҳоли рушди олам ва Иттиҳодияи Аврупо шомиланд.

Бӯҳрони Украина дар меҳвари музокироти ҳайати Иттиҳодияи Аврупо таҳти раҳбарии Ван Ромпей бо раисиҷумҳури ИМА Барак Обама қарор дошт. Қабл аз ин нишаст, ки шоми шанбе баргузор шуд, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, " Иттиҳодияи Аврупо ҳамоно мутмаин аст, ки бӯҳрони Украина фақат роҳҳали сиёсӣ дорад. Мо истифодаи ҳама фишангҳои дипломатӣ, ба шумули таҳримҳои дар ихтиёрамон бударо, идома медиҳем. Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе (17 ноябр) вазъ дар Украина ва гомҳои эҳтимолии баъдиро баррасӣ мекунанд. Мо бояд аз бозгашт ба ҷанги густурда ҷилавгирӣ кунем. Бояд ҳама ҷонибҳо ӯҳдадориҳои моҳи сентябр бар пояи созишномаи Минск гирифтаашонро риоя кунанд".

Ҳерман Ван Ромпей
Ҳерман Ван Ромпей

Ван Ромпей афзуд, ки Маскав бояд интиқоли силоҳ ва нерӯ ба қаламрави Украинаро қатъ кунад ва низомиёнашро аз кишвари ҳамсоя берун кунад. Маскав ҳама иттиҳомҳои пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон дар Донбассро рад мекунад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе, дар сӯҳбат бо нахуствазири Канада Стивен Ҳарпер дар чаҳорчӯби нишасти “Гурӯҳи 20” дар Австралия бори дигар таъкид кард, ки нерӯҳои низомии кишвараш дар Украина ҳузур надоранд. Ба иттилои хабаргузорҳои Reuters ва Bloomberg, дар посух ба даъвати Ҳарпер дар бораи тарки Украина кардани нерӯҳои Русия, Путин гуфт, ки, “мутаассифона, ин корро кардан ғайримуикн аст, зеро он ҷо низомиёни рус нестанд”.

Дар ҳамин ҳол сиёсатшиносону иқтисоддонҳо сари ин мавзӯъ меандешанд, ки иқтисоди Русия то куҷо таҳаммули таҳримҳои нави Ғарбро хоҳад дошт? Як рӯз қабл аз нишасти "Гурӯҳи 20" Владимир Путин дар сӯҳбат бо хабарнигорон эътироф намуд, ки таҳримҳо ва поин рафтани қимати нафт ба иқтисоди кишвар осеби ҷиддӣ расондаанд, аммо ба гуфтаи ӯ, Русия ба қадри кофӣ захираи пул дорад, ки зиёни бӯҳрони иқтисодиро кам кунад ва ӯҳдадориҳои иҷтимоиаш назди мардумро иҷро намояд. Ҳамзамон раҳбари Русия таъкид намуд, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳо алайҳи Русия мухолифи усулҳои "Гурӯҳи 20" ва қонунҳои байналмилалиянд. Аз нигоҳи ӯ, бастани ҳисобҳои бонкиву қатъи додани раводиди сафар ва маҳрум кардани ширкатҳои Русия аз дастрасӣ ба бозорҳои ғарбӣ танҳо ҳаққи Созмони Милали Муттаҳид аст.

Алексей Малашенко, масъули яке аз барномаҳои Маркази Карнегии Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо гуфт, "фикр намекунам, ки таҳримҳои нав вазнин бошанд, аз нигоҳи ман, ин ин таҳримҳои сабуктар дар асл ҳушдор барои таҳримҳои хеле ҷиддӣ хоҳанд буд. Аммо ин таҳримҳо баъдан эълон мешаванд ва ҳама чиз марбут ба он аст, ки Русия чунин муносибат хоҳад кард, Русия бошад ба андозае беақлона рафтор мекунад. Манзури ман фақат қазияи ҳавопаймои суқуткарда ва пахши наворҳои тақаллубӣ нест... Барои ман номафҳум аст, ки аз Русия хурӯҷи низомиёнашро аз Украина талаб мекунанд, аммо Русия мегӯяд, ки низомиёнаш он ҷо нестанд. Аз ин рӯ бояд ба хулосае биёянд, ки нерӯҳояшонро берун кунанд ё не, агар берун накунанд, таҳримҳои хеле вазнин дар пешанд, на имрӯз, балки баъдан".

Алексей Малашенко
Алексей Малашенко

Аз ҷаноби Малашенко суол кардем, ки аз нигоҳи ӯ, иқтисоди Русия аз таҳримҳои нав то куҷо осеб хоҳад дид? "Агар ин вазъ тулонӣ идома кунад, албатта, паёмади таҳримҳо миёншикан хоҳанд буд. Аммо ин мавзӯъи на чанд моҳ, балки чанд соли оянда аст. Ҳозир таҳримҳои нав алайҳи Русияро баррасӣ мекунанд, аммо касе дар бораашон чизи мушаххасе гуфта наметавонад. Як чиз мусаллам аст, ки паёмадҳо бад, хело бад хоҳанд буд. Дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва пойин рафтани нархи нафт таҳримҳо боиси паёмадҳои номатлуб мешаванд. Ин паёмадҳо чӣ гуна хоҳанд буд, вақт нишон хоҳад дод", гуфт сиёсатшиноси рус

Дар ҳамин ҳол Магбат Спанов, иқтисоддони маъруф ва профессори

Макбат Спанов
Макбат Спанов

Донишгоҳи тиҷорати байналмилалии Қазоқистон, рӯзи шанбе ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо ба иқтисоди кишварҳои ҳампаймои Русия, аз ҷумла, Қазоқистон ҳам осеб хоҳанд кард ва он, бидуни шубҳа, боиси болорафти таваррум ва афзоиши нархи маҳсулот мешавад. Ӯ афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ин ҳукумати Қазоқистон ҳафтаи гузашта барномаи нави зиддибӯҳрониро қабул кард ва тасмим гирифт, ки аз Бунёди милли нафт беш аз 3 миллиард доллар гирифта онро барои камтар шудани осеби бӯҳрон равона созад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз Иттиҳодияи Аврупо алайҳи афроди бонуфуз ва ширкатҳои гуногуни Русия чаҳор бор таҳримҳо ҷорӣ кард. Бар асари таҳримҳо қурби рубл, пули миллии Русия, назар ба аввали сол 30 дар сад пойин рафт.

XS
SM
MD
LG