Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маош барои имомхатибон - хилофи асли ҷудоии дин аз давлат?


Масҷиде дар Ашт
Масҷиде дар Ашт

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, имом-хатибон мисли ҳар қишри дигари ҷомиаи Тоҷикистон ба маошу дигар имтиёзҳо ҳақ доранд.

Абдураҳим Холиқов, раиси ин Кумита рӯзи 9 июл дар нишасти матбуотии идорааш дар посух ба суолҳои марбут ба таъини маош барои имомхатибон гуфт, ин иқдоми раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ аз ин қишри ҷомиа аст, ки бевосита бо мардум сарукор дорад: «Имрӯз имомхатибон ҳамчун як қишри ҷомиа дар тарбияи диниву маънавии мардум саҳм гирифта истодаанд. Инҳо ҳам ҳуқуқ ба моликият, маош ва қадршиносӣ доранд. Чӣ бадӣ дорад, вақте аз сӯи давлат ё маболиғи дигаре, ки дар масҷид аз ҳисоби хайрия ҷамъ мешаванд, ба онҳо маош дода шавад? Магар бо додани маош ҳуқуқи инсон ва ё иттиҳодияи динӣ маҳдуд мешавад? Ман ҳаргиз чунин фикр надорам!»


Маоши "давлатӣ" барои имомхатибон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим


Рӯзи 4 июл дар мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён эълон шуд, ки барои имомхатибони масоҷиди ҷомеъ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2014 маош таъин мекунанд. Ин иқдоми раисҷумҳур баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, чунки Тоҷикистон давлати дунявист ва бар пояи Сарқонунаш, дин аз давлат ҷудост. Ва ҳамчунин дар гузашта иддае аз мунтақидони дин аз ҷумлаи ҳукуматиёни Тоҷикистон даъво мекарданд, ки имоматӣ кори хайр ва касби маош кардан аз он хилофи қавонини Ислом аст.


Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода
Шӯрои уламои Тоҷикистон, яке дигар аз пуштибонҳои ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон, бар ин аст, ки додани маош ба имомхатибон ҳеҷ мухолифате ба қавонини ислом надорад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, сарвари ин Шӯро мегӯяд, барои омода кардани як хутба ё мавъиза имомхатиб бояд чандин китоб хонад, ки бидуни маблағ ба даст намеоянд: «Нерӯманд кардани ин қишри ҷомиа ба манфиати худи ҷомиа аст. Онҳо ҳам дар рушди соҳаҳои гуногуни сиёсату иқтисоду иҷтимои Тоҷикистон мегузоранд. Ба хотире, ки пеш раванд, бояд шароит дошта бошанд, барои шароит маблағ даркор аст, ки ин на хилофи Сарқонун ва қонунҳои дигар аст, баръакс ғамхорӣ дар ҳаққи Ислом ва аҳли Ислом аст.»

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, имомхатибон дар кишварҳое,назири Русия, Чин, Амрико, Кувайт, Саудӣ, Урдун ва ҳатто Қирғизистон аз ҳисоби давлат маош мегиранд, ки ба қавли ҳамсӯҳбати дигари мо - раиси собиқ Академияи исломии ҳизби наҳзати исломӣ Зубайдуллоҳи Розиқ - воқеиятҳои худро доранд. Ба қавли ӯ, дар кишварҳои исломӣ, назири Саудӣ ва Урдун, вазоратҳои авқоф амал мекунанд, ки ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам хайрот будҷа доранд ва аз он ба имомхатибон маош медиҳанд: «Азбаски Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, дар Сарқонунаш навишта шудааст, ки ташкилоти динӣ аз давлат ҷудост, пас роҳи дурусттарин таъин кардани маош аз ҳисоби хайрот буда метавонад, дар акси ҳол, як иқдоми номуассир хоҳад буд.»

Кумитаи дин мегӯяд, дар ҳоли роҳандозӣ шудани ин иқдом имомхатибони ҳудуди 410 масҷиди ҷомеъ ва ҷомеи марказии Тоҷикистон соҳиби маош хоҳанд шуд, ки ҳаҷмаш алъон маълум нест.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, таъйини маош ба имомхатибон аз ҳисоби буҷа хилофи Сарқонун ва қонуни дин аст, ки бино ба онҳо, давлат ба кори масҷид, ҳамчун созмонҳои ҷамъиятӣ, наметавонад дахолат кунад.

Дар ҳамин ҳол, он чӣ, ба гуфтаи коршиносон, дар пушти ин баҳс намудор мешавад, таҳти назорат гирифтани масҷидҳо аз сӯи давлат аст, ки гуфта мешавад, намехоҳад, ин минбари қавӣ бар зиддаш истифода шавад. Аммо ин нукта дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамаи имомхатибон бо ризоияти мақомоти давлатӣ интихоб шуда, имомхатибони мустақилро аз ин минбар кайҳо маҳрум кардаанд.
XS
SM
MD
LG