Пайвандҳои дастрасӣ

Табрики Раҳмон ва назари коршиносони тоҷик ба интихоби Макрон. САДО


Ба эътиқоди сиёсатшиносони тоҷик, мардуми Фаронса бо интихоби Эммануэл Макрон содиқ будани худ ба Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамгироии бештар бо ин иттиҳодро намоиш доданд. Масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи пирӯзии Макрон, сиёсати хориҷии Фаронса тағйир накарда ва равобити ин кишвар бо Тоҷикистон тавсеъа хоҳад ёфт.

Эммануэл Макрон, номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Фаронса рақиби миллатгарояш Марин Ле Пенро ба осонӣ шикаст дод ва раисиҷумҳур интихоб шуд.

Коршинос: “Тири Русия дар интихоботи Фаронса хок хӯрд”

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил гуфт, ки мардуми Фаронса тавонистанд аз миёни ду қувваи ба ҳам мухолиф, қувваи солимро интихоб кунанд. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд неруҳои хориҷӣ, бахусус, Русия барои пирӯзии номзади барояш муфиди Ле Пен ҷиддан талош мекард.

Абдумалик Қодиров.
Абдумалик Қодиров.

“Ле Пен дар паси худ, ҳамчун пуштибон Русияро медид. Русия ба хотири пуштибонӣ аз Ле Пен ҳатто дар раванди интихобот мудохила карда, почтаи электронии номзади интихобот Макронро ҳакк кард ва маълумоти маҳрамонро пахш намуд. Ин нишонаи тактикаи Русия дар Амрико буд, ки мехост дар интихоботи Фаронса аз он истифода кунанд. Фаронса бо таҷриба аз интихоботи Амрико ин тактикаро хунсо кард ва Русия ба ҳадафи худ нарасид. Русия ба ин васила мехост бо пуштибонӣ аз Ле Пен дар Иттиҳодияи Аврупо ҷудоӣ андозад, вале тираш хок хӯрд”.

Ба эътиқоди Абдумалик Қодиров, пирӯзии Эммануэл Макрон нишонаи он аст, сиёсати феълии Фаронса идома хоҳад карда, сиёсати хориҷиаш бетағйир мемонад. Равобит бо Тоҷикистон низ дар сатҳи феълӣ боқӣ мемонад.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот низ рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардуми Фаронса аз тариқи интихоби номзади марказгаро барои боқӣ мондан дар Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамгироӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, раъй доданд. “Пирӯзии ӯ дар интихобот ҳам ба нафъи Фаронса ва ҳам ба суди кишварҳоест, ки бо Фаронса ҳамкорию равобити ҳасана доранд, минчумла Тоҷикистон”-гуфт ӯ.

Олимҷон Салимзода.
Олимҷон Салимзода.

Ҷаноби Салимзода дар идома гуфт, “Тоҷикистон бо Фаронса ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад. Аз ҷумла, дар парлумони Тоҷикистон Гурӯҳи “Дӯстии Тоҷикистону Фаронса” фаъолият мекунад. Чанде пеш ҳайати Сенати Франсия ба Душанбе омада буд. Умедворем, дар пайи пирӯзии Макрон равобити Тоҷикистону Фаронса бештар рушд хоҳад кард”.

Тавсеъаи ҳамкориҳои Фаронса ва Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эммануэл Макронро, ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса табрик гуфта ва изҳори умедворӣ кардааст, ки дар аҳди ӯ “муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд. “ Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ ба унвони Эммануел Макрон, ки дар вебсайти раиси ҷумҳурӣ нашр шуд, гуфтааст, ки “Тоҷикистон сатҳу мӯҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.”

Фаронса аз шарикони аслии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб шуда ва дар даҳсолаи ахир ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар ҳоли тавсеъа будааст. Фаронса дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад, аз ҷумла, ширкати Тотал ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул аст. Ин ширкат 33 дарсади саҳмияҳои ширкатеро харидааст, ки ҳаққи истихроҷи майдони азими нафти “Бохтар” дар вилояти Хатлонро дар ихтиёр дорад.

Муассисаи фаронсавии “Койне энд Беллер” ташхиси фаннии нерӯгоҳи Роғунро анҷом дод ва ширкатҳои дигари фаронсавӣ барои иштирок дар озмуни бунёди нерӯгоҳи Роғун дархост додаанд. Ширкати “Ашан-Шивер” бошад барои бунёди нахустин гипермаркет ё фурӯшгоҳи бузург дар Тоҷикистон 41 миллион сомонӣ ё 7 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Фурӯшгоҳи “Ашан”, ки 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад, 12 ҳазор номгӯи маҳсулотро метавонад якбора дар рафҳои худ ҷой кунад. Қаблан масъулони фурӯшгоҳ гуфта буданд, ки молу маҳсулоти асосии ин фурӯшгоҳ аз ширкатҳои Русия ва Фаронса ба Тоҷикистон оварда мешавад.

“Обертур технолоҷиз”, яке аз калонтарин ширкатҳои Фаронса, ки ба 140 кишвари дунё, барои шиносномаву дигари санадҳо тароша ё чипи компютерӣ месозад, тасмим дорад, хадамоти худро ба Тоҷикистон пешниҳод кунад.

Ҳамчунин ҳукуматҳои Фаронсаву Тоҷикистон музокиротро дар мавриди радарҳои замонавии тавлиди Фаронса барои фурудгоҳҳои Тоҷикистон идома медиҳанд. Се сол пеш бо кӯмаки Фаронса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали мусофиркашонӣ сохта шуд. Маблағи ин лоиҳа 39 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз инҷо, ҳар ҳафта даҳҳо парвози мустақим ба самтҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон сурат мегирад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз соли 2001 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 200 афсару сарбоз, 6 тайёраи ҷангии «Мираж» ва 4 тайёраи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса ба хотири кӯмак ба нерӯҳои Фаронса дар Афғонистонмустақар шуда ва тирамоҳи соли 2015 ин неруҳо Тоҷикистонро тарк карданд.

Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сармояи Фаронса бунёд шудааст.
Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сармояи Фаронса бунёд шудааст.

Дар бахши фарҳанг филми коргардони фаронсавӣ Арно Деплешен - "Хотираҳои тилоии ман"(Trois souvenirs de ma jeunesse), ки баъзе аз қисматҳояш дар Тоҷикистон наворбардорӣшудааст, ба баландтарин ҷоизаи синамои Фаронса пешбарӣ шуд. Ин ҷоиза бештар бо номи "Оскари фаронсавӣ" маъруф аст ва филми Арно Деплешен дар 11 бахши он, аз ҷумла барои дарёфти унвони "беҳтарин филми сол" ва "коргардони беҳтарин" вориди рақобат шудааст.

Зимнан, дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса дар рӯзи 7 май Эммануэл Макрон, номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо 65 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, ба рақиби миллатгарояш Марин Ле Пен пирӯз ва раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Дар ҳоле ки марказгаро Эммануэл Макрон аз Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекард, рақиби миллатгарои ифротии вай Марин Ле Пен тарафдори хориҷ шудан аз иттиҳодия аст ва мавзеъгирии сахтгирона дар баробари муҳоҷирон дошт. Эмануэл Макрон ва хонум Ле Пен дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23-уми апрел аз номзадҳои аҳзоби умдаи сиёсии Фаронса раъйи бештар ба даст оварданд ва ба даври дуввум роҳ ёфтанд.

Муборизаи сиёсӣ бо ҳамлаҳои лафзии тунд байни ду тараф сурат гирифт. Марин Ле Пени 48-сола рақиби 39-солаашро, намояндаи элитаи Фаронса номид ва гуфт, ки ӯ дар баробари тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG