Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти тирандозӣ дар Порисро ба дӯш гирифт. ВИДЕО


Тибқи гузоришҳо, дар тирандозии шоми панҷшанбе дар маркази шаҳри Порис -- пойтахти Фаронса, як пулис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Президенти Фаронса ин тирандозиро амали террористӣ гуфт ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гурӯҳи даҳшатафкани "давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи Фаронсаро бар дӯш гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба ин тирандозӣ гуфтааст, ки "ба ин бовар расидам, ки ин тирандозӣ як амали террористӣ будааст". Пиерре-Ҳенри Бренд, сухангӯи вазорати умури дохилии Фаронса ҳам дар бораи чигунагии ин ҳамла гуфтааст, ки "каме баъд аз соати 9-и шаб як автомобил дар паҳлӯи мошини пулис меистад ва марде аз он берун омада ва ба сӯи худрави пулис тирандозӣ мекунад."

Тибқи гузоришҳо, шахси ҳамлакунанда аз сӯи пулис кушта шудааст. Пас аз ин тирандозӣ, чораҳои сахти амниятӣ дар ин хиёбон барқарор шуд ва рафтуомад дар он мамнӯъ шуд. Додситони Порис низ гуфтааст, ки шахси ҳамлакунанда шиносоӣ шудааст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Манобеи пулис гуфтаанд, ки манзили зисти шахси ҳамлакунанда дар шарқи Пулис аз сӯи пулис мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин замина хабаргузории "Рейтерз" аз судури ҳукми боздошт дар рӯзи панҷшанб барои як "фарди хатарнок", ки бо қатор аз Брюссел ба Порис омад, хабар додааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, мушаххас нест, ки оё ин ҳукми боздошт барои ин шахси ҳамлакунанда содир шуда буд ё на. Ин дар ҳоле аст, ки шабакаи телевизионии "Аъмоқ" эълон кард, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти тирандозӣ дар маркази Порисро ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ аз шахси ҳамлакунанда "Абу Юсуф" ном бурдааст.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, пулис эълом кардааст, ки гумонбари аслии тирандозӣ як шахси 39-сола ва сокини атрофи шаҳри Порис будааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи якшанбеи 23 апрел интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Фаронса баргузор шавад.

Дар ҳамин замина, Фаронсуа Олланд, президенти Фаронса шоми шанбе гуфтааст, ки "ҳама бояд ҳушёр бошем, ба вижа ин, ки дар рӯзҳои оянда интихобот низ дар пеш аст. Франсуа Филлон, номзади муҳофизакор дар интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса низ ба дунболи ҳамлаи Порис, як барномаи интихоботии худро лағв кардааст.

Моҳи гузашта як ҳамлагар дар пайи гирифтани силоҳи сарбозе дар фурудгоҳи Орлии Порис бо зарби тир кушта шуда буд. Ҳамлаи ба ин монанд моҳи феврал дар музей ё осорхонаи Луври пойтахти Фаронса рух дод. Дар ду соли ахир, Фаронса шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ буд, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ё ин гурӯҳ дар содир кардани ҳамин амалҳо муттаҳам гардид. Дар ин ҳамлаҳо беш аз 230 нафар кушта шудаанд. Фаронса аз соли 2015 то ба ҳол дар вазъияти фавқулодда ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG