Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МТС: "Довталаби курсии президентӣ аз ташхиси бемориҳои рӯҳӣ гузарад"


Қувваталӣ Муродов
Қувваталӣ Муродов

Тасмими Қувваталӣ Муродов, яке аз фаъолони собиқ Фронти Халқӣ барои иштирок дар интихоботи соли ояндаи президентӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Бархе азми ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, вале иддае дигар ташаббуси ӯро ба боди танқид кашиданд. Аз ҷумла, Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар робита ба тасмими Қувваталӣ Муродов се матлаб нашр кард ва дар яке аз матлабҳо пешниҳод шуд, ки "ӯро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд".

Тасмими ҳамин мард баёнгари он аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон тарс вуҷуд надорад, чунки ҳамаи қонунҳо ба манфиати мардум нигаронда шудаанд.

Муродов чӣ гуфт?

Қувваталӣ Муродов ҳафтаи гузашта аз тасмими худ барои иштирок дар интихоботи соли 2020 хабар дод. Муродов рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд номзади арзанда набошад ва овози заруриро ба даст наорад, "вале ба хотири принсипҳои демократӣ бояд ин ҳақро дошта бошад, ки дар интихобот бо тарафдоронаш иштирок кунад". Намояндаи собиқ Фронти Халқӣ гуфт, ҳадафи иштирокаш дар интихобот шикастани "сиёсати тарс" аст ва пешниҳод кард, ки барои риояи адолат дар байни номзадҳо ҷамъоварии имзои ҷонибдорон коҳиш ёбад. Феълан барои як номзад ҷамъоварии 210 000 имзо зарур аст.

Баъди ин изҳороти Қувваталӣ Муродов, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш дар бораи ӯ се матлаб нашр кард. Мақомот гуфтанд, ки матлабҳои дигар омодаи пахшанд.

Дар ҳоле ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ азми ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, ба назар мерасад, доираҳои ҳукуматӣ изҳороти Муродовро ҷиддӣ гирифтанд.

“Муродовро ташхиси тиббӣ кунед”

Барои мисол, муаллифи матлаби “Ранг бину ҳол пурс” дар вебсайти расмии Маркази тадқиқоти назди президенти Тоҷикистон навиштааст, “азбайнбарандаи «сиёсати тарс» ба нерӯи худ як зарра эътимод надорад ва ба ҷойи аз байн бурдани тарс аз он меҳаросад, ки агар номзадиашро пешниҳод кунад, шумораи даркории имзоҳоро ҷамъ оварда наметавонад”. Дар матлаб ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки “сиҳатии Муродов” ташхис шавад.

“Мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нестем, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ ба майдони сиёсат омадани шахсро нерӯи силоҳу маҳорати қумондонӣ ва тафаккури қумондонсолориаш муайян кунад ва ҳар гуна нигоҳи танги шахсию гурӯҳии худро болои дигарон бор созад», - навиштаанд дар матлаби дигар.

Муаллифи матлаб Муродовро ба он муттаҳам кардааст, ки мехоҳад «зери чатри “Фаронти халқӣ” афсарони ду ҷониби ҷанги шаҳрвандиро гирд оварад.”

Дар матлаби дигар бо номи “Давлатсозӣ кори саҳл нест” муаллифе навиштааст, дар шароити ҷаҳонишавӣ “як зумра бадхоҳон ҷанги шаҳрвандиро тарҳрезӣ менамоянд”. Аз ин рӯ, ба навиштаи ӯ, “ба маъракаи интихобот хунукназарона ва бепарвоёна муносибат кардан лозим нест”.

Муаллиф гуфтааст, дар интихоботҳои гузашта борҳо номзадҳои дигар иштирок карданд, вале мардум ба Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд. Танҳо андешае, ки аз тарафи муаллифони матлабҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ пазируфта шудааст, пешниҳоди Қувваталӣ Муродов дар мавриди овоздиҳии электронӣ аст.

“Овоздиҳии электронӣ пешниҳоди хуб аст. Умед аст, ки дар оянда дар кишварамон чунин система ҳам ба роҳ монда шавад”, - зикр шудааст дар як матлаби дигар. Аммо муаллифе, ки аз ин ҳарфи Муродов ҷонибдорӣ кардааст, дар ҷумлаи дигар пешниҳоди “ташхиси тиббии ҳолати рӯҳии ӯро кардааст”.

Вокунишҳои тунд ба изҳори назари Қувваталӣ Муродов дар ҳолест, ки доираҳои коршиносӣ тасмими ӯро ҷиддӣ нагирифта буданд. Нигарониҳо аз изҳороти беозори як довталаби курсии раёсат дар ҳолест, ки сохтори сиёсӣ дар Тоҷикистон ва самтгирии он мушаххас аст.

Моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро қабул кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, як умр шахси аввали Тоҷикистон бимонад. Сарфи назар аз он ки президенти оянда кӣ хоҳад буд, самтгирии сиёсиву иқтисодии кишвар дар ҳамоҳангӣ бо пешвои миллат муайян мешавад.

Сафаров: “Тарафдорам, ки чунин одамон бошанд”

Муаллифони матлаб чеҳраҳои шинохта нестанд ва Радиои Озодӣ натавонист нафаре аз онҳоро пайдо кунад.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо сокинони оддии Душанбе ҳастанд, ки матлабҳояшонро барои нашр ба Маркази тадқиқоти стратегӣ оварданд. Сафаров гуфт, мақолаҳои дигаре низ ҳаст, ки кормандони худи ин ниҳод навиштаанд, вале ҳанӯз нашр нашудаанд.

Ин мақоми Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, бо муаллифони матлабҳои нашршуда ҳамназар аст, ки “воқеан “он қадар хубиву некиҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба мардум кардааст, дигар ҳеҷ нафар дар паҳлуи ӯ рақобат карда наметавонад.” Бо ин вуҷуд, Сафаров мегӯяд, мухолифи иштироки Қувваталӣ Муродов дар интихобот нест.

“Тарафдорам, ки дар ҷомеа ҳамин гуна одамон бошанд. Бигзор орзу кунанд, умед кунанд. Ин ки як одам озод дар ҷомеа назарашро мегӯяд ва ҳатто даъво мекунад, ки президент мешавад, хидмати президенти кишвар аст. Иқдоми ҳамин мард баёнгари он аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон тарс вуҷуд надорад, чунки ҳамаи қонунҳо ба манфиати мардум нигаронда шудаанд. Ҳар кас вакили порлумони Тоҷикистон шуданӣ ҳаст ё номзад ба мақоми президенти кишвар, аз ҷониби мақомоти кишвар амнияташ таъмин мешавад. Дар ҳақиқат, мақомоти мо нишон доданд, ки ҳуқуқи ҳама шаҳрвандонро ҳимоят карда метавонанд», - афзуд ӯ.

Аммо Қувваталӣ Муродов...

Қувваталӣ Муродов мегӯяд, пас аз ин изҳори назараш таҳти фишор қарор гирифтааст ва зоҳиран ӯро дар ҷомеа нодуруст фаҳмидаанд. Муродов рӯзи 23-юми январ, вақте бо мо суҳбат мекард, мисли ҳафтаи гузашта қотеъ набуд. Ӯ гуфт, ба ҳеҷ кас душманӣ надорад ва танҳо мехоҳад аз ҳуқуқи шаҳрвандиаш истифода кунад.

Муродов гуфт, манзураш аз “иштирок дар интихоботи президентӣ” ин нест, ки танҳо худи ӯ номзад мешавад. Ӯ гуфт, бо ҳамфикронаш бар ин назар буданд, ки “нафареро номзад пешниҳод мекунанд ва ӯ масъули таҳияи барномаи интихоботӣ ҳаст”.

Соли оянда даври дувуми ҳафтсолаи президентии Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад ва Тоҷикистон бояд интихобот баргузор кунад. Ҳанӯз ҳеҷ ҳизбу ҳаракат дар Тоҷикистон барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ изҳори омодагӣ накардааст. Қувваталӣ Муродов баҳори соли гузашта бо чанд пешниҳод ба Комиссияи марказии интихобот аз иштирок дар интихоботи президентӣ хабар дод.

XS
SM
MD
LG