Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиш ва интригаҳои интихобот дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015

Дақиқан баъди як сол дар Тоҷикистон бояд интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад. Ҳамоно интригаи калони сиёсӣ ҳифз ва ё интиқоли қудрат аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тибқи Қонуни асосӣ барои пешбарии номзадиаш аз ҳуқуқи номаҳдуд бархӯрдор мебошад.

  • Марҳилаи байни давраҳои феълӣ ва ояндаи интихоботро бархе аз коршиносон комилан амн ва пешгӯйишаванда баҳогузорӣ мекунанд. Дар ҳар сурат, интихоботҳои пешорӯ то ҳадди зиёде сарнавишти сиёсии Тоҷикистонро рақам хоҳанд зад.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтаниам, ки беташвиш бошанд. Ягон сюрпризи сиёсиро дар Тоҷикистон интизор нашаванд.

Печидагиҳои бетаъсир

Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди рақобати сиёсӣ вуҷуд дорад, як сол қабл аз интихобот одатан эҳёшавии майдони сиёсӣ мушоҳида мешавад. Чеҳраҳое зуҳур мекунанд, ки қаблан фаъол набуданд ва рӯйи лағзишҳо ва иштибоҳҳои ҳукумат бештар таъкид мекунанд. Ҳукумат талош мекунад, ки фаъолмандии бештар нишон бидиҳад ва мушкилиҳои мубраму нозукро ҳал кунад, то таваҷҷуҳи овоздиҳандагонро ҷалб намояд.

Дар Тоҷикистон чунин рақобат барои ҷалби раъйдиҳандагон ва ё интиқодҳои пешазинтихоботӣ аз ҳукумат имкон надорад. Ҳарчанд коршиносон ба баъзе аз мушкилоти куҳна таъкид мекунанд, ки то кунун ҳал нашудаанд ва таваҷҷуҳи махсусро тақозо менамоянд. Пеш аз ҳама, вобастагии иқтисод аз омилҳои берунӣ, асосан ба иқтисоди заифи Русия, мушкилоти марбут ба бонкҳо, даромадҳои ночизи аҳолӣ, пойбандии бисёр зиёд ба воридот, боло рафтани қарзи давлатӣ ва монанди инҳо. Дар ҳамин ҳол коршиносон шак доранд, ки таъсири мушкили иқтисодӣ ва ё ишора ба онҳо битавонад ба таври қобили таваҷҷуҳ рӯйи интихобот таъсиргузор бошад.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

"Омилҳои иқтисодӣ дар сурате метавонанд асаргузор бошанд, ки агар интихобот бар асоси иродаи мардум баргузор шавад. Вале ба далели ин ки бештари тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратҳои калон ҳам дар ихтиёри элитаи ҳукмрон ва нафарони таҳти ҳимояти онҳо қарор дорад, ин омилҳо низ таъсири бузурге нахоҳанд гузошт", - гуфт рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Интихоботҳо танҳо бо як интрига

Соли 2020 дар Тоҷикистон бояд ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам президентӣ баргузор шавад ва Иршод Сулаймонӣ тахмин мезанад, ки шояд яке аз ин интихоботҳо қабл аз муҳлат баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, ӯ бовар дорад интихоботҳои пешорӯ бидуни кадом чолиш ва интригаҳои сиёсӣ баргузор мешаванд, зеро тамоми шохаҳои ҳокимият комилан дар дасти ҳукумат қарор доранд.

"Дар дохили кишвар ҳам қувваҳои ҷиддии сиёсе вуҷуд надоранд, ки битавонанд ҳукуматро ба чолиш бикашонанд. Аксар ҳизбҳои сиёсӣ дастнигари ҳукуматанд. Мухолифини берун аз низом ҳам таъсире дар дохил гузошта наметавонанд. Зеро онҳо ҳамагӣ аз суйи давлат ҳизбу созмонҳои терррористӣ эътироф шудаанд ва дар дохили кишвар касе бо онҳо ҳамкорӣ намекунад", - бовар дорад Сулаймонӣ.

Танҳо чизи қобили таваҷҷуҳ, ба гуфти ин рӯзноманигор, метавонад ин бошад, ки дар интихоботи президентӣ аз элитаи ҳукмрони феълӣ кӣ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мешавад.

Аз замони ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ дар соли 2016, ки синну соли номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда шуд, бештари коршиносон дар мавриди интиқоли қудрат дар кишвар рӯйи писари бузурги президент, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид мекарданд. Дар ҳамин ҳол, моҳи январи соли 2016 яке аз духтарони бузурги президент Озода Раҳмон раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, ки шубҳаи хосе ба пешгӯиҳои коршиносон ворид кард.

Озода Раҳмон дар баъзе аз доираҳои коршиносӣ ба унвони мансабдори босалоҳияту ботаҷриба эътироф мешавад, вале дар ҷомеаи мардсолор ва мусалмонӣ вуҷуд ва шахсияти як зан бо навъе аз шакку дудилагӣ пазируфта мешавад. Бо вуҷуди ин, вақтҳои охир дар суханрониҳои президент бештар рӯйи мавзӯъҳои гендерӣ ва мақоми зан дар ҷомеа таъкид мешавад, ки ба таври ғайримустақим навъе ҳимоят аз духтараш мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳоло метавон дар баробари президент Рустами Эмомалиро мушоҳида кард, ки ҳамроҳ бо падараш дар ҳамаи маъракаҳои муҳим ҳузур дорад. Дар мақоми шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз падараш борҳо дар сатҳи расмӣ баҳои мувофиқ гирифтааст, ки намешавад ҳам болои ӯ таваҷҷуҳ накард.

Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ се вариант ё гузинаи тавсеаи вазъи сиёсиро пешгӯӣ мекунад:

  • "Нахуст – ҳифзи қудрат дар ихтиёри худи Эмомалӣ Раҳмон,
  • Дувум – пешбарии Рустами Эмомалӣ ё Озода Раҳмон ба унвони номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ,
  • Сеюм – агар интихоботи порлумонӣ қабл аз муҳлат баргузор шавад, яке аз чеҳраҳои мавриди назар раиси Маҷлиси Миллӣ таъйин мешавад ва ҳангоми интихоботи прзидентӣ қудрат ба ӯ интиқол меёбад."
Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ
Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

“Бояд рӯи номи номзад тавофуқ сурат бигирад”

Андрей Захватов, коршиноси рус дар масоили Тоҷикистон мегӯяд, "набояд бо эҳтимоли сад дар садӣ таъйид кард, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ба ҷонибдории шаҳрдори ҷавон раъй бидиҳанд”.

“Ҳама чиз аз худи Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, ки унвони якумрии Пешвои миллатро соҳиб гаштааст. Агар раиси ҷумҳур ба ин қарор бирасад, ки қудратро раҳо кунад аз имконияте, ки тариқи Қонуни асосӣ ба даст овардааст, истифода мебарад ва баъдан низ тасмимгириҳои муҳими сиёсиро. Вале қабл аз он ки қудрат ба ҷойгузин супурда шавад, номи номзад ба ин мақоми олӣ бояд бо Чин, Амрико, Русия ва як қатор кишварҳои дигар мувофиқа шавад. Тавре ба назар мерасад, чунин ҳамоҳангӣ ҳоло сурат нагирифтааст, вале паём ба ин кишварҳо дода шудааст”, - афзуд коршинос.

Захватов шарти асосии интиқоли қудратро ҳифзи суботи иқтисодӣ медонад ва таъкид мекунад, ки “мардуми Тоҷикистон бояд мутақоид карда шаванд, ки сатҳи зиндагӣ бадтар намешавад”. Захватов аз мушкилоти давомдори иқтисоди Русия, имконоти сармоягузории Чин ба тарҳҳои бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва тавонмандии ҳукумат дар шароити ба таври қобили таваҷҷуҳ боло рафтани аҳолии кишвар ҳамчун омилҳои таъсиргузор ба субот дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ном мебарад.

Печидагиҳои берунӣ

Кишварҳои аслие, ки вобастагии Тоҷикистон ба онҳо боқӣ мемонад (Чин ва Русия) дар солҳои оянда мушкилоти хосеро таҷруба хоҳанд кард. Аз рӯйи баҳогузории иқтисоддонҳо, рубли русӣ дар натиҷаи таҳримҳои ғарбӣ дар баробари доллар 21,1 дар сад қурби худро аз даст дод ва ин раванд идома дорад. Ин ба таври мустақим ба даромади муҳоҷирони тоҷик, ки маблағҳои фиристодаи онҳо аз се як ҳиссаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад, таъсир мегузорад. Дар шаш моҳи соли 2018 ин маблағҳо 672 миллион долларро ташкил кард. Коршинос дар умури Осиёи марказӣ Игор Панкратенко мегӯяд, ки пайомади рукуди иқтисоди Русия аз ҳама бештар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳсос мешавад, ки ба таври қобили мулоҳиза пойбанди иқтисоди Русия ҳастанд ва механизми ҳифзи иқтисоди худро дар ихтиёр надоранд.

Ин коршинос дар мавриди интиқоли қудрат, мегӯяд, ки раисҷумҳур Раҳмон нигарониҳои мушаххас дорад, ки интиқоли қулрат чӣ тавр сурат мегирад, зеро ояндаи дигаргуниҳо дар кишвар аз интиқоли қудрат ва нафаре, ки ба сари қудрат меояд, вобастагӣ дорад. Коршинос ёдоварӣ мекунад, ки аз миёни ҳама мавридҳои дигар, барои ҷумҳурӣ хатари дар ҳошияи равандҳои геоиқтисодӣ уфтодан ва аз даст додани дурнамои рушд таҳдид мекунад.

"Бо доштани мавқеияти стратегӣ-геополитикӣ, Тоҷикистон бо далоили гуногун дар ҳошияи равандҳои муҳимтарини геоиқтисодии минтақа “Камарбанд ва масир”-и чинӣ ва “шимолу ҷануб”-и ҳиндӣ қарор гирифтааст”. Дар ҳар ду маврид Тоҷикистон дар ҳошия қарор дорад. Метавонад тавре шавад, ки Тоҷикистон натавонад ба сифати як шарики комилҳуқуқ ба ин тарҳҳо ворид гардад, ки ин барои кишвар хеле нохушоянд аст ва мутаассифона зарфиятҳои дохилии рушдро ҳам дар ихтиёр надорад”, - мегӯяд Панкратенко.

Дар воқеъ ҳамаи се масири тарҳи “Камарбанд ва масир” аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунанд, вале зерсохторҳои ҳамлу нақли мавҷуди кишвар танҳо метавонанд нақши як шохаи ҷойгузин барои ҳамли коло ба Афғонистонро бозӣ кунанд, ки суботи он зери шубҳа қарор дорад.

Бидуни “сюрпризи сиёсӣ” ва бо умеди “ояндаи дурахшон”

Ҳамчунин, нуқтаи назарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки суботро дар кишвар устувор ва иқтисодро комилан пешрафта меҳисобад. Ба гуфтаи муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, Тоҷикистон ба он дараҷае расидааст, ки ҳеч чолиши пешазинтихоботӣ надорад.

“Аз ин сабаб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як коршинос гуфтаниам, ки беташвиш бошанд, ягон сюрпризи сиёсиро дар Тоҷикистон интизор нашаванд. Ҳама чиз, аз ҷумла интиқоли сиёсӣ чи хеле, ки мантиқи илми сиёсат нишон медиҳад, мантиқи равиши таърих нишон медиҳад аз рӯи ҳамон тамоми мардуми Тоҷикистон амал хоҳад кард”, - таъкид кард Сафаров.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Коршинос гуфт, бо он ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия кам шудааст ва ҳаҷми пулҳое, ки ба Тоҷикистон мефиристанд коҳиш ёфтааст, вале кишвар аз ин ягон зарари иқтисодии ҷиддӣ надидаст. "Чунки бо камшавии пули муҳоҷирон, худи истеҳсолоти дохилии Тоҷикистон пеш рафта истодааст", - гуфт ӯ.

Сайфулло Сафаров афзуд, “идеяи нави президент дар мавриди гузаштан ба саноатикунонӣ бо оғози кори чархаи дувумини Роғун хеле қувват мегирад, имконоти мо хеле зиёд мешаванд ва, албатта, ҷои он пулҳоеро, ки аз Русия меомаданд, худи иқтисодиёти дохилии Тоҷикистон пур хоҳад кард.”

На ҳама коршиносон ба муваффақияти иқтисодӣ ва шароити хуби кишвар хушбинанд. Бештари ҳамсуҳбатҳои мо, баръакс вуҷуди чунин мушкилотро эътироф мекунанд, вале таъсири онҳоро ба натиҷаи интихобот ночиз медонанд, чун дар кишвар неруи сиёсии алтернативӣ вуҷуд надорад. Агар то соли 2013 дар интихоботҳо ҳизбҳои хоси бо ном мухолиф ширкат карда бошанд, дар интихоботи пеширӯ ин шева ба назар намерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG