Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси табиби Сангак Сафаров бо ҳукумат то ба СММ расид


Қувваталӣ Муродов
Қувваталӣ Муродов

Баъд аз ду соли шикоят ва интизорӣ Қувваталӣ Муродов, табиби собиқи Сангак Сафаров, фармондеҳи “Фронти халқӣ” дар замони ҷанги дохилӣ, аз як кумитаи мӯътабари Созмони Милали Муттаҳид посухи хушҳолкунандае гирифт. Посухе, ки баръакс ба ҳукумати Тоҷикистон хуш намеояд.

  • Кумитаи Ҳуқуқи Башар баъди баррасии шикояти Қувваталӣ Муродов дар бораи "ғасби моликияташ аз тарафи давлат", ба ин хулоса расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баҳсҳои додгоҳии тӯлонӣ бо Қувваталӣ Муродов, меъёрҳои байналмилалиро нодида гирифта, ҳуқуқи ӯро зери по гузоштааст.
Чӣ гуна аз пеши худам чизеро мехарам? Аз ҳукумат як ҳоҷатхонаро ҳам бе иҷоза харида намешавад

Қувваталӣ Муродов даъво дорад, ки мақомоти давлатӣ истироҳатгоҳи як замон маъруфи “Харангон”-ро, ки ӯ хусусӣ карда буд, хилофи қонун аз ӯ гирифтанд ва ҳеҷ ҷуброне ҳам напардохтаанд. Истироҳатгоҳи “Харангон” дар мавзеи хушманзаре дар канори шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Варзоб ҷойгир шудааст ва дар гузашта ҷойи дамгирии мақомоти баландпоя буд.

Тамоми марҳилаҳои дохилӣ пушти сар шуд, вале бенатиҷа

Қувваталӣ Муродов рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар дошт, ки шикояташро баррасӣ мекунанд, чун тамоми марҳилаҳои додгоҳиро дар Тоҷикистон пушти сар кард ва касе ба додаш нарасид.

Истироҳатгоҳ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Варзоб ҷойгир аст.
Истироҳатгоҳ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Варзоб ҷойгир аст.

“Хурсандам, ки шикояти маро баррасӣ карданд. Ман нусхаи ҳамаи санадҳои лозимиро ба забони русӣ тарҷума карда ва равон кардам. Онҳо диданд, ки ягон хато нест, туҳмат нест, қабул ва баррасӣ карданд. Агар нодуруст мебуд, баррасӣ намекарданд”, – гуф​т Қувваталӣ Муродов.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал охири моҳи гузашта, хулосаҳояш дар бораи парвандаи Қувваталӣ Муродовро нашр кард. Кумита мегӯяд, “мақомоти Тоҷикистон се банди Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро” нодида гирифтаанд ва имкон надодаанд, ки “ҳаққу ҳуқуқи шахси дархосткунанда” риоят шавад.

Аз ҷумла, банди 26-уми паймонро ки мегӯяд, “тамоми ашхос дар муқобили қонун баробар ҳастанд ва ҳуқуқи онҳо бояд бидуни ҳеҷ гуна табъиз риоят шавад.

Баҳси додгоҳии Қувваталӣ Муродов бо мақомоти Тоҷикистон ба соли 2004 бармегардад. Ӯ соли 1997, дар замони ҷанги дохилӣ, “Истироҳатгоҳи ҷумҳуриявии Харангон” – ро хусусӣ кардааст, вале баъди шикояти Додситонии кул дар соли 2004, Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 26-уми марти ҳамон сол хусусисозии истироҳатгоҳро ғайриқонунӣ номида, амр додааст, ки онро ба ихтиёри давлат баргардонанд.

"Барномаи давлатии хусусигардонӣ буд, сад корхонаро мефурӯхтанд. Мо маркази реабилитатсиониро (истироҳатгоҳ) дар музояда харидем ва онро ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил додем. Ҳоло ҳам 90 фоизи саҳмияҳо ва шаҳодатнома дар дасти ман аст”, - мегӯяд Қувваталӣ Муродов. Даҳ дар сади саҳмияҳоро Султон Қувват​, раиси собиқи Кумитаи андоз харидааст.

Чаро ҳукми додгоҳ 14 сол иҷро нашуд?

Бо вуҷуди қарор барои давлатӣ кардани истироҳатгоҳ, он замон Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон амр додааст, беш аз 50 ҳазор сомонӣ, яъне 17 ҳазору 548 доллареро, ки Қувваталӣ Муродов барои харидани саҳмияҳо пардохтааст, ба ӯ баргардонанд. Аммо дар муддати 14 сол ҳукми додгоҳ иҷро нашудааст ва Қувваталӣ Муродовро ҳам ҷубронро нагирифтааст.

Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи истироҳатгоҳи “Харангон”-ро баъди шикояти Вазорати тандурустӣ ба баррасӣ гирифт, чун ба гуфтаи вазорат Кумитаи идораи амволи давлатӣ ин муассисаи тиббии вазоратро худсарона фурӯхтааст. Ба қавли мақомоти вазорат, барои хусусӣ кардани истироҳатгоҳ бояд қарори махсуси ҳукумат мебуд.

Хулосаҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал тавсиявӣ аст, аммо ҳукумати Тоҷикистон бояд дар муддати 180 рӯз ба кумита посух бидиҳад.

Қувваталӣ Муродов мегӯяд, ин иддао беасос аст, зеро ҳама чиз бар асоси қонун сурат гирифт.

“Додситонӣ мегӯяд, Кумитаи амвол гӯё инро худсарона фурӯхта бошад. Чӣ гуна худсарона мефурӯшад, ки қарори ҳукумат аст, барномаи давлатӣ аст, 100 корхонаро фурӯхтанд. Чӣ гуна ман аз пеши худам, чизеро мехарам, аз ҳукумат як ҳоҷатхонаро ҳам бе иҷоза харида намешавад”, - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Аммо яке аз афроди огоҳ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Қувваталӣ Муродов, ки солҳои ахири ҷанги дохилӣ мудири "Харангон" буд, бо сӯистифода аз мақом онро хусусӣ кардааст. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ӯ дар истироҳатгоҳ, як қаср сохта ва заминашро ҳам аз они худ кардааст.

Аммо Қувваталӣ Муродов мегӯяд, биное, ки онҷо сохт барои муолиҷа ва ё физиотерапия буд ва ҷиҳати обод кардани “Харангон” пули зиёдеро ҳам харҷ кардааст. Вай афзуд, истироҳатгоҳи “Харангон” ҳоло ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Қувваталӣ Муродов мехоҳад, ки ҳукумат пули саҳмияҳои ӯро, ки бештар аз 120 ҳазор доллар аст, ба ӯ баргардонад ва бар илова пул зиёдеро, ки барои ободонии истироҳатгоҳ харҷ кардааст, бипардозад. Ӯ мегӯяд, 50 ҳазор сомонӣ, ки пешниҳод мекунанд, 7 ҳазор доллар ҳам намешавад.

180 рӯз муҳлат барои Тоҷикистон

Қувваталӣ Муродов, ки худро табиби Сангак Сафаров, фармондеҳи “Фронти халқӣ” дар замони ҷанги дохилӣ меномад, дар шикоят ба Кумитаи Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки амалкардҳои давлат сабаби муфлису бекор шудани ӯ шуд ва барои ҳамин 13 сол аст, ки зиндагии фақиронае дорад.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ба ин хулоса расидааст, ки даъвоҳои Қувваталӣ Муродов асос доранд, барои ҳамин ҳукумати Тоҷикистон бояд 17 ҳазору 548 доллари ӯро бипардозад. Бар замми ин зиёнеро ҷуброн кунад, ки Қувваталӣ Муродов дар 14 соли гузашта дидааст.

Ҳарчанд, хулосаҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал тавсиявӣ аст, аммо ҳукумати Тоҷикистон бояд дар муддати 180 рӯз ба кумита посух бидиҳад.

Қувваталӣ Муродов дар гузашта бо баёнияҳои баҳсбарангезаш дар матбуоти Тоҷикистон ҳаёҳу ва ғавғо барангехтааст. Ӯ аз ҷумла моҳи марти имсол хост, қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ислоҳ шавад, то номзадҳои бештар битавонанд, дар интихоботи президентии соли 2020 ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG