Пас аз чанд соати эътирозҳои сулҳомез, даҳҳо норозӣ аз хати амниятии муқарраршуда гузаштанд.
Шоҳидони ҳодиса ба “Рейтерс” гуфтаанд, ходимони полис ба ин маҳал шитофтанд.
Дертар полис тасдиқ кард, ки баъзе аз эътирозгарон девори амниятиро дар наздикиҳои маҳалли баргузории анҷуман убур карданд.
“Дар пайи вокуниши сареи ходимони полис ҳеч хатаре ба ширкатдорон рӯй надод,” – гуфтанд мақомот.