Ин ниҳод афзуда, ки вазири маориф ва илми Қирғизистон Догдурқул Кендирбоев 3-юми май ба ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи ин кишвар барои аёдати кӯдаконе рафта, ки дар ҷараёни чорабинии шеърхонии 2-юми май мошини “Портер” онҳоро пахш карда буд.
Як мошини “Портер” 2-юми май дар Сузак 29 кӯдакро замоне пахш кард, ки хонандагон дар ҷамъомаде дар поёни кӯҳ дар маъракае шеърхонӣ мекарданд.
Дар навори ҳодиса, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошини “Портер” аз баландӣ ба ҳаракат даромада, кӯдаконро пахш мекунад. Мақомот гуфтанд, ронанда дар дохили мошин набуд ва маълум нест, ки “Портер” чигуна ба ҳаракат даромадааст?
Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, аз 29 кӯдаке, ки дар ҳодиса маҷруҳ шуданд, 7 нафарашон дар шуъбаи эҳё ҳастанд. Аҳволи се нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Пизишкон вазъи ҳашт кӯдаки дигарро вазнини миёна гуфтанд. Ба 11 нафари дигар дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонда, онҳоро барои идомаи табобат ба беморхона фиристоданд. Захмиён аз 9 то 16 сола будаанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд. Соҳиби мошин, марди 48-сола будааст.