"Тавассути раъйпурсӣ қазоқистониён метавонанд дар бораи ояндаи кишвари мо бар асоси манбаи энержии устувору босамар ва бидуни карбон тасмим бигиранд," -- изҳор доштааст ӯ.
Пештар президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.
Тоқаев баъд аз нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди нерӯгоҳи ҳастаиро чанд бор дар миён гузошт. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди нерӯгоҳи ҳастаиро дар Қазоқистон баррасӣ карда буд.
Сафири Қазоқистон дар Русия Даурен Абаев рӯзи 4-уми майи имсол ба хабаргузории ТАСС изҳор дошта буд, ки эҳтимол раъйпурсӣ охири соли равон баргузор шавад.