Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори хуруҷи 755 дипломати амрикоӣ аз хоки Русия шуд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи якшанбеи 30-юми июл эълом кард, ки 755 дипломати амрикоӣ бояд хоки кишварашро тарк кунанд. Ин нахустин изҳори назари раиси ҷумҳури Русия пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои ахир дар Конгресси Амрико алайҳи ин кишвар аст. Ин таҳримҳоро интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп низ таъйид кунад.

Пештар вазорати умури хориҷии Русия хоҳони он шуда буд, ки Амрико то охири тобистон шумораи коркунонаш дар ин кишварро ба 455 нафар коҳиш диҳад. Рӯзи якшанбе Владимир Путин дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Russia 24 эълом кард, ки "беш аз ҳазор тан" дар сафорати Амрико дар Маскав кор мекунанд ё машғули кор будаанд ва "755 тан аз онҳо бояд ба фаъолияти худ дар Русия поён диҳанд."

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи якшанбеи 30-юми июл эълом кард, ки 755 дипломати амрикоӣ бояд хоки кишварашро тарк кунанд.

Ӯ ҳамчунин изофа кард, ки интизор намеравад "дар ояндаи наздик" тағйире дар муносибатҳои Маскав ва Вошингтон ба вуҷуд биояд. Оқои Путин дар ин замина гуфт, ки "мо ба қадри кофӣ мунтазири беҳбуди вазъият будаем ва агар ҳатто қарор бошад ин вазъият тағйир ёбад, дар ояндаи наздик нахоҳад буд."

Сенати Амрико рӯзи панҷшанбеи 27-уми июл бо аксарияти раъйи вакилон тарҳи сахттар кардани таҳримҳо алайҳи Русияро тасвиб кард. Ин тарҳ дар посух ба мудохилаи эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли гузашта дар Амрико, ва низ иқдоми Русия барои ҳамроҳ кардани Қрим ба хоки худ, таҳия шудааст.

Бинои сафорати Амрико дар Маскав.
Бинои сафорати Амрико дар Маскав.

Доналд Трамп, ки интизор меравад бо имзои ин тарҳ, онро ба қонун табдил кунад, пештар гуфта буд, ки ба дахолати Русия дар интихобот ба нафъи худ бовар надорад ва ахиран гуфтааст, ки дар мулоқоти худ бо Владимир Путин ду бор аз ӯ дар ин маврид суол кард, аммо ӯ ин мавзӯъро рад намуд.

Оқои Трамп ҳамзамон гуфтааст, то замони ҳалли мушкилот дар Сурия ва Украина, тағйире дар таҳримҳо алайҳи Русия, сурат нахоҳад гирифт. Амрико дар декабри соли гузашта, дар замони президентии Барак Обама, ду иқоматгоҳи вобаста ба сафорати Русияро баст ва 35 дипломати русро аз хоки худ ихроҷ намуд.

Русия дар он вақт, бо умеде, ки бӯҳрон дар робитаҳои ду кишвар бо ба сари қудрати омадани ҳукумати нав беҳбуд меёбад, аз муқобила ба мисл, яъне ихроҷи дипломатҳои амрикоӣ, худдорӣ кард. Аммо рӯзи ҷумъаи 29-уми июл дар вокуниш ба таҳримҳои нав, илова ба дархост барои коҳиши дипломатҳои амрикоӣ, як иқоматгоҳ ва як анбори вобаста ба Амрикоро баст.

XS
SM
MD
LG