Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қарори дигарро дар бораи зиндагӣ дар Русия имзо кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Дар Русия қароре имзо шуд, ки барои хориҷиёни пуштибони сиёсати ин кишвар дар заминаи “ҳифзи арзишҳои суннативу ахлоқӣ” имкони зиндагӣ дар Русия фароҳам мешавад.

Қарорро президент Владимир Путин рӯзи 19-уми август имзо кард.

Дар он гуфта шудааст, ки ин тасмим як “кумаки башардӯстона” ба хориҷиёни мухолифи “идеологияи харобкоронаи неолибералӣ” барои зиндагӣ дар Русия аст.

Бар асоси қарор, гирифтани ҳаққи иқомат дар Русия барои ин гурӯҳи хориҷиҳо осонтар мешавад ва ба онҳо донистани забони русиву таърихи Русия зарур нест.

Рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ҳаққи гирифтани чунин санадро доранд, дертар нашр мешавад.

Ба иттилои баъзе аз расонаҳо, бо ин қарор Путин мехоҳад асосан сокинони Аврупову Ғарбро ҷалб кунад.

XS
SM
MD
LG