Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия созишномаи Маскаву Душанберо тасвиб кард


Бинои ҳукумати Русия.
Бинои ҳукумати Русия.

Ҳукумати Русия тарҳи созишномаро оиди ҳузури беқайди муҳоҷирони тоҷик дар он кишварро тасвиб карда, барои имзои раисиҷумҳур Владимир Путин пешниҳод кардааст.

Ба иттилои сомонаҳои расмии Русия, дар сурати имзои созишнома аз тарафи Владимир Путин ва тасвибаш дар парлумон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, муддати 15 рӯз бидуни қайд дар қаламрави Русия қарор бигиранд. Айни ҳол ин муҳлат се рӯзро ташкил медиҳад. Инчунин дар доираи ин тарҳ, муҳлати иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони тоҷик аз як ба се сол дароз карда мешавад.

Ёддошти тафоҳум дар ин бора ҳанӯз моҳи октябри соли 2012, зимни сафари Владимир Путин ба Душанбе аз ҷониби раҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия, Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромадановский, имзо шуда буд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи ин созишномаро президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, аллакай рӯзи 25-уми декабри соли 2012 ба имзо расондааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки қарор аст дар ҳафтаи оянда як ҳайатии ин ниҳод бо раҳбарии Сафиаллоҳ Девонаев ҷиҳати баррасии ҷузъиёти ин тарҳ озими Маскав шавад.

Имзои ёддошти тафоҳум дар бораи шароити будубоши тоҷикон дар Русия, яке аз муваффақиятҳои Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки зимни сафари Путин ба Тоҷикистон ба даст омада буд. Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия барои Тоҷикистон сарчашмаи асосии эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, ба рӯзи 14-уми декабри соли 2012 дар ҳудуди ин кишвар 1 миллиону 60 ҳазору 270 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доранд, ки аз рӯи теъдод баъди узбаку украиниҳо дар ин кишвар ҷои сеюмро мегиранд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, тайи моҳҳои январ-ноябри соли 2012 аз кишвар 824 ҳазор ба муҳоҷират рафта, 576 ҳазор нафар баргаштаанд. Адади 576 ҳазор муҳоҷири баргашта ба замми 1 миллиону 60 ҳазоре, ки дар ҳудуди Русия ҳастанд, ҳосил мешавад, ки соли 2012-ум ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Русия қарор доштаанд.
XS
SM
MD
LG