Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фараж: "Аз вазифаи баланд рафтани касе амри маҳол аст"


Тағйироти кадрӣ, рондани афроди бознишаста аз кор ва ваъдахилофии масъулини соҳаи энержӣ аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафтаанд.

"Фараж" бо наздик шудани ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумат мавзӯи интизориҳо аз тағйирот дар кобинаи ҳукуматро матраҳ кардааст. Нашрия дар матлабе бо номи «дилЗАНАК» ба он ишора кардааст, ки «дигар «шӯҳрат»-и маъракаи ДИЛзанак пасттар гаштаасту аз вазифаи баланд рафтани касе амри маҳол аст. "Фараж" менависад, «дигар мансабдорони тоҷик новобаста аз бемасъулиятиву ноуҳдабароияшон, фаросати бо амри виҷдон холӣ кардани вазифа надоранд.»

"Азия-Плюс" дастури раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст, ки масъулони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, то кормандони синни нафақаро мураххас кунанд. Нашрия дар матлаби «Нафақахӯрон аз киштӣ берун» иҷрои ин дастурро зарбаи қавӣ ба низоми илму маориф ва тандурустӣ арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи «Азия-Плюс», пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ, дар Тоҷикистон бештари насли ҳозира бесавод мондаанд ва дар сурати берун кардани афроди аз 63-сола боло ва ҷойгузини онҳо шудани насли ҷавон ин соҳаҳо ба бӯҳрони амиқ гирифтор хоҳанд шуд.

"СССР" ваъдаи масъулони давлатӣ дар самти раҳоӣ аз бӯҳрони энержиро матраҳ кардааст, ки ҳанӯз дар се соли пеш садо дода буд. Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтанома ва муаллифи матлаби «Stop in Роғун» менависад, "ваъдаи масъулин дар самти раҳоӣ аз буҳрони барқӣ, бузчаронии ҳамон бобои Ғуломро ёдам меорад, ки дар сардии 17-19 дараҷа пеши чорво пағаҳои хори хушкро гузошта, бузашро дилбардорӣ мекунад, «паъат тоқат кун, пагоҳ баҳор меояд». Муаллиф низ менависад, «воқеан, ҳам баҳор меояд, мисле, ки соли ваъдагии 2010 (раҳоӣ аз вартаи бебарқӣ баъди сохтмони «Сангтӯда -1 ва 2») ҳам омад, ваъда ҳам сар омаду баҳор низ омад... вале он баҳор бузи бобои Ғулом аз гуруснагӣ мурда буд.»

"Нигоҳ" бетафовутӣ ба тақдири аввалин вазири тоҷики Қирғизистонро далели ноиттифоқии миллӣ унвон кардааст. Нашрия Равшанбек Собиров, вазири рушди иҷтимоии Қирғизистонро дар назар дорад, ки соли гузашта ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буд. Ҳарчанд додгоҳ ӯро аз толори мурофиа раҳо кард, аммо додситони кулли Қирғизистон ба ин ҳукм эътироз овард ва интизор меравад, муҳокима рӯзи 8-уми январ сурат бигирад. Муаллифи матлаби «Мурданамон беҳтар!» менависад, «Равшанбек Собирови тоҷик раёсати ҷамъияти тоҷикони Қирғизистонро бар уҳда дорад ва ҷамъияте, ки дар чор соли пеш бо омадани ин шахс ҳуввияти милли худро бештар ёфт». Ба ин далел муаллиф мӯътақид аст, ки «чигунагии ояндаи ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, нақши онҳо дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар аз бисёр ҷиҳат ба шахсиятҳое чун Равшанбек Собиров вобаста аст.»

"Миллат" дар матлаби "Муҳоҷират хатар ба амнияти миллист ё чаро Амирқул Азимов, вакили парлумон ва собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон тарафдори муҳоҷират аст?", иддао дорад, ки «имрӯз зарур аст, аз зарари муҳоҷират низ барои ҷомеа чизе гуфт ва андешид.» Ҷамшеди Қувват, муаллифи матлаб, ки талхии муҳоҷиратро чашидааст, ба ин аст, ки «аз ҳама имкониятҳо истифода намуда, пеши роҳи бемайлони муҳоҷирати кориро бояд гирифт.» Муаллиф менависад, «солҳо дур будани мардҳо аз оила магар барои ҷомеа зарар нест. Даста - даста ҷавонон аз тарбияи падар бенасиб барои оянда хавфнок нестанд ва фардо дарди сари ҷомеа нахоҳанд шуд?"
XS
SM
MD
LG