Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷазои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар кард


Аз 1-уми январи соли 2013 муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия тибқи қонуни нав муҳокима ва муҷозот хоҳад шуд.

Дар охирин рӯзи соли 2012 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро ҳадафи ҷазои шадидтаре қарор медиҳад. Ин қонун сар аз якуми январ дар саросари Русия эътибор пайдо кард. Қонуни мазкурро Думаи давлатӣ 21 декабри соли 2012 ба тасвиб расонд ва бино бар он, акнун барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони ғайриқонунӣ на 200 ҳазор рубли русӣ, балки 300 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шудааст.

Барои чунин кор мӯҳлати зиндонро низ пешбинӣ кардаанд. Масалан, то ин вақт мӯҳлати зиндон то 2 сол пешбинӣ мешуд. Вале акнун бар асоси қонуни нав ин мӯҳлат то ба 5 сол расонда шудааст. Агар гурӯҳе муҳоҷирати ғайриқонуниро ташкил кунад, мӯҳлати ҷазо на 5 сол, балки 7 сол хоҳад буд. Қаблан муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ мешуд, акнун метавонад ба 5 сол кори маҷбурӣ ё маҳбас маҳкум гардад.

Қонуни мазкур бо дастури Владимир Путин таҳия шудааст. Вай дар остонаи таҳияи ин қонун дар яке аз мулоқотҳояш бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия бо ишора ба муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, чунин гуфта буд: “Пешниҳод мешавад, ки вуруд ба Русия аз 5 то 10 сол мумнуъ эълон шавад ва шояд барои ононе, ки чанд бор қонунҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд ё бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, муҳлати бештар ҷорӣ гардад”.

Дар вокуниш ба имзои ин қонун Наталия Юдина, коршиноси Маркази таҳлилии “Сова” дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, “сиёсату қонунҳои муҳоҷират дар ин кишвар бидуни андеша таҳия шудааст. Барои ҳар кор муҷозоти аз ҳама баландро интихоб мекунанд. Муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷумлаи он аст. Бояд бо назардошти шароит ва босаводона қонунҳо таҳия шаванд. Вале ба ҷои он муҷозотро шадид мекунанд. Ин кор бад аст, чунки қонун кор намекунад”.

Хонуми Юдина мегӯяд, ин қонун наметавонад ба ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин ба Русия таъсир гузорад. Вале ба кайфият ё сифати муҳоҷирати корӣ метавонад таъсир дошта бошад. Коршиносони дигари Русия низ мегӯянд, аз эътибор пайдо кардани ин қонун пеш аз ҳама муҳоҷирон аз Молдова, Украина, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар зарар хоҳанд дид. Таври маълум шаҳрвандони ин кишварҳо бахши умдае аз муҳоҷирони ғайриқонунии Русияро ташкил медиҳанд. Интизор меравад, ки аввалин мавҷи муҳокимаҳои додгоҳӣ бо истифода аз қонуни нав сафи на танҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, балки куллан муҳоҷират ба Русияро коҳиш хоҳад дод.

Аммо Мансур Орипов, сардори бахши равобити байналмиллалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар ин аст, ки қонун дар бораи муҷозоти муҳоҷирони ғайриқонунӣ наметавонад ҷараёни муҳоҷират ба Русияро заиф созад, зеро аксари муҳоҷирони тоҷик мавсимӣ ҳастанд ва бо дарёфти патент ё иҷозати корӣ дар бахшҳои хусусӣ кор мекунанд: “Ин ягон мамониат пеш намеорад.Тақрибан аз 70 то 80 дарсади муҳоҷирати кории мо хусусияти мавсимӣ дорад. Онҳо дар секторҳои хусусӣ кор мекунанд. Барои қонунӣ кардани корашон патент мегиранд. Гирифтани патент маънои қонунӣ шудани ҳам корашону ҳам фаъолияташон аст”.

Дар авоили моҳи октябри соли 2012 дар ҷараёни боздиди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон, ин ду кишвар ёддошти таҳофуме ба имзо расонданд. Дар ин санад омадааст, ки патент ё иҷозати кории муҳоҷирони тоҷик аз мӯҳлати яксола ба мӯҳлати сесола табдил дода шавад. Вале ин санад то ҳол эътибор пайдо накардааст.

Мӯҳлати сабти номи муҳоҷирини кории тоҷик низ табқи тавофуқоти ду кишвар аз 3 рӯз ба 15 рӯз хоҳад расид. Ҷаноби Орипов мегӯяд, интизор меравад, ки дар ин бора дар ояндаи наздик Русия ва Тоҷикистон созишномае ба имзо расонанд ва ин ду санад то андозае муҳоҷирони кории тоҷикро аз нақзи қонунҳо нигоҳ медорад ва онҳо камтар ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил меёбанд.

Муҳоҷирати ғайриқонунӣ аслан ба суди муҳоҷири корӣ нест. Корфармо метавонад вайро фиреб диҳад, ба вай дастмузди ночиз пардохт кунад ва иҷрои сахттарину хатарноктарин корҳоро фармояд. Гузашта аз ин, корфармо даромади худро аз ниҳодҳои расмӣ пинҳон медорад ва молиёт ё андози зарурӣ низ намесупорад, ки давлати Русия аз он миллионҳо доллар зарар мебинанд.
XS
SM
MD
LG