Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Кореяи Шимолӣ меравад


Владимир Путин ва Ким Чен Ин
Владимир Путин ва Ким Чен Ин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо сафари дурӯза ба Кореяи Шимолӣ меравад. Кремлин хабар дод, ки сафари Путин 18-уми июн оғоз хоҳад шуд.

Интизор меравад Владимир Путин бо роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дидор кунад. Густариши ҳамкории Маскав ва Пхенян дар бахши низомӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои Путин ва Ин гуфта мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ расман Кореяи Шимолиро муттаҳам мекунанд, ки ба Русия тупхона, мушак ва дигар таҷҳизоти низомӣ медиҳад ва Маскав ин силоҳҳоро дар ҳамла ба Украина истифода мебарад. Ба гуфтаи ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ дар иваз аз Русия технологияҳои асосӣ ва ҳам кумак дарёфт мекунад.

Кореяи Шимолӣ ва Русия даъвои Кореяи Ҷанубиро дар бораи ирсоли силоҳ ба Маскав ва нақзи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG