Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Се автобус "интиқом"-и ОМОН аз намозгузорони масҷиди Маскав


Порае аз ин видео
Порае аз ин видео

Пулиси Маскав мегӯяд, ҳамаи онҳоеро, ки рӯзи 26 сентябр дар назди масҷиди таърихии шаҳри Маскав ба нирӯҳои ОМОН муқовимат нишон додаанд, боздошт ва алайҳи ду нафари онҳо бо иттиҳоми “истифодаи зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлат” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав мегӯяд, дар пайи рӯёрӯии нирӯҳои ОМОН - воҳиди махсуси пулис - бо намозгузорон дар назди масҷиди таърихии пойтахти Русия, воқеъ дар кӯчаи Болшая Татарская, “ҳамаи вайронкунандаҳои тартибот” дастгир шудаанд. Намояндаи пулиси Маскав ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, ки ҳамаи онҳое, ки рӯзи 26 сентябр баъди адои намози ҷумъа ба нирӯҳои ОМОН “муқовимат” нишон доданд, дастгир шуда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд. Бино бар ин манбаъ, мақомот алайҳи ду нафаре, ки дар он иқдоми эътирозии рӯзи 26 сентябр фаъолтар аз дигарон буданд, бо иттиҳоми “истифодаи зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлат” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Аммо Саид Чаринский, як ҳомии ҳуқуқ, ки видеои рӯёрӯии намозгузорон бо нирӯҳои ОМОН-ро дар Интернет нашр карда буд, ба телевизиони “Дожд” гуфтааст, нирӯҳои ОМОН рӯзи ҷумъа баъди пароканда шудани издиҳоми асосӣ ба нишони “интиқом” дар се автобус онҳоеро бор карданд, ки баъди намози ҷумъа маъмулан чанд соати дигар барои адои намозҳои вафл ё мутолиаи китобҳои динӣ дар масҷид мемонданд. Ба ақидаи ӯ, ОМОН бо боздошти ин афрод "интиқом"-и амалиёти бебарори рӯзи 26 сентябрашро гӯё гирифтааст.

Пулис гуфтааст, издиҳом рӯзи 26 сентябр монеи боздошти нафаре шудааст, ки бо мошинаш бо роҳи мамнӯъ ҳаракат карда, қариб як афсари ОМОН-ро зер мекард. Саид Чаринский аммо гуфтааст, ки ОМОН ин "афсона"-ро баъдан барои тавҷеҳи боздошти он намозгузор "бофтааст."

Дар навори 20-дақиқаие, ки дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки издиҳоми иборат аз садҳо намозгузор бо нирӯҳои ОМОН вориди баҳси лафзӣ мешаванд. Ин ҷавонон, ки аксар зоҳиран зодагони Қафқоз буданд, атрофи автобуси пур аз боздоштшудаҳо дар ҷараёни амалиёти пулис дар назди масҷиди таърихии Маскавро иҳота гирифта, раҳоии як нафареро, ки баъди адои намоз аз сӯи ОМОН боздошт шуда буд, талаб мекарданд. Тазоҳурот ба сурати умум бидуни хушунат ҷараён дошт ва танҳо дар як маврид чанд нафар аз байни издиҳом зӯр зада, вориди автобус шуданд.

Амалиёти ОМОН дар масҷиди таърихӣ

Навори видеоии чигуна аз дасти пулиси Русия раҳо кардани як ҷавони зоҳиран зодаи Қафқозро, ки рӯзи 26 сентябр баъди адои намози ҷумъа дар масҷиди таърихии шаҳри Маскав аз сӯи нирӯҳои ОМОН боздошт шуда буд, дар зарфи ҳамагӣ 5 рӯз дар шабакаи Ютюб алакай беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ин навор “Прихожане московской мечети защитили избитого сотрудником МВД мусульманина» («Намозгузорони масҷиди Маскав як мусулмони аз сӯи корманди ВКД латукӯбшударо ҳимоят карданд») ном дошта, аз сӯи Алӣ Чаринский дар Ютюб гузошта шудааст.

"Бигӯ-бигӯ"-и намозгузорон бо нирӯҳои ОМОН дар масҷиди Маскав

Дар ин навори 20-дақиқаӣ издиҳоми намозгузорони аксаран ҷавон ва зоҳиран зодаи минтақаи Қафқоз дар назди масҷиди таърихии шаҳри Маскав дар кӯчаи Болшая Татарская бо афсарони ОМОН вориди баҳс шуда, яке аз ин афсаронро айбдор мекунанд, ки як ҳамроҳи онҳоро бидуни ягон далел боздошт кардаву дар дохили автобус латукӯб кардааст. Афсарони ОМОН таҳти фишори издиҳом, ки бо хоҳиши яке аз онҳо, ки мегуфт, ба ҳеҷ сурат, ба иғвои кормандони пулис дода нашаванд, хеле оромона эътироз доштанд, маҷбур шуданд, дари автобусро боз кунанд ва як намояндаи мардуми ҷамъшударо пеши нафари боздоштшуда дароранд.

Истиқбол аз раҳоии намозгузори дастгиршуда
Истиқбол аз раҳоии намозгузори дастгиршуда

Издиҳоми ҷамъшуда ба афсарони ОМОН мегӯяд, ки то замоне ки намозгузори боздоштшударо раҳо накунанд, пароканда нахоҳанд шуд ва автобуси ОМОН бо боздоштшудаҳоро низ имкони ҳаракат аз ин ҷо нахоҳанд дод. ОМОН дар ниҳоят маҷбур шуд талаби эътирозгаронро, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасид, иҷро кунад. Издиҳом раҳоии ин ҷавонро бо нидои “Такбир!”, “Аллоҳ Акбар!” истиқбол гирифтанд.

Дар баҳсҳои атрофи ин навор дар Интернет корбарони тоҷик асосан ҳамватанони худро даъват мекунанд, ки дар амри дифоъ аз ҳаққи худ дар Русия аз ин зодагони Қафқоз ибрат бигиранд, ки ба таъбири як корбар, "ҳаққи худро аз даҳони шер ҳам мегиранд." Ба бовари бисёриҳо, муҳоҷирони тоҷик зулмпарваранд ва ҳанӯз ҷуръати чунин садо баланд кардан ба ҳимоят аз як ҳамватани худро надоранд ва ба ҳамин далели сари хамашон дар Русия мавриди таҳқиру табъизи пайваста қарор доранд.

Боздоштҳо дар масҷидҳои Русия

Ин мавриди ангуштшумори аз дасти пулис ва он ҳам аз дасти ОМОН, ки як воҳиди бераҳми пулиси Русия ба шумор меравад, раҳо кардани як намозгузор аз сӯи издиҳоми намозгухорони дигари масҷиди воқеъ дар кӯчаи Болшая Татарскаяи пойтахти Русия дар ҳолест, ки дар ин авохир масҷидҳои Русия ба як арсаи дигари амалиёти боздошти муҳоҷирони, ба гуфтаи мақомоти рус, “ғайриқонунӣ” ва “машкук” табдил ёфтааст.

Дар ҳамон рӯзи ҷумъаи 26 сентябр, ки дар Маскав байни пулис ва намозгузорон чунин “бигӯбигӯ” сурат гирифт, мақомоти интизомии вилояти Оренгбурги Русия зимни як амалиёт аз ҳудуди як масҷиди собиқ дар қаламрави шаҳраки Қӯшкӯли ин вилоят имомхатиби собиқи ин масҷид ва ҳудуди 30 муҳоҷир аз Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ин имом ахиран аз идораи расмии мусалмонон хориҷ шуда, ба ақидаҳои ифротӣ гароидааст, Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёт аз ҳудуди масҷиди собиқи Қӯшкӯл як миқдор адабиёти ифротӣ ва ҳамчунин ду норинҷак (граната) ва як наздики як кило маводи таркандаи навъи тротил кашф ва мусодира шудааст.

Амалиёти пулис дар назди масҷиди марказии Маскав. 21 сентябри соли 2012
Амалиёти пулис дар назди масҷиди марказии Маскав. 21 сентябри соли 2012

Аз ин пеш, рӯзи 6 июни соли равон дар чунин як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ баъди намози ҷумъа дар масҷиди бозори Салово дар шаҳри Санкт-Петербург, ки имоматиашро як шаҳрванди тоҷик бар дӯш доштааст, 146 муҳоҷир, аксаран аз Тоҷикистону Узбакистон, дастгир шуданд. Даҳҳо нафари ин муҳоҷирон, бо шумули имоми тоҷикро баъдан аз Русия ихроҷ карданд.

Ҳамон рӯз пулиси Русия аз як масҷиди воқеъ дар хиёбони Угрешский, дар ҷануби Маскав 300 нафар, бо шумули 170 муҳоҷири хориҷиро боздошт кард. Пулис гуфтааст, дар ин маҳал адабиёти исломӣ ба даст омада ва таҳқиқот ҷараён дорад, то маълум шавад, ки ин навиштаҳо то чӣ ҳадд мардумро ба «ифротгароӣ» даъват мекунанд.

Рӯзи 25 апрел дар ҷараёни як амалиёти таъқиби гӯё афроди гумонбар ба “ифротгароии исломӣ” дар як масҷиди Маскав даҳҳо намозгузор, бо шумули тоҷикон, дастгир шуданд. Рӯзи 27 июли соли равон ҳудуди 200 намозгузор, аксаран тоҷиконро аз як масҷиди ғайрирасмӣ дар минтақаи Митиши дар канори Маскав ба пулис бурданд.

Ҳамин тавр, дар моҳи ноябри соли 2013 як шаҳрванди Тоҷикистон дар масҷиди таърихии шаҳри Маскав бо гумони таблиғи ақидаҳои ҳизби манъшудаи Таҳрир дастгир шуда буд.

Тафтиши шиносномаҳо дар рӯзи иди Қурбон

Бо ин ҳол, Рӯшан Аббосов, муовини раиси Шӯрои муфтиёти Русия ахиран ба рӯзномаи “Известия” гуфтааст, ки мақомоти интизомии Русия ҳатто дар рӯзи иди Қурбон, ки дар Русия рӯзи 4 октябр таҷлил хоҳад шуд, ба таври мунтахаб намозгузоронеро, ки барои адои намози ид ба масҷидҳои ин кишвар хоҳанд рехт, тафтиш карданианд. Ба гуфтаи Рӯшан Аббосов, сабаби ба тафтиши мунтахаби намозгузорон иктифо кардани пулис ин аст, ки дар рӯзи ид аз 150 то 200 000 нафар танҳо ба масҷидҳои шаҳри Маскав мерезанд ва тафтиши шиносномаи ин қадар мардум амре муҳол аст.

Дар намози иди Фитр дар рӯзи 28 июли соли ҷорӣ низ шумори намозгузорон дар масҷидҳои Маскав чунон зиёд шуд, ки бисёриҳо берун аз масҷид дар роҳҳои мошингард ҷойнамоз партофта, намози идашонро хонданд.

Намози иди Фитр дар Маскав. 28 июли соли 2014
Намози иди Фитр дар Маскав. 28 июли соли 2014

Дар дафтари матбуоти пулиси Маскав хабари омодагӣ ба тафтиши асноди намозгузорон дар рӯзи иди Қурбонро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки барномаи амалиёти рӯзи ид ҳанӯз дар ҳоли таҳия шудан аст. Муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Маскав Владимир Иванов аммо гуфтааст, пулис амниятро дар рӯзи иди Қурбон таъмин мекунад. Гуфта мешавад, ки барои “таъмини амният” дар рӯзи ид ва кашфи афроди ”машкук” дар байни намозгузорон нирӯҳои “дружинаҳои халқиро низ ҷалб хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG