Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон баъди намози ҷумъа боздошт шуданд


Тафтиши асноди муҳоҷирони мусулмон баъди яке аз намозҳои ҷумъа дар Маскав ( акс аз бойгонӣ)
Тафтиши асноди муҳоҷирони мусулмон баъди яке аз намозҳои ҷумъа дар Маскав ( акс аз бойгонӣ)

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Маскав аснои амалиёти зидди ифротгароии исломӣ даҳҳо намозгузори тоҷик боздошт шуданд.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав мегӯянд, 26-уми апрел баъди намози ҷумъа ходимони полис ва хадамоти амниятии Русия дар масҷиди назди истгоҳи метрои Павелетская даҳҳо намозгузори тоҷикро боздошт ва дар автобусҳо ба пойгоҳҳои умури дохилӣ дар минтақаҳои Авиамоторная, Каширка ва манотиқи дигари Маскав интиқол доданд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ муҳоҷирони тоҷик иттилоъ доданд, ки аз миёни боздошшудаҳо он муҳоҷирони тоҷике, ки шиносномаи Русия доранд, бидуни суол раҳо шудаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Ҳамчунон 25 муҳоҷир, ки шиносномаи тоҷикӣ доранд, ба идораи умури дохилӣ дар минтақаи Авиамоторная интиқол ёфтанд. Дар сӯҳбати телефонӣ муҳоҷирони боздоштшуда ба ҳамкоронашон хабар додаанд, ки аз миёни 25 нафари боздоштшуда дар минтақаи Авиамоторная 8 нафар, ки донишҷӯй буданд, баъди тафтиши ҳуҷҷатҳо озод шуданд. Як муйсафеди тоҷик ҳам мавриди таваҷҷӯҳи афсарони полис набудааст ва ӯро ҳам раҳо карданд.

Як муҳоҷир, ки худро тоҷири бозори Садовийи Маскав номид, гуфт, ки се ҳамкори тоҷикистонии ӯ Шодиев Ҷурабек, Ҳақбердиев Муслим ва фарде бо номи Муҳаммадсабур феълан дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешаванд.

То ҳамин лаҳзаеҳо, ки гузориш таҳия мешуд, касе аз онҳо чизе напурсидааст ва иттиҳоме ҳам рӯи онҳо бор нашудааст. Ин муоҳирони боздоштшуда гуфтаанд, ки полис изи дастони баъзе аз онҳоро гирифтаасту халос.

Ба гуфти ҳамсӯҳбатҳои Радиои Озодӣ ҳамаи боздоштшудаҳо, ки бо онҳо ошно будаанд, дар Русия расман кору зиндагӣ мекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои марбутаи сафорат дастур додааст, ки ин қазияро пайгирӣ кунанд. Сафорати Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки ин амал ба радду бадали рӯзҳои ахир миёни Русияву Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, иртиботе надорад.

Рӯзи ҷумъа хабаргузории Ассошиэйтед пресс ҳам итттилоъ дод, ки мақомоти амниятӣ ва полиси Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар ифротгароии исломӣ дар яке аз масҷидҳои пойтахти Русия 140 нафарро боздошт намудааст. Дар изҳороти хадамоти амниятии Русия омадааст, ки аз байни боздоштшудаҳо 30 нафар шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ҳастанд.

Моҳи феврал ҳам дар шаҳри Санкт Петербург шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик ҳангоми намозгузорӣ боздошт шуда буданд ва баъд мақомоти Русия камаш панҷ нафари онҳоро аз Русия ихроҷ намуданд.
XS
SM
MD
LG