Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи радди ҳукумати Туркманистон ба узбекҳои ин кишвар


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дархости иҷозати ақаллиятҳо ё камшуморони миллӣ, аз ҷумла узбектаборҳо аз ҳукумати Туркманистон барои таҳсили фарзандонашон бо забони модарӣ имсол низ рад шудааст.

Қаблан чанд падару модар дар вилоятҳои Лабиоб (Лебап) ва Дашоғузи Туркманистон аз раёсатҳои маорифи минтақаи худ дархост карда буданд, ки барои фарзандони онҳо синфҳои узбекӣ ё дарсҳо бо забони узбекӣ ташкил карда шавад.

Бино ба омори расмӣ, дар Дашоғуз имсол ҳудуди 34 ҳазор кӯдак ба синфи 1-ум меравад. Дар миёни онҳо узбектаборон низ ҳастанд, ки волидонашон мехостанд фарзандони онҳо бо забони модарии худ дарс хонанд.

Қавму миллатҳои дигари камшумори Туркманистон, аз қабили қазоқтаборон ва тоторҳо низ аз ҳукумати ин кишвар дархост карда буданд, ки ба фарзандони онҳо барои таҳсил бо забони русӣ ва қазоқӣ иҷозат дода шавад, вале посухи рад гирифтанд.

Мақомоти Туркманистон дар ин бора расман изҳори назар намекунанд.

XS
SM
MD
LG