Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли тағйири чеҳраи пулис -- аз лоғаршавӣ то иштироки дастаҷамъӣ дар театр. ВИДЕО


Милисаҳои тоҷик иди касбии худро дар ҳоле таҷлил мекунанд, ки дар як соли ахир Вазорати умури дохилӣ барои дигар кардани имиҷи онҳо ва боло бурдани обрӯяшон дар ҷомеа талош кард.

Бархе аз милисаҳои чоқро ба харобшавӣ маҷбур карданд, ҳамаро ба тамошои намоишномаҳои театрӣ фиристоданд, якчанд кормандро барои истифодаи шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашиданд ва бо таҳияи “телефони боварӣ” назорати ҷомеаро аз рӯи фаъолияти пулис ва ҷинояткорӣ бештар карданд. Аммо бо ин ҳама ба гуфтаи коршиносон, барои ба даст овардани эътимоди мардум пулисро роҳи тӯлонӣ дар пеш аст.

Кормандони пулис низ аз ҷомеа шиква доранд

ВКД бузургтарин ниҳоди интизомӣ дар кишвар аст, ки зерсохторҳои он аз мубориза бо маводи мухаддиру тероризм то додани шиносномаву ҳуҷҷати ронандагӣ ва хадамоти оташнишониро дар бар мегирад.

Самандар Каримов, корманди 36-солаи бахши кофтукобӣ ҷиноии яке аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар мисоли бадрафтории як ҳамкасбаш маҳкум шудани тамоми кормандони милиса ӯро нороҳат мекунад. Масъулияти кормандони Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ, ки Самандар он ҷо кор мекунад, ошкор кардани ҷиноятҳо ва пайдо кардани ҷинояткорони дар ҳоли фирор аст. Самандар Каримов 10 сол боз дар ин бахш кор мекунад. Ӯ 850 сомонӣ маош мегирад, ки ба гуфтаи худаш, дар баробари кори беҳудуд, хеле ночиз аст.

Як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ. Акс аз бойгонӣ

“Қариб 24 соат дар кор ҳастем. Масалан, дар Иди Наврӯз як моҳ рӯи зану кӯдаконро намебинем. Дар ҳамаи иду чорабиниҳо аҳвол ҳамин аст. Шаб нисфи шаб аст, ки занг мезананд, ки ҷиноят шудааст. Ҳама ба по мехезем. Президенти ягон кишвар ояд, шаб то рӯз милисаҳо дар кӯча ҳастанд. 15 соли пеш дар Душанбе одамон метарсиданд, аз кисаашон пулро берун оранд. Ҳозир вазъият тамоман хуб шудааст, ки саҳми бештарро корманди милиса дорад.”

Каримов се фарзанд дорад ва мегӯяд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи худаш аз пайи бачаҳои мардум мегардад, аз набуди вақт то ҳол мактаби бачаҳояшро надидааст. Ӯ мегӯяд, зоҳиран милиса дар ҷомеаи имрӯз фармонбардори ҳама ҳаст. Аз шаҳрванди оддӣ, то корманди ҳукумату додситон аз хизмати корманди милиса истифода мекунанд.

Ӯ гуфт:“Барои даъват кардан ба шоҳидӣ дар як ҷиноят, милиса даҳ бор шоҳидро даъват мекунад. Барои ошкор кардани ҷиноят даҳҳо ҷойро ҷустуҷӯ мекунад ва даҳҳо нафарро мепурсад. Барои ҳамин нисбати милиса бадбинӣ пайдо мешавад. Бовар кунед, бисёр милисаҳо ба ҷуз маош, даромаде надоранд.”.

Танқид ва тавсифи милисаи тоҷик дар рӯзи идашон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Аммо лейтенанти калон Самандар Каримов мегӯяд, вақте онҳо аз ҷинояте пешгирӣ мекунанд ва ё ҷиноятеро пас аз талошҳои зиёд ошкор мекунанд, аз кори худ розӣ мешаванд.

Милисаи тоҷик аз замони Шӯравӣ то ба ҳол

Дар филмҳои замони Шӯравӣ, ки Тоҷикистон шомили он буд, милиса ҳамеша бо наҷоти кӯдакон ва ё пешгирӣ аз ҷиноят қаҳрамон тавсиф мешуд. Аммо чанд соли ахир, бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастрасии бештари мардум ба наворбардорӣ, наворҳои хиҷолатовари милисаҳои тоҷик дар Ютюбу Фейсбук зиёд пахш шуд, ки аз милиса чеҳраи дигар сохт.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бештари наворҳо марбут ба бадмуомилагӣ, порагирии нозирони роҳ ҳаст. Исми милисаи тоҷик низ дар як соли ахир дар ширкат дар “облава”-и ҷавонон, бадмуомилагӣ бо саёҳони хориҷӣ, манъи бусобусии ошиқон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар расонаҳо дарҷ шуд. Вазорати корҳои дохилӣ чор моҳи пеш дар пайи шикояти як сайёҳӣ турк 25 милисаро муҷозот кард.

"Милиса бояд дарк кунад, ки ҷомеа ӯро назорат мекунад"

Аммо Рустам Гулов, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, на ҳама чунин шикояту наворҳое, ки ба интернет роҳ меёбанд, мантиқӣ санҷиш мешаванд. Ӯ гуфт, ҳоло бояд милисаи тоҷик дарк кунад, ки фаъолияти ӯ зери назари ҷомеа қарор дорад ва ҳар кори хилофи қонун зуд наворбардорӣ ва ба мазҳари умум гузошта мешавад.

Гулов мегӯяд, чунин наворҳо метавонад, ба ислоҳи милитсияи тоҷик кӯмак кунад, чун ҳодиса ё амалеро як корбари шабакаи иҷтимоӣ мебинад, шояд вазир ё дигар масъулон дида натавонанд. Ӯ мегӯяд, баръакс дар чанд ҳолат, ба ҷои ислоҳи камбудиҳо дар Тоҷикистон мақомот шахси наворбардорро ҷустуҷӯ мекунанд.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

“Ҳолате дар Исфара буд, ки наворбардорро пайдо карданд ва як сол зиндон карданд. Дар мо ба ҷои эҳтиёткор шудани корманди милитсия, ки ҳар лаҳза метавонанд наворбардорӣ шаванд, ҳоло бештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор шудаанд. Чун дар ҳама ҳолат наворбардорҳо ҷустуҷӯ мешаванд. Аммо фикр мекунам, ки пеши наворбардории чунин ҳолатҳоро гирифтан мушкил аст. Хубтараш, бояд ин эҳсос бошад, ки кормандони милиса эҳтиёткор бошанд ва ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.”

Аз лоғаркунӣ то театр рафтани милиса

Зимнан, дар доираи барномаи ислоҳи милитсия, дар як соли ахир, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои тағйир додани чеҳраи кормандонаш, ба як пулиси замонавӣ чанд иқдомеро пиёда кард. Бештар аз 10 милиса бо ҷурми фарбеҳӣ аз кор озод шуд, даҳҳо милисаи дигар барои харобшавӣ ҳушдор гирифтанд ва бар асоси муқаррарот ҳар корманди милиса моҳе як бор бояд ба театр биравад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуди камбудиҳо дар ин ниҳодро рад намекунад. Ӯ мегӯяд, чор соли ахир "телефони боварӣ"-и вазир фаъол аст, ки ҳар шаҳрванд метавонад, озодона аз кори милиса ва ё дигар қонуншиканӣ арзи худро бирасонад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Аммо бо вуҷуди талошҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон исми ин вазорат дар рӯйхати фасодкорҳо ҷойи намоён дорад. Ҷалби кормандони милиса дар мубориза бо ришу сатр,“облава”-и ҷавонон ба артиш , назорат бар “ахлоқи шаҳрвандон” дар кӯчаву боғҳо фосилаи байни шарҳвандон ва пулисро боз ҳам бештар кард.

Шаҳрвандон ин воқеиятро дарк мекунанд, ки агар пулис набошад, вазъи ҷиноӣ дар кишвар вахим мешавад. Аммо аз сӯи дигар мегӯянд, маоши пулис умдатан аз молиёти шаҳрвандон пардохт мешавад ва онҳо бояд дар хизмати ҷомеа бошанд.

Соли гузашта Оҷонсии мубориза зидди коррупсияи Тоҷикистон эълон кард, ки 145 мавриди фасод аз сӯи кормандони низомиро сабт кардааст, ки 57 мавриди он ба маъмурони милиса рабт мегирад. Ҳамчунин, соли 2016 хулосаҳои як пажӯҳиши мизони фасод нашр шуд, ки аз ҷониби оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон анҷом шудааст. Дар рӯйхати ниҳодҳои фасодзадатарин Вазорати тандурустӣ дар мақоми аввал, Вазорати маориф дар мақоми дуввум ва Вазорати корҳои дохилӣ дар мақоми севум қарор доштанд.

Маоши ночизи милисаи тоҷик

Хирад Каргасов
Хирад Каргасов

Хирад Каргасов, ҷомеашиноси тоҷик, ки ҳудуди даҳ сол дар барномаҳои гуногун бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, милисаи тоҷик дар ивази кораш воқеан, маоши ночиз мегирад ва ин омили аслии даст ба ришва задани кормандони ин Вазорат аст. Ӯ мегӯяд, “кормандони милиса тақрибан як ҳафтаи пурра аз 12 то 24 соат дар шабонарӯз кор мекунанд ва дар бархе чорабиниҳо моҳҳо ба хонаҳояшон намераванд”.

Каргасов мегӯяд, аз рӯи мушоҳидаҳои ӯ милисаи тоҷик дар давоми даҳ сол андаке тағйир кардааст, вале мавридҳои дағалгуфторӣ ва пора гирифтан ҳоло ҳам ба назар мерасад.“Барои мисол, дар ду моҳи ахир 15 бор мошини маро нозири роҳ боздоштааст, лекин дар ин ҳолатҳо танҳо як дағалӣ мушоҳида кардам. Лекин нисбати дигарон чанд бор дағалӣ мушоҳида кардам. Вақте пурсидам, ки чаро дағалӣ мекунед, ҷавоб ин буд, ки мардуми мо забони хубро намефаҳманд. Ин ҷо муносибати интихобии милисаро мушоҳида мекунам. Бо ман хуб аст, бо дигаре дағал, яъне як андеша вуҷуд дорад, ки бо бисёриҳо бояд дағал муносибат кунӣ. Танҳо бо нишон додани зӯр фикр мекунанд, ки тартиботи ҷамъиятиро нигаҳ доштан мумкин аст”.

"То маош баланд нашавад, имиҷи милиса боло намеравад"

Коршиносони дигар мегӯянд, то маоши кормандони милиса баланд нашавад, афроди соҳибтахассус ба ин ниҳоди калидӣ ҷалб нашаванд, имиҷи милисаи тоҷик бо ҷалби онҳо ба театр ва лоғар кардани онҳо дигар нахоҳад шуд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, вақте маоши милиса поин аст, талоши ӯ барои ошкор кардани ҷиноят камтар мешавад, ки ин омил роҳро барои фасодкорӣ боз мекунад. Дар ин ҳолат, азбаски наметавонанд парвандаҳоро бо истифода аз донишу малака боз кунанд, аз шиканҷа ва зӯр кор мегирад.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.

Ӯ гуфт: “Чеҳраи милисаи тоҷикро бо корҳои зоҳирӣ намешавад дигар кард. Мушкили асосӣ, ин аст, ки таваҷҷӯҳ ҳоло бештар ба шумора шудааст. Шумораи кормандони милиса зиёд шудааст, вале ба сифати корашон камтар аҳмият дода мешавад. То вақте маоши милиса поин аст, ӯ аз ҳама бештар ниёз ба пул дорад. Чун милиса баръакси дигар касбҳо фурсати ба кори дигар машғул шудан надорад. Вақте ба пул ниёз дорад, албатта пора мегирад. Имиҷи ӯро танҳо бо боло бурдани маош метавон дигар кард.”

Дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 10 ноябрро ҳамчун “Рӯзи милисаи тоҷик” таҷлил мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти милитсияро татбиқ мекунад, ки аз соли 2014 шурӯъ шудааст ва то соли 2020 давом мекунад. Бар асоси ин барнома “милитсия” бояд ба “пулис” тағйири ном кунад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бузургтарин ниҳоди интизомӣ дар кишвар аст, ки Раёсатҳои алоҳидаи мубориза бо маводи мухаддиру тероризм дорад ва Хадамоти шиносномаву додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба шаҳрвандон ва хадамоти оташнишонӣ марбути он аст.

XS
SM
MD
LG