Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин барканории кормандони пулис "ба далели фарбеҳӣ" дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд гуфтанд, ки то кунун 3 корманди нисбатан калонсоли онҳо ба далели фарбеҳӣ аз кор "рафтаанд". Генераал Шариф Назарзода – сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд – рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши вазну қади кормандони пулис дар минтақа идома дорад ва ба зудӣ ниҳоӣ хоҳад шуд. "Дар ин давра онҳое низ буданд, ки худро барои кор дар ниҳодҳои пулис мувофиқ карда, аз даҳ то понздаҳ кило вазнашонро сабук карданд", - афзуд ӯ.

Дар соли 2013 раҳбари пулиси Покистон ба ходимони ин сохтор дар Панҷоб амр дод, ки намуди зоҳирии худро ба меъёр мутобиқ гардонанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.

Раҳимҷон Абдувалиев, сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, низ рӯзи 28 январ гуфт, бисёре аз кормандони фарбеҳ пешниҳоди мақомот барои кам кардани вазнро пазируфта, вале иддае аз кормандони, ба қавли ӯ, нисбатан калонсол "аз кор рафтанд". "Кормандони пулис ҳар ҳафта то панҷ километр медаванд. Онҳое, ки қаблан бо сабабҳои узрнок дар дав иштирок намекарданд, ҳоло пурра иштирок мекунанд. Аммо баъзеҳо ба далели боло будани синнашон беҳтар донистанд, ки бираванд", - гуфт Абдувалиев.

Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Хабари санҷиши вазну қади маъмурони пулис тақрибан ду моҳи пеш тавассути Радиои Озодӣ расонаӣ шуд. Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилии Тоҷикистон – танҳо ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, фарбеҳии кормандони пулис боис ба заъфи кори онҳо мешавад.

"Ҳанӯз ду моҳ пеш дастур дода будам, ки вазни кормандони пулис ба тартиб оварда шавад, зеро вақте корманди пулис фарбеҳ аст, қобилияти кории ӯ суст мешавад. Вазни корманди милиса бояд ба ҷадвали байналмилалии таносуби синну сол ва қад мувофиқ бошад", - таъкид кард Рамазон Раҳимзода .

Дар ҳоли ҳозир танҳо «аз кор рафтани» се корманди пулис ба далели фарбеҳӣ дар минтақаи Суғд барои мо маълум аст, вале дар Вазорати умури дохилӣ ҳанӯз рақами ниҳоиро ошкор накардаанд. Аз пулисҳои барканоршуда низ ному насаб бурда намешавад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маълум нест, ки ангезаи аслии санҷиш чист ва чанд дар сади ходимони милисаи тоҷик аз вазни барзиёд раҷн мекашанд. Вале чанд тан аз кормандони милиса дар манотиқи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бархе ҳамкорони онҳо дар пайи санҷиш огоҳӣ гирифтаанд, то дар фурсати наздик бояд вазни худро ба меъёр мутобиқ кунанд, вагарна кори онҳо дар ин сохтор зери суол меравад.

Як манбаи огоҳ низ гуфт, мақомот ин масъаларо хеле ҷиддӣ гирифтаанд ва «ба ин баҳона саффи худро каме ба тартиб хоҳанд овард».

Барои кор дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, меъёрҳои махсус вуҷуд дорад. Масалан, Академияи милисаи даврони Шӯравӣ, ки талаботи бунёдии қабул ба кори он то имрӯз ҳифз шудааст, мегӯяд, ҳар корманди милиса бояд аз назари ҷисмонӣ солим, нури чашмаш тез бошад ва бояд аз санҷиши тиббӣ бомуваффақият гузарад. Як талаби дигари кор дар сохтори милисаи мард ин аст, ки қадаш аз 168-170 сантиметр поён набуда, вазнаш ҳам то 75 кило бошад.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Санҷиши вазну қади маъмурони пулис агарчӣ дар Тоҷикистон нав аст, вале дар баъзе кишварҳои дунё барвақттар таҷруба шудааст. Дар соли 2013 раҳбари пулиси Покистон ба ходимони ин сохтор дар Панҷоб амр дод, ки намуди зоҳирии худро ба меъёр мутобиқ гардонанд, вагарна аз кор пеш мешаванд. Ин ҷо ҳам масъалаи фарбеҳии аз ҳад беш мояи нигаронӣ будааст. Ҳисоб шудааст, ки ҳар ходими дуюми пулис дар Панҷоб аз ҳад беш фарбеҳ будааст.

Матбуоти хориҷӣ менависад, ки дар баъзе кишварҳо ба ходимони милиса махсус тавсия дода мешавад, ки парҳез кунанд. Агар дар Чин ходими пулис бояд варзишгари хуб бошад, дар аёлати Флоридаи Амрико як замоне ба ходимони пулис ҳатто ҷоизаи пулӣ барои маҳрум шудан аз вазни барзиёд муқаррар шудааст. Барои ходимони пулиси Финландия барномаҳои махсуси ҳифзи саломатӣ амал мекардааст, ки пеши роҳи фарбеҳиро мегирад.

XS
SM
MD
LG