Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибби тоҷикро кӣ "табобат" мекунад?


Чаро мансабдорони тоҷик ҳама дар хориҷа табобат мегиранд? Оё имкон дорад, ки табибони тоҷик битавонанд собит кунанд, ки ворисии воқеии Ибни Сино онҳоянд, на табибони Русияву Олмон ё Эрону Исроил?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тибби ин кишвар тақрибан ба сатҳи Аврупо расидааст ва дигар ҳоҷати сафар ба хориҷа барои муолиҷа нест. Аммо беморон ин суханонро зери шубҳа мегузоранд.

Аз як сӯ мояи обрӯву эътибор ва аз сӯи дигар зарурат сабаб гашта буд, ки мансабдорони тоҷик бештар дар хориҷа табобат гиранд. Ҳатто вазирони тандурустии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи тиббии кишвар саломатии худро на ба шогирдону тобеони худ, балки ба пизишкони Русияву Эрон, Олмону Исроил ё ҳадди ақал Қазоқистон бовар мекарданд.

Талаби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи мансабдорон – сар карда аз худи ӯ ва рафто то вазири тандурустиву вакилони порлумон ва боқӣ мансабдорони хурду бузург – ҳама дар дохили кишвар табобат шаванд, ин воқеиятро тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик ба тибби кишвари худ эътимоди чандоне то ҳол надоштаанд. Ин даъват аммо аз тарафи дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи кунунии риштаи тибби Тоҷикистон низ ҷалб мекунад.

Дар паёми солонааш дар моҳи январ Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои тибби Тоҷикистон сӯҳбат кард, аммо гуфт, кори он бояд ба гунае бошад, ки мансабдорони баландпояи кишвар дигар барои табобат ба хориҷ нараванд. Вай аз муҷаҳҳаз шудани дармонгоҳу бемористонҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ ва технологияҳои нав ситоиш кард, аммо ба зарурати парвариши мутахассисони хуб таъкид намуд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мегӯяд, бо роҳандозӣ шудани “Барномаи миллии солимии аҳолӣ барои соли 2010- 2020” шароити ин соҳа тағйир карда, ҳоло натанҳо намояндаҳои сохторҳои идорӣ, балки ҳатто намояндагони корпусҳои дипломатӣ, яъне хориҷиён ҳам барои ташхису табобат ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи вай, имрӯз дар 700 бемористони давлативу хусусии кишвар хидматрасониие ба роҳ монда шудааст, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонист: “Пеш агар аҳолӣ танҳо барои гузаштани ташхиси томографӣ -компютерӣ ба Қазоқистону Русия сафар мекард, ҳоло дар ҳар вилоят чунин дастгоҳ ҳаст. Ин таҷҳизоти гаронбаҳо аввал дар бахши тибби хусусӣ ба роҳ монда шуд, баъдан муассисаҳои давлатӣ ҳам соҳиби чунин дастгоҳ шуданд. Ҳамчунин қаблан бемор барои табдили гурда ё узви дигари худ, маҷбур буд, донорро ҳам бо худ гирифта, ба хориҷ равад. Аз 20 то 60 ҳазор доллар сарф мекарданд. Ҳоло чунин ҷарроҳиро бо сарфи ҳудудан 10 ҳазор доллар дар дохилит кишвар анҷом медиҳанд.”

Ҷаноби Ҷаъфаров мегӯяд, ҳоло ҳатто шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя барои чунин ҷарроҳиҳо ба Тоҷикистон меоянд ва аз ҷумла ҷарроҳони тоҷик гурдаи 7 шаҳрванди Қирғизистонро ҳам иваз кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои соҳаи тандурустӣ дар соли 2015 тақрибан 1,6 миллион сомонӣ ҷудо кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 дарсад зиёд мебошад. Аммо он назар ба дигар кишварҳои Шӯравии собиқ камтар аст. Тибқи буҷаи соли 2014, хароҷоти соҳаи тибби Тоҷикистон ҳамагӣ 6,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кардааст, ки дар қиёс бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ кам аст.

Аммо ворид шудани таҷҳизоти навтарин ва боз шудани марказҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба рушди соҳа роҳи бештар мекушоянд. “Ҷои дардмандтарин”-и соҳа дуруст ташхис шудааст, ки он нарасидани пизишкони сатҳи ҷаҳонист.

Коршиноси тоҷик Сафват Бурҳонов мегӯяд, барои он ки супориши президент иҷро шавад ва мардум - сар карда аз як сокини оддӣ то худи раисҷумҳур - ба тибби кишвар бовар кунанду барои табобат ба хориҷа нараванд, ислоҳотро бояд аз Донишгоҳи тиббӣ ва шеваи таълими донишҷӯён шурӯъ кард. “Донишгоҳ ба як муассисаи тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Аз таҷрибаи худам мегӯям, 2 писарам бо вуҷуди талошҳо натавонистанд, бидуни маблағ ба ин донишгоҳ шомил шаванд. Як нафараш билохира дохил шуд, аммо як сол хонда, партофт, зеро дар як сол 70 китоби мухталиф ба сараш бор карданду харида овард. Муаллимони донишгоҳ ҳоло ҳама нависанда шудаанд, вале дониш нест.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки кадрҳои то соли 1990- и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар Шӯравии собиқ эътибори зиёд доштанд. Аммо дар 15 соли ахир аксари ин табибони собиқадор кору зиндагӣ дар хориҷро интихоб кардаанд.

Бемористони Исфара
Бемористони Исфара

Илёс, табиби ҷавони тоҷик, ки ҳоло дар яке аз марказҳои бемориҳои пӯсти шаҳри Калугаи Русия фаъолият мекунад, мегӯяд, дар ҳар муассисаи тиббии Русия ҳатман чанд духтури тоҷик ҳаст ва ин табибон ҳама соҳибэҳтирому муваффақанд. Вай мегӯяд, дар Тоҷикистон фаъолияти табибон ҳам осон нест: “Масалан, дар Тоҷикистон кор мекардам, дар як сол 15 комиссия омада, духтурҳоро месанҷанд. Дар Русия ҳамагӣ як маротиба тафтиш мешавад, ки он ҳам фақат ҳуҷҷатгузорӣ ва таърихи бемориро тафтиш мекунанд. Духтур дар Русия ҳаққи гирифтани пул аз беморро надорад, пардохт аз ҳисоби полиси суғурта мешавда, ки барои бемор чандон вазнин намеафтад.”

Барои тарбияи як мутахассиси соҳаи тиб аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон, ба иттилои вазорати тандурустӣ, дар як сол ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад, ки хеле кам аст. Матбуот аз иштибоҳҳои зиёди пизишкони тоҷик, ришваситонӣ аз беморону наздикони онҳо ва таъин доруҳои нолозим хабар медиҳад.

Пизишкони тоҷик ба шаҳрванди 50-сола Вилоят Саидова гуфтаанд, ки ҷарроҳии ӯ дар Душанбе номумкин аст. Вуҷуди гӯшти иловагӣ дар сутунмӯҳра ин хонумро азият медод ва дар Душанбе, табибон ҷарроҳии ӯро ба ӯҳда нагирифтаанд.

Вилоят Саидова мегӯяд: “Гуфтанд, ки бемории фарбеҳӣ ва фишор дорам, ҷарроҳӣ хатарнок аст ва мо кафолат намедиҳем. Бисёр азоб кашидам, сарам дард мекард, фишорам паст мешуд. Баъд бо шавҳарам маслиҳат карда, ба Русия рафтем. Як табиби шиносамон кӯмак карду ҷарроҳӣ кардем. Тибби Русия аз ҳар ҷиҳат хубтар аст аз тибби мо комилан фарқ мекунад. Пулро дар касса месупорӣ ва дигар касе ба ту кор надорад, ин ҷо ба ҳар даре, ки ворид шавӣ, ҳатман бояд пул супорӣ. Хулоса, ҳоло як сол аст, ки дигар аслан сар ва сутунмӯҳра азиятам намедиҳад.”

Агар вазъ дар бархе аз бемористонҳои пойтахт ва маркази вилоятҳо боз ҳам нисбатан беҳтар бошад, тибби деҳот, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, то ҳол ҳатто ба сатҳи замони Шӯравиаш барнагаштааст.

Бемористони шаҳри Бобоҷон Ғафуров
Бемористони шаҳри Бобоҷон Ғафуров

Диловар Ҳасанов, сокини деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, маҳз бар асари хунукназарӣ ва набуди шароити зарурӣ дар бемористони ин ҷамоат ҳафтае пеш падараш аз дунё гузашт: “Падарам бемории фишор дошт. Аҳволашон якбора бад шуд ва вақт ки зиёд набуд, ба беморхонаи ноҳия бурдем. Шароити оддӣ нест, муносибат - бад, дастгоҳе, ки ба бемор нафаси сунъӣ диҳад, кор намекунад. Ревматолог надоранд ва дастгоҳ барои кардиограмма ҳам кор намекунад. Хулоса, беморхона ба беморхона рафта, духтуру дастгоҳ овардем, аммо вақт рафт. Дар ин байн сактаи дил шуд ва натавонистем падарро наҷот диҳем.”

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ аммо мегӯяд, мушкили аслии тибби Тоҷикистон ҳоло дар маҳдуд будани номгӯи доруву маводи босифати ташхисӣ ва табобатӣ аст, ки ин ба гуфтаи вай, ба ҷараёни табобату ҷарроҳиҳо таъсир мегузорад. Тоҷикистон то ҳол давлати воридкунандаи чунин мавод аст ва то ҳол дар ин кишвар ягон ширкати бузурги истеҳсоли дору фаъолият надорад.

Аммо мусоҳиби мо Вилоят Саидова, ки як бор дар Русия ҷарроҳӣ шудааст, мегӯяд, аз як дардаш раҳо ёфтаву ҳоло аз дарди пой ранҷ мебарад ва тасмим дорад дубора барои табобат боз ҳам ба Русия биравад: “Дардамро ин ҷо наёфтанд, боз маҷбур равам ба он ҷо. Он ҷо воқеан ташхиси хуб мекунанд, бо чашм дидаву диагноз намегузоранд.”

Ба ин тартиб, имкони табобат гирифтани мансабдорони кишвар дар худи Тоҷикистон, агар ба сухани корафтодагон бовар карда шавад, дар ҳол ҳозир, шояд орзуест, ки на ба ин зудиҳо ҷомаи амал мепӯшад. Ва барои онки ин ҷома билохира танаи тибби тоҷикро зеб диҳад, заҳмати хеле тӯлонӣ ва сармоягузориҳои хеле бузург лозим аст.

XS
SM
MD
LG