Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили "фарбеҳӣ" ҷиддитар аз масъалаи "гуруснагӣ" шудааст


Бар пояи пажӯҳши тозае, ки натиҷаҳои он рӯзи панҷшанбе дар маҷаллаи "The Lancet" чоп шуд, дар ҳоли ҳозир фарбеҳии зиёд дар сатҳи ҷаҳон нисбат ба гуруснагӣ мушкили бузургтар мебошад.

Шабакаи хабарии CNN бар асоси маълумоти ин гузориш менависад, ки бо зери назорат гирифтани бисёре аз бемориҳои кушанда тайи чанд даҳаи ахир, мизони маргу мири навзодон ва хурдсолон ба шакли чашмгире коҳиш ёфтааст. Вале дар даҳаи ахир шумораи афроде, ки аз фарбеҳии зиёд ранҷ мебаранд, ба шиддат афзоиш ёфт ва акнун ин падида ба як мушкили бузурги саломатии башар мубаддал шудааст.

Ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ғайр аз кишварҳои минтақаи Африқо бо фарбеҳии зиёд дасту панҷа нарм мекунанд ва ин мушкил тайи ду даҳаи гузашта дар сатҳи ҷаҳон 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Алӣ Муқдод, аз таҳиякунандагони ин гузориши таҳқиқӣ ва профессори беҳдошти ҷаҳонии Донишгоҳи Вошингтон мегӯяд, ончӣ ки истилоҳан "навъи зиндагии ғарбӣ" номида мешавад, акнун ба аксари кишварҳои ҷаҳон сироят карда ва паёмадҳои он тақрибан дар ҳама кишварҳо монанд аст.

Бар пояи ин пажӯҳиш, акнун паёмадҳо, ҳазинаҳо ва мушкилоте, ки аз аз густариши фарбеҳии зиёд дар миёни мардуми ҷаҳон сарчашма мегирад, аз мушкили гуруснагӣ ҷиддитар шудааст. Барои аввалин бор бемориҳои ғайри сироятӣ, мисли бемории қанд, норасоӣ ва сактаи қалбӣ, иллатҳои аслии гирифтор шудани одамон ба давраҳои тӯлонии беморӣ ҳастанд.

Алӣ Муқдод мегӯяд, "тамоми ин мушкилот ба фарбеҳии зиёд вобаста мебошанд. Яке дигар аз бемориҳо, он густариши дард дар ноҳияи камар ва пайвандҳо мебошад. Коҳиши фарбеҳии зиёд боис хоҳад шуд, ки аз мизони гирифтор шудан ба бемориҳои ғайри сироятӣ ва дардҳои тӯлонӣ дар сатҳи ҷаҳон коста шавад."

Ба гуфтаи Маргарет Чан, дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бемориҳои ғайри сироятӣ акнун бузургтарин чолиш барои беҳдошти ҷаҳонӣ аст. Вай дар суханронии худ дар Маҷмааи умумии СММ гуфт, ки густариши ин бемориҳо ҳамчун фоҷиае аст, ки ба тадриҷ рӯй хоҳад дод ва замоне хоҳад расид, ки дигар қобили пешгирӣ нахоҳад буд.

Маҷмаи умумии СММ соли гузашта як нишасти дурӯзаро ба тасвиби як қатъномаи сиёсӣ ихтисос дод, ки меҳвари аслии он муқобила бо густариши ин навъ бемориҳо буд. Ин дуввумин бор дар тӯли таърих буд, ки як мавзӯи вобаста ба саломатӣ, дар нишастҳои Маҷмааи умумии СММ матраҳ мешуд. Бори қаблӣ, мавзӯи он, муқобила бо густариши бемории СПИД буд.

Бар пояи гузорише, ки соли 2011 «Маҷмаи ҷаҳони иқтисод» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ҳорвард таҳия намуданд, тайи бист соли оянда муолиҷаи бемориҳои ғайри сироятӣ дар сатҳи ҷаҳон пеш аз 30 миллион триллион доллар ҳазина хоҳад дошт.

Дар ин гузориш ҳамчуни пешбинӣ шуда буд, ки ҳазинаи табобати бемориҳои равонӣ низ тайи ин давра ба 16 триллион доллар хоҳад расид. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки тамоми ин маблағҳои ҳангуфт, боис хоҳад шуд, шумори бештаре аз аҳолии кишварҳои ҷаҳон дучори фақр шаванд.

Таҳиягарони гузориш умедворанд, ки сиёсатмадорон ва стратегҳои кишварҳои ҷаҳон ба ин оморҳои ҳушдордиҳанда таваҷҷуҳ карда ва иқдомот ва барномаҳои лозимро барои тағйир додан ба ин раванди хатарнок дар дастури кор қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG