Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории даҳ милисаи "фарбеҳ". Сад нафари дигар ҳушдор гирифтанд


Акс аз бойгонӣ

Раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 10 корманди фарбеҳро аз кор озод карда, ба 100 нафари дигар барои хароб шудан мӯҳлат додааст. Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ гуфта буд, сафи кормандони ин ниҳодро аз афроди фарбеҳ, ки ҳангоми амалиёт дуруст ҳаракат карда наметавонанд, тоза мекунад.

Барои кор дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, меъёрҳои махсус вуҷуд дорад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши қад ва вазни кормандони милиса бар асоси супориши махсуси вазир сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, “инҳо нафароне буданд, ки дар мӯҳлати таъиншуда вазни зиёдатии худро бартараф накарданд. Талабот ҳамин буд, ки бояд саривақт вазни худро ба меъёр мувофиқ кунанд. Ин охири кор нест ва ба дигар кормандоне, ки вазнашон аз меъёр бештар шудааст, барои ислоҳ вақт дода шуд.”

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Ин масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, фарбеҳ шудани корманди милиса далели ба варзиш машғул набудан ҳаст, ки ин камбуди корӣ ҳисоб мешавад. «Корманди милиса бояд чолок ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ бақувват бошад. Дар ҳар шароиту вазъият худро идора карда тавонад ва дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба пуррагӣ барояд», - афзуд ӯ.

Нахустин мавридҳои барканории милисаҳои «фарбеҳ» охири моҳи январи имсол дар вилояти Суғд сабт шуда буд. Он вақт мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд гуфта буданд, ки 3 корманди нисбатан калонсоли онҳо ба далели фарбеҳӣ аз кор “рафтаанд”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки дарозии қади марди милиса набояд аз 168 ва ходими зан аз 160 сантиметр поён бошад ва вазни онҳо бар асоси талаботи тиббии қади инсон бояд мувофиқат кунад.

Маълум нест, ки ангезаи аслии санҷиш чист ва чанд дар сади ходимони милисаи тоҷик аз вазни барзиёд ранҷ мекашанд. Вале чанд тан аз кормандони милиса дар манотиқи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бархе ҳамкорони онҳо дар пайи санҷиш огоҳӣ гирифтаанд, то дар фурсати наздик бояд вазни худро ба меъёр мутобиқ кунанд, вагарна кори онҳо дар ин сохтор зери суол меравад.

Агар дар Чин ходими пулис бояд варзишгари хуб бошад, дар аёлати Флоридаи Амрико як замоне ба ходимони пулис ҳатто ҷоизаи пулӣ барои маҳрум шудан аз вазни барзиёд муқаррар шудааст.

Барои кор дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, меъёрҳои махсус вуҷуд дорад. Масалан, Академияи милисаи даврони Шӯравӣ, ки талаботи бунёдии қабул ба кори он то имрӯз ҳифз шудааст, мегӯяд, ҳар корманди милиса бояд аз назари ҷисмонӣ солим, нури чашмаш тез бошад ва бояд аз санҷиши тиббӣ бомуваффақият гузарад. Як талаби дигари кор дар сохтори милисаи мард ин аст, ки қадаш аз 168-170 сантиметр поён набуда, вазнаш ҳам то 75 кило бошад.

Санҷиши вазну қади маъмурони пулис агарчӣ дар Тоҷикистон нав аст, вале дар баъзе кишварҳои дунё барвақттар таҷруба шудааст. Дар соли 2013 раҳбари пулиси Покистон ба ходимони ин сохтор дар Панҷоб амр дод, ки намуди зоҳирии худро ба меъёр мутобиқ гардонанд, вагарна аз кор пеш мешаванд. Ин ҷо ҳам масъалаи фарбеҳии аз ҳад беш мояи нигаронӣ будааст. Ҳисоб шудааст, ки ҳар ходими дуюми пулис дар Панҷоб аз ҳад беш фарбеҳ будааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Матбуоти хориҷӣ менависад, ки дар баъзе кишварҳо ба ходимони милиса махсус тавсия дода мешавад, ки парҳез кунанд. Агар дар Чин ходими пулис бояд варзишгари хуб бошад, дар аёлати Флоридаи Амрико як замоне ба ходимони пулис ҳатто ҷоизаи пулӣ барои маҳрум шудан аз вазни барзиёд муқаррар шудааст. Барои ходимони пулиси Финландия барномаҳои махсуси ҳифзи саломатӣ амал мекардааст, ки пеши роҳи фарбеҳиро мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG