Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TI: "Сатҳи ришвахорӣ дар Тоҷикистон ташвишовар аст" ВИДЕО


Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар гузориши нави худ оид ба вазъи мубориза бо коррупсия дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна навиштааст, талоши мақомоти давлатӣ дар амри кам кардан ё пешгирӣ намудани фасод кофӣ нест. Дар як пурсиши ин созмон 50 дар сади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба намояндагони мақомот ришва додаанд.

Созмони Транспаренси Интернешнл мегӯяд, даст ба фасод задани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, падидаи хеле бад аст

Transparency International барои таҳияи гузориши "Мардум ва коррупсия", ки 16 ноябр муаррифӣ шуд, бо ҳудуди 60 ҳазор нафар дар Аврупо ва Осиёи Миёна оид ба таҷрибаи онҳо дар робита ба фасод дар ҳаёти рӯзмарраашон сӯҳбат анҷом додааст. Мизони хеле баланди ришвахорӣ дар Тоҷикистон (50 дарсад), Молдова (42 дарсад), Озарбойҷон, Қирғизистон ва Украина (38 дарсад) мушоҳида шудааст.

Светлана Савитская, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Transparency International, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи нишондодҳои баланди фасод дар Тоҷикистон гуфт, “натиҷаҳо, дар воқеъ, ташвишовар аст. Бар асоси назарсанҷиҳо, тақрибан 50 дар сад гуфтанд, ки ришва доданд. Ришваро дар бахши тандурустӣ, маориф ё ҳангоми дучор омадан ба милисаҳо, ба мақомоти ҳифзи тартибот пардохтаанд.”

Назари мардум дар бораи ришвахорӣ дар Тоҷикистон:

"То пора надиҳӣ, соҳиби кор намешавӣ" - сӯҳбати сарироҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Савитская мизони ришвахориро дар Тоҷикстон бо кишварҳои ҳамсоя муқоиса кард. Ӯ гуфт, сатҳи ришвахорӣ дар Қирғизистон андаке камтар аст, вале чандон вазъияти хуб ҳам нест. “Дар Қазоқистон сатҳи ришваситонӣ поинтар аст, аммо набояд гуфт, ки ин ҳам нишондиҳандаи хуб аст”, - афзуд ӯ.

Бархе аз коршиносони тоҷик бо натиҷаҳои назарсанҷии созмони байналмилалӣ мувофиқанд, чун натиҷаҳои ҳамсонро дар гузашта таҳқиқоти маҳаллии марбут ба фасод низ собит кардааст. Дар чанд таҳқиқоти гузаштаи Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон сохторҳои иҷтимоие мисли маорифу тандурустӣ, бо сабаби наздик буданашон бо мардум аз фасодазатарин сохторҳо номбар шудаанд.

Матлуба Ӯлҷабоева
Матлуба Ӯлҷабоева

Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, гуфт, қурбониёни аслии фасод дар ин кишвар аҳли тиҷоратанд, ки ба хотири пешбурди кор маҷбуранд дар муомилаҳои ғайрирасмии пулӣ иштирок кунанд. Ӯ гуфт, “вақте барои тафтиши ширкатҳои хурду миёна нозирон меоянд, онҳо дар баробари ҷаримабандии бузург боз пардохтҳои ғайрирасмиеро талаб мекунанд. Ҳоло мардум тарс доранд, то аз чунин мавридҳо шикоят кунанд. Вале вуҷуди фасод ва омилҳои дигаре аз рушди соҳибкорӣ дар кишвар монеъ мешаванд.”

Созмони Транспаренси Интернешнл мегӯяд, даст ба фасод задани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, падидаи хеле бад аст ва баёнгари он аст, ки ходимони пулис аз мақоми худ сӯиистифода мекунанд. Ин чиз, ба андешаи Светлана Савитская, эътимоди мардум ба пулисро ба унвони ҳомии ҳуқуқу қонун коста мекунад.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Дар таҳқиқоти ахири Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, ки натиҷаҳояш охири моҳи октябр дар ҳузури президент аз ҷониби раиси оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мубориза бо фасодро дар миёни гурӯҳи олудашуда дар коррупсия номбар кард. Дар пурсиши Агентӣ бо иштироки 88 ҳазор нафар, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, ки сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст.

Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои прокуратура, гумрук ва мақомоти судӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасодкорӣ олуда будаанд.

Коршиносон мегӯянд, баланд будани мизони фасод, пеш аз ҳама, ба вуҷуди фарҳанг ё тафаккури фасод дар зеҳнҳои аъзои ҷомеа ҳам дахл дорад. Вақте шаҳрванд фикр мекунад, ки танҳо аз роҳи фасод, на аз роҳи риояи қонун метавонад масъалаи худро ҳал кунад, худ ҳам дар баробари мақомот як саҳмгузори рушди ин «маризӣ» мешавад.

XS
SM
MD
LG