Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарбеҳӣ рафт. 13 милиса ба ҷои кор дар ВКД баргашт. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 13 милисаеро, ки бо далели фарбеҳӣ аз мақомашон сабукдӯш карда буд, дубора ба кор қабул кард. Ин кормандони милиса аз ҷумлаи 20 нафаре буданд, ки дар давоми ним соли охир бинобар “вазни аз ҳад беш” ҷойи кори худро аз даст доданд. Вазни онҳо аз меъёри муқарраршудаи аз 70 то 75 кило 12-17 кило бештар будааст.

Милисаҳое, ки хароб шуданд, дубора ба кор баргаштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим

Меъёри тиббӣ ҳаст, ки корманди милиса ба он бояд ҷавобгӯ бошад. Ба ҳамин хотир, санҷиш мегузаронем ва онҳоеро, ки ба ин меъёр ҷавобгӯ нестанд, аз кор озод мекунем

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони барқароршуда мутахассисони хубу ботаҷриба ҳастанд ва ягона камбудиашон вазни зиёди онҳо буд. “Ҳадаф танҳо ба талаботи вазни корманди милиса мувофиқ кардани кормандон аст. Ин нафарон, ки дар сафи кормандон барқарор шуданд, ҳамин талаботро иҷро карданд”, - гуфт ӯ.

Ин масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, агар ҳафт нафари боқимонда низ тибқи талабот вазни худро кам кунанд, метавонанд дубора истихдом шаванд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Бар асоси як дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон вазни коргар бояд ба баландии қади ӯ мувофиқат кунад ва шиками бузург надошта бошад. Масалан, агар баландии қади корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 1 метру 70 сантиметр бошад, вазни ӯ набояд аз 70-75 кило бештар бошад.

Тамрини иловагӣ ба милисаҳое, ки тамоюли фарбеҳшавӣ доранд

Се моҳ қабл беш аз сад корманди Вазорати корҳои дохилӣ барои “ба меъёр мутобиқ кардани вазни худ” ҳушдор гирифта, 20 нафар аз кор озод шуда буданд. Зимнан, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо супориши раҳбарият кормандонеро номнавис карданд, ки тамоюли фарбеҳшавӣ доранд ва вазнашон андаке аз меъёр зиёдтар аст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ӯ гуфт, барои ба меъёр мутобиқ кардани вазни ин кормандон чораҳое рӯи даст гирифта шудааст: “Мо рӯйхати шахсонеро, ки вазнашон аз меъёр зиёд аст, тартиб додем. Онҳо ҳар ҳафта ду бор бо ҳайати шахсӣ ва се рӯз дар алоҳидагӣ машқи ҷисмонӣ мекунанд. Кормандони дигар огоҳӣ гирифтаанд ва барои мутобиқ кардани қад бо вазнашон кор мебаранд. Ин масъала пайваста зери назорати раҳбарияти вазорат аст.”

Вазорат аз ин кормандони таҷрибадору хубе ном мебарад, ки ягона айбашон фарбеҳӣ ҳаст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бо ин далел масъалаи “вазни зиёд” дар миёни кормандони милисаро ҷиддӣ гирифита, онро камбуди корӣ меномад, ки милисаи фарбеҳ имкони фаъолона иштирок кардан дар амалиётро надорад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки далели фарбеҳии корманди милиса зиёд хӯрдан ва ҷиддӣ ба варзиш машғул нашудан аст. “Меъёри тиббӣ ҳаст, ки корманди милиса ба он бояд ҷавобгӯ бошад. Корманди милиса бояд ба он мутобиқ бошад. Ба ҳамин хотир, мо санҷиш мегузаронем ва онҳое, ки ба ин меъёр ҷавобгӯ нестанд, аз кор озод мекунем”, - гуфт ӯ.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

“Вазнро аз даст медиҳем, корро не”

Кормандоне, ки пас аз мутобиқ кардани вазни худ ба кор дар Вазорати умури дохилӣ баргаштанд, аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд. Онҳо бо далели фарбеҳӣ аз кор барканор шуданро барои худ “шармандагии бузург” медонанд ва ҳоло намехоҳанд, матбуот аз онҳо ном бурда, “шармандатар” кунад.

Ба гуфтаи ҳамкорони ин кормандони милиса онҳо барои аз даст додани корашон сахт нигарон буданд. Нигаронӣ, шарм доштан аз фарбеҳӣ, ғизои кам хӯрдан ва тамрини ҷиддӣ боиси хароб шудан ва бозгашти дубораашон ба кор шудааст. Аммо як корманди 45-солаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки чаҳор моҳи пеш барои фарбеҳӣ ҳушдор гирифта буд, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се моҳ тавонист худро 16 кило хароб кунад.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, давоми се моҳ хӯрокашро кам кард ва рӯзе то 5 соат ба варзиш машғул шуд.

Ин корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 96 кило вазн доштааст ва ҳоло мегӯяд, вазнаш ҳудуди 80 кило шудааст. Ӯ мегӯяд, давоми се моҳ хӯрокашро кам кард ва рӯзе то 5 соат ба варзиш машғул шуд.

Талошҳо барои танзими вазни кормандони милиса дар доираи Барномаи хоси ислоҳи милиса анҷом мегирад. Чаҳор соли пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Стратегияи ислоҳоти милиса барои солҳои 2013-2020”-ро қабул кард, ки дар доираи он даҳҳо барнома барои ислоҳро рӯи даст гирифтааст ва яке аз ҳадафҳои муҳими он – касбӣ кардани кормандони милиса ва боло бурдани мизони эътимоди ҷомеа ба кормандони пулис мебошад.

XS
SM
MD
LG