Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди оташбаси 21-рӯза дар сарҳади Исроилу Лубнон


Ҷануби Лубнон, 24-уми сентябри 2024
Ҷануби Лубнон, 24-уми сентябри 2024

Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва чанд кишвари дигар хоҳони оташбаси фаврии 21-рӯза байни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шуданд. Амрико гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро созмони террористӣ медонад.

Хабаргузории “Рейтерс” шаби 25-уми сентябр ба нақл аз эъломияи Кохи Сафед гузориш дод, ки оташбаси муваққат ба ҳарду ҷониб фурсат медиҳад, то даргириҳоро поён диҳанд.

Эъломияи муштаракро Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Австралия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Иттиҳоди Аврупо имзо карданд.

Талаби оташбас дар ҳоле матраҳ шуд, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Лубнон, дар ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар рӯзи 25-уми сентябр камаш 72 кас кушта ва 223 нафар захмӣ шуданд.

Мавҷи ҳамлаҳои Исроил дар рӯзҳои 23-24-уми сентябр дастикам 560 нафарро дар Лубнон кушта ва ҳазорон нафарро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кард.

Исроил иддао кард, ки дар ин ҳамлаҳо мавқеъҳои гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро нишон гирифт. Ин гурӯҳ дар ҳамлаҳои ҷавобии худ ба сӯйи Исроил мушак сар дод, ки яке аз онҳо ба шаҳри Телавив расид, вале раҳгирӣ ва боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG