Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкари Иброҳим Раисиро дар Машҳад дафн карданд


Эрон
Эрон

Пайкари Иброҳим Раисӣ, президенти Эронро, ки дар суқути чархбол ҳамроҳи вазири корҳои хориҷӣ ва чанд мақомдори дигари ин кишвар ҳалок шуд, рӯзи 23-юми май дар шаҳри Машҳад дафн карданд. Дар Эрон барои гиромидошти ёди онҳо мотами миллӣ эълон шудааст.

Расонаҳои Эрон аз ширкати даҳҳо ҳазор нафар дар маросими видоъ ва дафни онҳо гузориш доданд. Баъзе аз эрониҳо гуфтаанд, ки дар телефонҳояшон паёмак гирифтанд, ки дар маросими видоъ ширкат кунанд.

Намози ҷанозаи онҳоро Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, хонд. Ӯ маъмулан дар ҷанозаи мақомдорони баландпоя суханронӣ мекард, вале дар ин маросим ба ҷуз дуо ҳарфе нагуфт.

Иброҳим Раисӣ, ки бисёриҳо ӯро ҷойгузини эҳтимолии раҳбари рӯҳонии Эрон медонистанд, як чеҳраи ҷанҷолӣ дар миёни эрониён дар хориҷ ва дохили ин кишвар буд.

Ӯ солҳо дар низоми додситонӣ ва додгоҳии Эрон кор карда, ҳукми қатли садҳо нафарро додааст. Тарафдоронаш ӯро меҳанпараст, вале мухолифонаш золиму бераҳм унвон мекунанд.

Чархболе, ки Иброҳим Раисӣ савори он буд, рӯзи 19-уми май ҳангоми бозгашт аз вилояти Озарбойҷон сарнагун шуд. Ӯ ҳамроҳ бо Амир Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, раиси вилояти Озарбойҷон, имоми намози ҷумъаи Табрез ва чор сарнишини чархбол ҷон бохтанд.

Ҳанӯз сабаби сарнагун шудани чархболи президенти Эрон маълум нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раиси ҷумҳури Эронро ба хок супориданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

XS
SM
MD
LG