Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандонаш умедворанд, ҳукми қатли Осия Бибӣ лағв мешавад


Осия Бибиро ҳамкоронаш дар як киштзор ба куфргӯӣ муттаҳам карданд.

Хешовандони як модари насронӣ, ки дар Покистон барои “куфргуӣ” ба қатл маҳкум шудааст, умедворанд, ки Додгоҳи олӣ ӯро озод мекунад. Ошиқ Масеҳ, шавҳари Осия Бибӣ рӯзи 13-уми октябр ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “Мо умедворем, ки қарори додгоҳ ҳаргуна ки набошад, барои мо мусбат хоҳад буд.”

Духтари ӯ, Ишом Ошиқ гуфтааст, “Бисёр хушҳол мешавам, агар модарамро рӯзе озод кунанд. Ӯро ба оғӯш мегирам, гиря мекунам ва Худооро шукр мегӯям, ки ӯро озод карданд.”

Осия Бибӣ нахустин зан дар Покистон аст, ки соли 2010 бар асоси Қонун дар бораи куфргӯӣ ба қатл маҳкум шуд ва хашму эътирози ҷомеаи байналмилалиро барангехт. Додгоҳи Олии Покистон рӯзи 8-уми октябр шикояти ниҳоии ин занро, ки тамоми иттиҳомотро беасос хондааст, баррасӣ кард. Хабарнигорон навиштаанд, ки баррасии ҳукм охирин бор сурат мегирад.

Дар он рӯз ҳайати мушовараи додгоҳ иборат аз се додрас, ба далелу ваҷҳҳои вакилони дифои Осия Бибӣ гӯш додаанд, ки даъвои онҳоеро рад мекунад, ки гуфтаанд, Осия Бибӣ дар ҳаққи дини ислом бад гуфтааст.

Осия Бибӣ модари чаҳор фарзанд ва як коргари оддиро соли 2009 як зани мусулмон, ки ҳамроҳаш дар киштзоре кор мекард, ба куфргӯӣ муттаҳам кардааст.

Бино ба гузоришҳо, ӯ дар рӯзи гарме барои занони мусулмони ҳамкораш об овардааст, вале ду нафари онҳо, ба далели онки Осия Бибӣ “номусулмон” аст, оби овардаи ӯро нахурдаанд. Баъди ин ҳодиса занон иддао кардаанд, ки Осия Бибӣ дар ҳаққи пайғамбари ислом бад гуфтааст.

Додгоҳи Олии Покистон гуфт, ки қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти Осия Бибиро содир кардааст, вале аз ифшои ҳукм худдорӣ варзид. Маркази Амрикоии Қонун ва Адолат мегӯяд, ифшо накардани ҳукм, шояд умедворие барои Осия Бибӣ ва хешовандонаш бошад.

Ин марказ рӯзи 9-уми октябр бо нашри баёнияе гуфт, “Бо назардошти ҳассосияти динӣ нисбат ба парвандаҳои куфргӯӣ, қобили дарк аст, додгоҳ ҳукмро эълон намекунад ва бахусус агар ба нафъи Осия Бибӣ бошад.”

Мазмуни шиори тарафдорони Таҳрики Лабайк дар тазоҳурот: Осияро ба дор овезед.
Мазмуни шиори тарафдорони Таҳрики Лабайк дар тазоҳурот: Осияро ба дор овезед.

Чанд ҳазор нафар аз исломгароёни тундрав рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Лоҳури Покистон тазоҳурот карданд ва баъзеашон таҳдид ҳам карданд, ки агар Осия Бибӣ озод шавад, ӯро мекушанд.

Ҳизби Таҳрики Лабайк, яке аз аҳзоби тундрави Покистон гуфт, агар нисбати ин зан “нармӣ нишон бидиҳанд”, оқибатҳои он ваҳшатнок мешавад. Дар баёнияи ҳизб омадааст, “Дар сурати супурдани ӯ ба кишвари хориҷӣ, оқибатҳои он ваҳшатнок мешавад.”

Аъзои хонаводаи Осия Бибӣ ҳоло дар Лондон ҳастанд ва бо кӯмаки як созмони хайрияе омадаанд, ки ба масеҳиёни гирифтори хатар дар саросари ҷаҳон кӯмак мекунад.

Покистон барои куфргӯӣ, ҳукми қатл муқаррар кардааст ва чандин нафар чунин ҷазо гирифтаанд, вале ҳукми ҳеҷ яке аз онҳо то кунун иҷро нашудааст. Баъзе аз ин гуна афродро дертар озод кардаанд ва онҳо низ аз тарси хатар ба ҷонашон аз Покистон гурехтаанд.

Маркази Адолати Иҷтимоӣ дар шаҳри Лоҳур мегӯяд, ки аз соли 1987 то соли 2016 дар Покистон камаш 1472 нафар ба куфргӯӣ муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи созмон, аксарияти онҳо худи мусулмонон баъдан пайравони ҷараёни Аҳмадия, масеҳиён ва аққалиятҳои ҳинду ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксар вақт ифротгароён ва ҳам мардуми оддӣ дар Покистон бо сӯистифода аз Қонун дар бораи куфргӯӣ, аз фарде, ки ба ӯ хусумат доранд, ниқор мегиранд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG