Пайвандҳои дастрасӣ

Муттаҳам кардани се блогнавис ба "куфргӯӣ"


Рӯзи 17-уми март гурӯҳе дар Покистон тазоҳурот карданд ва хостанд шабакаҳои иҷтимоии дорои "куфргӯӣ" баста шаванд.

Дар Покистон се блогнависро ба “куфргӯӣ” муттаҳам кардаанд, ки барои он ҳукми қатл муқаррар шудааст. Мақомоти расмӣ рӯзи 24-уми март гуфтанд, ду блогнавис аз шаҳри Карочӣ ва яке дигар аз Исломобод ҳастанд. Ҳарсеро аввали ҳафта дастгир кардаанд ва онҳо то ҳафт рӯз то замони таҳқиқи навиштаҳояшон дар Интернет дар боздошт мемонанд.

Ба гуфтаи як мақоми расмӣ, яке аз блогнависон бо номи мустаори Аллома Аёз Низомӣ 12 ҳазор хонананда доштааст. Пештар аз ин дар рӯз 14-уми март Навоз Шариф, нахуствазири Покистон амр дод, ки вебсайт ва навиштаҳои дорои “куфргӯӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста ё пок карда шаванд. Ӯ гуфт, касоне, ки чунин матолиб менависанд, “ҷазои сахт” мегиранд.

Дар Покистон масъалаи “куфргӯӣ” бисёр ҳассос аст ва дар инҷо даҳҳо нафарро бо ҳамин иттиҳом куштаанд. То кунун панҷ нафар блогнависро ба тавҳин ба ислом муттаҳам кардаанд. Хабаргузории Ассосиэйтед Пресс мегӯяд, ки ҳамаи онҳо баъди таҳдидҳо аз кишвар гурехтаанд. Блогнависон мегӯянд, мақомот барои танқиди артиш ва хадамоти иттилоотии кишвар онҳоро ба “куфргӯӣ” муттаҳам карда ва ниқор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG