Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатл барои "куфргӯӣ" дар Фейсбук


Дар инҷо донишҷӯёни покистонӣ як ҳамсабақашонро ба куфргӯӣ муттаҳам карданд ва куштанд.
Дар инҷо донишҷӯёни покистонӣ як ҳамсабақашонро ба куфргӯӣ муттаҳам карданд ва куштанд.

Додгоҳе дар Покистон рӯзи 10-уми июн як марди шиамазҳабро бо гуноҳи “куфргӯӣ” дар Фейсбук ба қатл маҳкум кард. Ҳукми Темур Ризои 30-соларо додрас Шабин Аҳмад дар шаҳри Баҳовалпур дар вилояти шарқии Панҷоб эълон кард.

Додгоҳ гуфт, ки Темур Ризо соли 2016 дар Фейсбук дар ҳаққи рӯҳониёни бонуфузи суннимазҳаб ва ҳамсари паёмбар Муҳаммад носазо гуфтааст ва бояд ба қатл маҳкум шавад.

Дар Покистон, ки аксарияти мардумаш суннимазҳабанд, қонуни сахте дар бораи куфргӯӣ вуҷуд дорад ва барои тавҳин нисбат ба Худо, ислом ва пайғамбарон ҳукми қатл муқаррар шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки соли 2016 дар кишвар 10 мусулмон ва 10 ғайримусулмон бо иттиҳоми куфргӯӣ дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Покистон бо сӯиистифода аз қонун ба зидди куфргӯӣ афроди алоҳида аз ҳамдигар ниқор мегиранд.

XS
SM
MD
LG