Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: "Афсонаи 118 миллиард-долларии ҳукумат"


Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Пушти роёна (компютер) нишаста будаму ба ин фикр мекардам, ки чӣ кор кунам. Китоберо, ки чанд рӯзи пеш шурӯъ ба мутолиааш кардам бихонам, ё китоби достонҳои худамро такмил ва барои чоп омода кунам. Байни ин интихоби душвор монда будам, ки садои суҳбати падар ва бародарам диққатамро ҷалб кард.

  • Хабари дар “Авесто” чоп шударо хондед? -Мепурсиданд, бародари бузургам бо ҳайрати тамом.
  • Не, нахондаам, чӣ навиштаанд?
  • Тибқи барномаи Рушди миллӣ, ки ҳукумат қабул карда, қасд доранд, беш аз 118 миллиард доллар сармоя вориди Тоҷикистон кунанд.
  • Шояд 118 миллиард нею 18 миллиард бошад?
  • Ҳатто агар 18 миллиард ҳам бошад, барои як сол ин маблағи калонест. Ҳаҷми кулли буҷаи давлатӣ барои соли 2019 наздик ба 2,5 миллиард доллар таъйин шудааст. Сарчашмаи ин пулҳо куҷост? Ё боз пинҳонӣ аз мардум қисме аз заминҳои Тоҷикистонро фурӯхтаниянд?
  • Биёед, писарам, каме хушбин бошем. Агар ин маблағ воқеан дуруст аст, он барои рушду тавсиаи кишвар метавонад хеле муфид бошад.
  • Аз инҳо баъид аст, аммо ростӣ, агар метавонистанд 118 миллиард доллар ба Тоҷикистон ҷалб кунанд, чӣ мешуд!? Тамоми роҳҳо мумфарш мешуданд. Макотибу дармонгоҳҳо бо лавозими замонавӣ муҷаҳҳаз мешуданд. Чанд корхонаи саноатӣ метавонист, ба фаъолият оғоз кунад. Шояд фикре ба ҳоли нафақаи мардум мекарданду он зиёд карда мешуд. Не, ҳар чӣ фикр мекунам, камтар боварам меояд. Яъне онҳо воқеан дар 25-27 сол ҳамчунин коре накардаанд, ҳоло меоянд, амалӣ мекунанд? “Бузак намир-намир баҳор меояд” гӯед.

Намедонам дигар идомаи суҳбати бародару падарам чӣ шуд. То ҳамин ҷое ҳам, ки шунидам кофӣ буд, то даст ба кор шавам ва аз ин қазияи 118 миллиард долларӣ сар дароварам. Аввал аз “Авесто” хабарро ҷустам. Маълумам шуд, ки бародарам кулли хабарро на, фақат сарлавҳаи онро дидаанд. (Чун баъдан аз бародарам пурсидам, гуфтанд, ки ин хабарро дар навори яке аз шабакаҳои иҷтимоъӣ дидаанд, на аз сойти худи “Авесто”).

Асли матлаб ин аст, ки Тоҷикистон тибқи барномаи Рушди миллӣ воқеан мехоҳад, 118 миллиард доллар сармоя ба Тоҷикистон ворид кунад. Инҷо ба қавле ҳеч “хатои техникие” нашудааст. Фақат ин маблағ тибқи нақша барои 15 сол (2015-2030) дар назар гирифта шудааст.

Бо худам меандешидам: “ҳанӯз ҳам хеле бад нест”. Ҳатто дар 15 сол бошад ҳам, агар битавонанд воқеан аз ин маблағ ба дурустӣ истифода баранд, Тоҷикистони ман дар роҳи табдил шудан ба кишваре обод ва мутараққӣ метавонад қадаме бузург бардорад. Ҳаммеҳанонам метавонанд, билохира дар рифоҳ зиндагӣ кунанд ва барои пешрафти худу кишварамон бикӯшанд. Ба ин чизҳо, ки фикр мекардам, ҷолиб шуд, бидонам ҳукумат мехоҳад, аз куҷо ин маблағро ба даст орад. Ба сайти Вазорати молия сар задам. Шумо то ба ҳол ин сайтро дидаед? Тавсия медиҳам, боре ба ин сайт сар бизанед. Баъд идомаи матлабро бихонед, то нагӯед, ки ҳамеша танқид мекунам.

Сайти як вазорати кишвар чӣ тавр метавонад, бахше бо забони давлатӣ надошта бошад? Меҳани ман Тоҷикистон ном дорад, на Русия. Кормандони ин вазорат набояд бо ин рафтори бепарвоёнаашон ба забони давлатӣ тавҳин кунанд ва бояд ҳар чӣ зудтар бахши тоҷикии онро фаъол намоянд. Ин ки барои фиреби мардум намоишкорона гӯшаи сайт Tj ва En гузоштаед, гӯй ин сайт бахшҳое бо забони тоҷикӣ ва англисӣ дорад, танҳо хокпошӣ ба чашми мардум аст. Агар чанд иттилоъро бо забони тоҷикӣ дар сайте, ки тамоми қисматҳояш бо забони русӣ навишта ва номгузорӣ шуда, ҷой додаед, ин маънои онро надорад, ки дар сайт бахши тоҷикӣ ҳаст.

Ҳоло асри санг нест. Дар асре, ки зиндагӣ дорем, сайти ҳар вазорат симои он аст. Мардум бо боздиди он метавонанд, ба кору фаъолияти вазорат баҳо диҳанд. Аз боздиди сатҳии сайти Вазорати молия ду бардошт ҳосилам шуд:

  1. Вазорате, ки бо пул сару кор дорад, маблағе сарф накарда, ки барои худаш як сайти дурусту ҳисобӣ бисозад.
  2. Як корманди фаҳмида ва як зарра боҷуръат дар ин вазорат пайдо нашуда, ки бигӯяд ин тавр кор пеш намеравад. Бояд ислоҳ шуд.

Он қадар дилам монд, ки ҳатто нахостам, дигар он чиро, ки ба хотираш ба ин сайт ворид шудам, ҷустуҷӯ кунам. Аз сайт хориҷ шудаму аз гугл “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро пайдо кардам.

Маълумоте наздик ба сад саҳифа аст. Пас, фақат чакидаи он қисматеро, ки ба 118 миллиард доллар рабт дорад, бароятон меорам.

“Дар назар аст, ки шарикони рушд маблағгузориҳоро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ, ки ба ҳадафҳои нави рушди устувор ҷавобгў мебошанд, зиёд менамоянд. Ҳаҷми дурнамои воситаҳо барои 15 соли минбаъда аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Стратегия беш аз 118,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари ИМА (46,3 фоиз), маблағҳои буҷетӣ 56,1 млрд. доллари ИМА (47,5 фоиз) ва саҳми шарикони рушд 7,3 млрд. доллари ИМА (6,2 фоиз) рост меояд.”

  1. 56,1 млрд.$ яъне (47,5 фоиз)-и ин маблағро худи буҷа ташкил медода. Ин ба он маъност, ки ҳамасола ба як андозаи муайян маблағи буҷа рушд хоҳад кард? Ҳақиқат ё фиреб будани ин масъаларо замон ба ҳамаамон нишон хоҳад дод. Пас, сабр мекунем.
  2. 7,3 млрд. $ (6,2 фоиз) саҳми шарикони рушд буда, яъне ҳукумат ҳанӯз дастнигар аст. Ва интизор дорад, ки чунин маблағеро аз шарикони рушд ба даст орад. Инро ҳам ҳаволаи замон мекунему баъд аз амалӣ шудан ё нашудани он сари ин масъала бозмегардем.
  3. Шояд дар асл ин омори фиребо барномарезӣ барои тарҳи буҷаи кулли кишвар аст ё орзуҳои осмонии чанд мансабдор? Агар чунин аст, чаро шакли матраҳ карданаш ин гуна аҷибу ғариб аст ва ё махсус норавшан ва бо ҷумалоти тумтароқу печида баён кардаанд? Шояд иқтисоддони баинсофе онро содатар шарҳ медиҳаду ин сардаргумиро бартараф мекунад.

Ба ҳар сурат он чӣ таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, 54,7 млрд. доллари бахши хусусӣ буд, ки (46,3 фоизи) маблағи умумиро ташкил медиҳад. Ҷумалоти зер он чизест, ки дар Стратегияи миллии рушд овардаанд:

“Дар фарқият бо СМР-2015 нақши муҳимро вобаста ба маблағгузории Стратегияи мазкур сармоягузориҳои хусусӣ, чӣ дар шакли мустақими хориҷӣ ва чӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебозанд. Барои ин самтҳои фаъолияти дар стратегия муайяншуда беҳтар намудани муҳити фаъолияти сармоягузорони хориҷию дохилӣ, ки ҳамчун самара ба имкониятҳои иловагии буҷет таъсир мерасонад, дар назар дошта шудааст.”

Аз забони ин санад чизе намегӯям. Чунон печидаву дур аз табиати забони ноби тоҷикон аст, ки шояд хеле аз нуктаҳоро аслан намешавад фаҳмид. Сухан кутоҳ, агар дар оғоз ман бо умед дунболи асли ин қазия мегаштам, пас аз огоҳӣ ёфтан аз он ноумед шудам. Медонед чаро?

Чун лофҳо зиёд ва ҳақиқатҳоеро, ки мисли офтоб намоёну рушан ҳастанд, мехоҳанд пинҳон намоянд. Аз кадом “беҳтар намудани муҳити фаъолият” сухан меравад?

Ҳамасола даҳҳо корхона ва ҳазорон соҳибкор фаъолияти худро қатъ мекунанд. Зери бори молиёти гуногун ва камаршикан ва фасоду санҷишҳои пайдарпайи мақомот ҳазорон соҳибкор ба дод омадаву ё аз бозори кор берун рафтаанд ва ё тарки ватан кардаанд. Муҳити солими тиҷорат дар кишвар вуҷуд надорад. Тамоми бахшҳои даромадзо дар инҳисори як гурӯҳи наздик ба роҳбари ҳукумат аст. Имтиёзҳои пай дар пай барои онҳо фазои рақобатпазириро куллан аз байн бурдааст.

Раисҷумҳур ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта навори сурхи ифтитоҳи як-ду корхонаро мебурад. Аммо... Бештари ин корхонаҳо дар муддати кутоҳ баста ё варшикаста мешаванд. Худи ин магар нишона аз солим набудани муҳити фаъолият ва салб шудани эътимоди сармоягузорон барои рушди тиҷораташон дар кишвари мо нест?

Ҳатто ҳамон ширкатҳое, ки имтиёзи фаровон барояшон дода мешавад, ҳар аз чанд гоҳе ба мушкил рӯ ба рӯ шуданашонро эълом мекунанд. Аз ҷумла ҳамин ширкати “Фароз”, ки агар бигӯем, ниме аз иқтисоди Тоҷикистон аст, иштибоҳ намекунем. Чун онҳо аз истихроҷи тилло, ангишту сурма гирифта то бимаи тиббию тартиби ҳуҷҷати ронандагӣ ва маконҳои истироҳатие мисли “Сафед-дарра” ва “Кули Душанбе”-ро дар ихтиёр доранд.

Магар ҳамин чанд вақти пеш, дар моҳи сентябр, аз варшикаста шудани “Фароз”-и қудратманд, бонуфуз ва муҳимтар аз ҳама дорои имтиёзҳои бешумор аз сӯи ҳукумат хабарҳое дар расонаҳо пахш нагашт?

Дуруст, ки баъд маълум шуд танҳо ба хотири ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бахши “сӯзишворӣ”-ро бастаанд. То як тавре номи худашонро, ки чанд соласт ҳамчун “монополист” шинохта шудааст, тамиз гардонанд.

Агар аз масъалаи “Фароз” ҳам бигзарем, як суол боқӣ мемонад. То ба кай қарор аст, сари мардум бо ҳарфҳои норушану печида ва арқоми беасос шира бимоланд? Ҷалби сармоягузорон дар шароити феълии кишвар ва самар додани он ба нафъи кишвар ва рушди иқтисоди он то куҷо ҳақиқат дошта метавонад?

Ин қазияро танҳо дар як ҷумла метавон ташреҳ кард: “Ҳукумат ин бор талош дорад бари гӯши мардум афсонае ба дарозои 15 сол ва бузургии 118 миллиард доллар бихонад!”

Зеварбону Рауфӣ

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (32)

Гузоришҳои видеоӣ

Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG