Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин сарбозони амрикоӣ хоки Ироқро тарк карданд. Пайомадаш чист?

Сарбозони амрикоӣ дар Ироқ. Акс аз соли 2020
Сарбозони амрикоӣ дар Ироқ. Акс аз соли 2020

Эҳтимол 30-юми сентябри соли 2026 ҳамчун рӯзи беруншавии ниҳоии сарбозони Амрико аз Ироқ дар таърих бимонад. Баъзе аз шореҳон беҳтар мешуморанд, ки аз ҳоло натиҷагирӣ нашавад, чун соли 2011 ҳам сарбозони амрикоӣ аз Ироқ хориҷ шуда, аммо бо зуҳури даҳшатафканони "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дубора ба онҷо баргашта буданд. Вазъи ҳозира ҳам нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми сентябр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида вазифаҳояшро дар Ироқ такмил намуд ва ин кишварро бо хотири ҷамъ ба сарвазири нав месупорад.

"Имрӯз бо ифтихор эълон мекунам, ки охирин сарбозони амрикоӣ аз Ироқ берун мешаванд. Мо кишварро замоне тарк мекунем, ки соҳиби беҳтарин сарвазири нав мешавад. Ӯ, дӯстам, Алӣ Зайдӣ мебошад," – афзуд Трамп.

Доналд Трамп, Вашингтон, 30-юми сентябри 2026
Доналд Трамп, Вашингтон, 30-юми сентябри 2026

Бо ҳамин, баъд аз ду даҳсола ҳузури низомии Амрико дар Ироқ поён меёбад.

Ба ин муносибат дар Бағдод ва минтақаҳои дигари Ироқ ҷамъомаду гаштҳои ботантана барпо шуд, аммо коршиносон аз он нигаронанд, ки гурӯҳҳои ниманизомии рӯ ба Эрон ва ҷангҷӯёни ДОИШ бо истифода аз холигоҳи амниятӣ талошро барои қудрат шуруъ мекунанд.

Нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2003 вориди хоки Ироқ шуда, раҳбари пешини он кишвар, диктатор Саддом Ҳусейнро барканор карданд, аммо минтақа бо ошӯбҳову бесарусомонии густурда мувоҷеҳ шуд.

Кандани муҷассамаи Саддом Ҳусейн дар маркази шаҳри Бағдод, 9-уми апрели соли 2003
Кандани муҷассамаи Саддом Ҳусейн дар маркази шаҳри Бағдод, 9-уми апрели соли 2003

Амрикоиҳо бори аввал дар соли 2011 аз Ироқ хориҷ шуда буданд. Аммо дар камтар аз се сол гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ як бахши бузурги Ироқро таҳти тасарруф дароварда, ҳукми хушунатбори худро ҷорӣ намуд. Дар чунин ҳол амрикоиҳо ба Ироқ баргашта, дар решакансозии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба сарбозони ироқӣ кумак расониданд.

Дар ин солҳо дар Ироқ беш аз чоруним ҳазор низомии амрикоӣ ва тибқи омори як лоиҳаи хоси ироқӣ, бо номи “Body Count”, беш аз 200 ҳазор шаҳванди ин кишвар ҳалок шудаанд.

Колин Кларк, шореҳи маркази таҳқиқотии “Соуфан”, воқеъ дар Ню-Йорк, тахмин мекунад, ки акнун Эрон кӯшиш хоҳад кард тавассути гурӯҳҳои шиамазҳаби ҷонибдораш нуфузи худро дар ин кишвар бештар кунад.

Ӯ афзуд: "Эрон ҳар заъфи Амрикоро ҳамчун имкони фишор ва тавсеаталабӣ арзёбӣ мекунад. Ман пешбинӣ мекунам, ки эрониҳо дар халои ба вуҷудомада бозуи худро намоиш медиҳанд!"

Кларк афзуд, эҳтимол ҷангҷӯёни ДОИШ низ вазъи кунунии Ироқро ҳамчун пайти муносиб барои эҳёи қудраташ истифода барад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Артиши Амрико аз Ироқ берун шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG