Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус дар Курск 9 асири украиниро куштаанд


Як сарбози Украина, ки аз асорат раҳо шудааст.
Як сарбози Украина, ки аз асорат раҳо шудааст.

Тарҳи Deepstate навиштааст, ки низомиёни рус дар вилояти Курск нӯҳ низомии асири украиниро куштаанд.

Ба навиштаи Deepstate, ҳодиса рӯзи 10-уми октябр рух додааст ва ҳамчун далел аксеро аз ҷои ҳодиса низ нашр кардааст.

Хабарнигорони тарҳ навиштаанд, ки ин низомиён дар муҳосира афтода, то охирин тирашон мубориза бурдаанд ва дар ниҳоят таслим шудаанд. Русҳо онҳоро бесилоҳ ва нималуч карда, баъдан куштаанд.

Дар аксе, ки Deepstate нашр кардааст, нӯҳ ҷасади нимурёни рӯ ба замин дида мешавад.

Дмитрий Лубинетс, Ваклоатдори ҳуқуқи инсон дар Украина ин рафтори сарбозони русро вайрон кардани аҳдномаи Женева донистааст.

Бар асоси ин аҳднома, қатли асирон ҷинояти ҷангӣ дониста мешавад ва онҳое, ки ба ин кор даст мезананд, бояд ҷазо гиранд.

Ӯ гуфтааст, ки "Русия як кишвари террористӣ аст, ки ҳама қонунҳои ҷангро вайрон мекунад."

Русия ҳанӯз ин мавзуро шарҳ надодааст, вале Украина аз ин амали низомиёни рус ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят кардааст.

Ҳодисаи аз ду ҷониб кушта шудани асирон дар ҷанги Русия дар Украина борҳо расонаӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG