Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори наве аз ҷаласаи интихоби Хоманаӣ ба унвони раҳбари Эрон дар 29 соли пеш


Навори наве аз ҷаласаи пӯшидаи интихоби Саид Алии Хоманаӣ барои раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маҷлиси хибрагон, мунташир шудааст. Алии Хоманаӣ пас аз даргузашти бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Руҳуллоҳ Хумайнӣ дар ҷаласаи фавқулоддаи моҳи майи соли 1989 -и Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, то замони баргузории ҳамапурсии бознигарии Қонуни Асосӣ, ба унвони раҳбари "муваққат" интихоб шуд.

Саид Алии Хоманаӣ дувумин раҳбари Эрон аст. Тибқи Қонуни Асосии Эрон, вай олитарин мақоми кишвар ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба шумор меравад.

Ҳайати раисаи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ дар эъломияи худ ишорае ба муваққат будани ин интихоб накардааст. Маҷлиси хибрагон пас аз тағйири шароити интихоб ба раҳбарӣ, монанди шарти "марҷаият"(марҷаи тақлид будан), дар ҳамапурсии бознигарии Қонуни Асосӣ, дар тобистони ҳамон сол ҷаласаи фавқуоддаи дигар дар "таъйид"-и раҳбарии Алии Хоманаӣ баргузор кард.

Алии Хоманаӣ дар суханронии худ мегӯяд, "аввалан воқеан бояд хун гирист бар сари ҷомеаи исломӣ, ки ҳатто эҳтимоли (раҳбарии) касе мисли банда дар он матраҳ шавад". Ӯ дар идома мегӯяд, "масъала мушкили фаннӣ ва асосӣ дорад."

Дар бахше аз ин суханронӣ оқои Хоманаӣ дар мухолифат бо интихоби худ мегӯяд, "чӣ аз назари Қонуни Асосӣ ва чӣ аз назари шаръӣ барои бисёре аз оқоён, ҳарфам ҳуҷҷияти (ҳуҷҷат -- РО) ҳарфи раҳбарро надорад... ин чӣ раҳбарӣ хоҳад буд."

Алии Хоманаӣ дар идома мегӯяд, "дар ҳамин ҷаласа чанд нафар аз оқоён сӯҳбат карда ва баён намуданд, ки банда (аз назари масоили шаръӣ), соҳибназар нестам."

Навори наве аз ҷаласаи интихоби Хоманаӣ ба унвони раҳбари Эрон дар 29 соли пеш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:42 0:00

Дар қисматҳое аз ин навори видеоӣ суханони аъзои маҷлис ва низ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, президенти пешини Эрон низ сабт шудааст. Оқои Рафсанҷонӣ мегӯяд, ӯ қасд доштааст дар ҳимоят аз раҳбарии шӯроӣ сухан бигӯяд, аммо чун аксария ба раҳбарии фардӣ раъй доданд, аз ин кор сарфи назар мекунад.

Саид Алии Хоманаӣ дувумин раҳбари Эрон аст. Тибқи Қонуни Асосии Эрон вай олитарин мақоми кишвар ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар ба шумор меравад.

Аммо Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ маҷлисе аст, ки аз фақеҳони "воҷиди шароит" ташкил ёфтааст ва "валии фақеҳ" (раҳбари Ҷумҳурии исломӣ)-ро интихоб мекунад. Муддати ҳар давраи ин маҷлис, ки аъзо тариқи интихобот ва аз сӯи мардум мустақиман ва махфӣ интихоб мегарданд, ҳашт сол аст.

XS
SM
MD
LG