Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиш: Ҷавонҳои тоҷик мехоҳанд ба Русия ва Аврупо раванд


Як ҷавони тоҷик эълонҳои намояндагии расмии Русия дар Душанберо мехонад. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Дар як пажӯҳиши коршиносони Бунёди Фридрих Эберти Олмон, ки аз соли 2014 то 2016 анҷом шуда, ахиран дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон муаррифӣ гардид, 9 дарсади ҷавонҳои тоҷик гуфтаанд, хоҳиши зиндагӣ дар кишварҳои хориҷиро доранд. Аксари онҳо Русия ва бақия Аврупову Ғарбро ҳамчун макони ҳиҷрати худ номбар кардаанд.

  • Ин таҳқиқот дар чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ (ба истиснои Туркманистон) анҷом шудааст. Дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон, назари 1000 ҷавони аз 14 то 29-соларо пурсидаанд.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ҷавонони тоҷик бештар шефтаи имтиёзҳои иҷтимоии давлати Русия шуда, орзу мекунанд, ки шаҳрвандии кишвари “бародари бузург”-ро дарёфт намоянд.

Натиҷаҳои таҳқиқот баёнгари он аст, ки бештари ҷавонҳо ба хотири беҳбуди вазъи иқтисодӣ, баъзе барои кор ва иддае дигар ба хотири гуногунрангии фарҳангӣ ба хориҷа кӯч банданд. Беш аз 78 дарсади ҷавонҳо гуфтаанд, ки ба ҳеч сурат намехостанд аз Тоҷикистон бираванд.

Дар ҳамин ҳол, 56 дарсади ҷавонҳои тоҷик гуфтаанд, ки мехостанд дар мактабҳои хориҷӣ таҳсил кунанд ва аз ин назар барои онҳо мактабҳои олии Русия (42 %), Амрико (16 %), Чин (8 %) ва Иттиҳодияи Аврупо (7,7 %) ҷалби таваҷҷӯҳ мекардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар посухи катбӣ аз намояндагии Бунёди Фридрих Эберт дар Алмаатои Қазоқистон рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки ҳадафи анҷоми ин пажӯҳиш муайян кардани вазъ ва хостҳои ҷавонони Тоҷикистон, орзуву арзишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва дунявии насли наврас буд.

Ин созмон мегӯяд, омӯзиши афкор ва тамоюли ҷавонҳо дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои онҳо буда, аз соли 1953 ба ин тараф анҷом мешавад.

Аксари коршиносони тоҷик мегӯянд, таваҷҷӯҳи бештари ҷавонони тоҷик ба имкони таҳсилу зиндагӣ дар Русия қобили дарк аст. Чун, ба гуфтаи онҳо, ин кишвар макони кору зиндагии беш аз як миллион сокини Тоҷикистон аст ва аз даврони Шӯравӣ аз назари забону менталитет барои аксарият наздику ошност.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик, гуфт, воқеан ҳам ҷавонон дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ майл доранд, дар Русия таҳсил кунанд. “Бахусус, ҷавонони тоҷик бо дарназардошти имкониятҳои таҳсил дар Тоҷикистон ба омӯзиш дар Русия бештар таваҷҷӯҳ доранд. Бахусус, баъд аз онки ҳоло Думаи давлатии Русия мавзӯи ба хатмакардаҳои аълохони хориҷӣ додани шаҳрвандии Русияро ба баррасӣ гирифтааст”.

Раҳмон Улмасов афзуд, дар чанд соли ахир таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла дар донишгоҳҳои Бритониё низ бештар мушоҳида мешавад. Аммо бархе аз соҳибназарони дигар мегӯянд, ҷавонони тоҷик бештар шефтаи имтиёзҳои иҷтимоии давлати Русия шуда, орзу мекунанд, ки шаҳрвандии кишвари “бародари бузург”-ро дарёфт кунанд. Бо ин вуҷуд, пажӯҳишгарони Бунёди Фридрих Эберт муайян кардаанд, ки танҳо сеяки ҷавонон таҳсил дар хориҷ аз Тоҷикистонро орзу мекунанд.

Музаффар Олимов, пажӯҳишгари маркази таҳқиқотии “Шарқ”, мегӯяд, Русия кишвари аслии муҳоҷирпазири тоҷик дониста мешавад ва табиист, ки ҷавонон аз хурдӣ мехоҳанд озими ин кишвар шаванд. Зеро, ба гуфтаи вай, ҳоло танҳо ду кишвар, Русия ва Қазоқистон омода ҳастанд, муҳоҷирони кории тоҷикро бипазиранд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Олимов дар бораи омилҳои таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик барои зиндагӣ дар Русия гуфт, “бешак, танҳо Русия омода аст муҳоҷирони тоҷикро бипазирад. Барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ ҳадди ақал донистани забони хориҷӣ зарур аст. Донандаҳои забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон хеле кам аст. Дуруст аст, ки ҷавонон орзуи таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, аммо барои расидан ба ин ҳадаф ҳам маблағ ва ҳам донистани забон ҳатмӣ мебошад. Ба ин далел, бештаре аз ҷавонон ҳадди ақал зиндагӣ дар Русияро авло медонанд.”

Коршиносон мегӯянд, дарсади камтари ҷавонон, ки зиндагиву кор дар хориҷаи дур, аз ҷумла Ғарбу Осиёро интихоб мекунад, аз қишри доротари Тоҷикистон буда, имкони молии беҳтари сафар ба дуртар аз Русияро доранд. Ин бахши ҷавонҳо барои таҳсил ба хориҷаи дур рафта, талош мекунанд бо донишу дипломи мактабҳои он кишварҳо дар ҳамон давлатҳо бимонанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар солҳои ахир беш аз 30 ҳазор ҷавони тоҷик бо ҳадафи таҳсил ба хориҷа рафтаанд.

Як ҷомеашиноси дигар гуфт, давлат аз сафари ҷавонҳо барои таҳсилу кор дар хориҷа наҳаросад, магар инки барномаҳои таълимӣ хилоф бо идеологияи ҳукуматӣ набошад. Масъала дар он аст, ки на ҳамаи ин ҷавонҳо омода ҳастанд дубора ба Тоҷикистон баргашта, дар дохил кор кунанд. Яке аз мушкилоти рақами аввали хатмкардаҳои донишгоҳҳои хориҷӣ пайдо кардани кор аз рӯи ихтисос ва бо маоши шоиста мебошад. Ин мушкил ба фирори мағзҳо аз Тоҷикистон сабаб мешавад, ки шурӯъ аз солҳои ҷанги дохилии кишвар то имрӯз вуҷуд дорад ва соҳаҳои зиёд, аз ҷумла тиббу маориф аз камбуди мутахассисони ҳирфаӣ азият мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG