Пайвандҳои дастрасӣ

“Писаратон чӣ кора?” Ҷавонони муҳоҷир дар “рӯйхати сиёҳи” хонаводаи арӯс


  • “Писаратон чӣ кора аст?” Суоли маъмулие, ки волидони духтар ҳангоми хостгорӣ аз наздикони домод мепурсанд. Посухи “муҳоҷири корӣ дар Русия” волидони ҷониби духтарро хушнуд намекунад. Дар аксар маврид волидони духтар ба ин гуна хостгорҳо посухи рад медиҳанд.

Вақте фаҳманд, ки домод муҳоҷир аст...

Чанд ҳамсоя ва дӯсти мо ба бачаҳои муҳоҷир духтарашонро ба шавҳар доданд. Як сол нагузашта, аллакай хонаи духтарашон вайрон шуд. Ҳоло онҳо дар хонаи падарашон ҳастанд.

Раҳим Бобокалонов раисии як маҳалларо дар мавзеи Миршикорон дар канори шаҳри Душанбе бар ӯҳда дорад. Бар замми корҳои дигари ҷамъиятӣ ӯ бо дархости волидони ҷавонон ба хостгорӣ меравад. Бобокалонов, ки ҳадди ақал ҳар ҳафта дар як маросими хостгорӣ ширкат мекунад, рӯзи 19-уми август гуфт, агар домодшаванда аз шумори муҳоҷирони корӣ бошад, аксар хостгориашон ноком мешавад.

Ӯ гуфт, “ягон чизро ба инобат намегиранд, на қаду басти писарро, на хонаводаашро. Ҳамин, ки фаҳмиданд, писар ба Русия рафта меояд, рӯирост ҳам набошад, тариқи нафарони дигар ба хонаводаи домодшаванда ҷавоби рад медиҳанд.”

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар ин миён муҳоҷироне хуштолеъ ҳисоб мешаванд, ки дар тӯли солҳои муҳоҷираташон шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро ба даст овардаанд. Агар ҷавон “соҳиби паспорти сурх (манзур шиносномаи Русия) аст, бахташ омад кардааст ва дар ин сурат хостгорӣ осон аст. Хостгорӣ барои чунин ҷавонон бо тӯй анҷом меёбад”, - мегӯяд Раҳим Бобокалонов.

“Духтарамро надодам. Чаро?”

Сокинони Тоҷикистон аз шумори онҳое, ки духтарони баркамол доранд, мегӯянд, намехоҳанд духтаронашонро ба муҳоҷирони корӣ ба шавҳар диҳанд, чунки ба ояндаи хуби духтарашон бо чунин ҷавонон бовар надоранд. Саида, як модар аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба чанде аз хостгорон бинобар муҳоҷири корӣ будани писарашон ҷавоби рад дод. Ӯ гуфт, “дар ним сол 5-6 хостгор омад. Аммо духтарамро надодам. Чунки чанд ҳамсоя ва шиносҳо ба бачаҳои муҳоҷир духтаронашонро ба шавҳар доданд, як сол нагузашта аллакай хонаи духтарашон вайрон шуд. Ҳоло онҳо дар хонаи падарашон ҳастанд. Барои ҳамин, духтарамро ба чунин нафарон надодам.”

Ин модар мегӯяд, ягона хосташ ин аст, ки домодҳо дар Тоҷикистон кору маоши муайяне дошта бошанд. “Намегӯям, ки дорову сарватманд бошад, аммо як кор дошта бошад дар ҳамин Ватан. Ҳамеша дар назди зану фарзанд бошад”, - афзуд Саида.

Волидони духтар аз чӣ метарсанд?

Марҳабо Зунунова
Марҳабо Зунунова

Марҳабо Зунунова, мудири созмони ғайридавлатии “Издивоҷ ва оила” мегӯяд, баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шумори духутарон аз писарон ба маротиб зиёд буд ва дар шароити вазнини иқтисодӣ волидон аз омадани ҳар хостгоре хушнуд буданд. Аммо ҳоло вазъият ба куллӣ беҳтар шудааст ва талабот ба домод низ бештар аст. Вай гуфт, “падару модарон аз он хавотир ҳастанд, ки мабодо домодшавандаи муҳоҷир дар Русия зан дошта бошад. Баъдан баъзе муҳоҷирон дар ин солҳои охир ба ҳар хел гурӯҳҳои тундрав шомил шуда, ба Сурия рафтанд. Аз ин чиз ҳам волидон нигаронанд ва ба муҳоҷирон бо чашми шубҳа менигаранд. Ҳар як падару модар мехоҳад, ки домоди ояндаашон соҳиби як кор бошад, ки зиндагии якҷояашон бо духтари онҳо ояндаи хубе дошта бошад.”

Зимнан додгоҳҳои Тоҷикистон, ки аризаи оилаҳоро барои бекор крадани никоҳ баррасӣ мекунанд, мегӯянд, муҳоҷирати корӣ яке аз сабабҳои азҳампошии зиёди оилаҳои ҷавон аст. Барои мисол, бинобар иттилои додгоҳи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар ним соли 2016 дар ин ноҳия 57 ақди никоҳ бекор шудааст, ки яке аз сабабҳои он муҳоҷирати кории мардон ба хориҷа аст. Тавре дар торнамои ин додгоҳ гуфта мешавад, пас аз пошхӯрии оилаҳо низ бинобар дар муҳоҷират қарор доштани мардон ситонидани алимент аз ин тоифа душвориро пеш меорад.

Муҳоҷират ва зиндагии ҷавонони тоҷик

Муҳоҷирати корӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон пас аз солҳои 2000-ум авҷ гирифт. Онҳое, ки донандаи забони хориҷӣ ва касбу маълумоти муайяне буданд, дар тӯли ин солҳо соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар ин кишвар ҳатто соҳиби манзили шахсӣ ва кори муайяне шуданд.

Бинобар омори нуфусшумории охир дар Русия 230 ҳазор тоҷиктабор шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, сокини муқимии ин кишвар шудаанд. Ҷамшед Қуддусов, коршиноси умури иҷтимоӣ ва роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Сотсервис», мегӯяд, ҳоло аксаран онҳое ҳар мавсим ба муҳоҷират мераванд, ки на дар Ватан ва на дар Русия ҷойи кори собит ва муайян надоранд. “Дар ҷомеаи мо пас аз он буҳроне, ки ба вуҷуд омад, муҳоҷирати корӣ ба унвони як кори муваққатӣ пиндошта мешавад. Муҳоҷир имрӯз кор дорад, пагоҳ не ва бинобар ин волидон ҳам намехоҳанд тақдири ояндаи духтарашонро ба ӯ бовар кунанд”, - афзуд ӯ.

Қуддусов гуфт, пажӯҳишҳои охири ӯ нишон доданд, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар баробари бӯҳрон ва ё ҳар пасту баландии иқтисоди Русия сахт осебпазир ҳастанд. “Дар нахустин фурсат муҳоҷирони кори мо ҷойи корашонро аз даст медиҳанд, чунки дар муқоиса бо муҳоҷирони кишварҳо забондонӣ, ихтисос ва маҳораташон дар касбу ҳунар поин аст”, - иброз дошт Ҷамшед Қуддусов.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG