Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карикатураи нави Муҳаммад (с) дар шумораи нави Шарлӣ Эбдо (АКС+ВИДЕО)

Дар шумораи тозаи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” тасвири наве аз паёмбари Ислом нашр шудааст, ки дар даст навиштаи “Ман Шарлӣ ҳастам”-ро дорад ва ашк мерезад.

Маҷаллаи “Шарли Эбдо”-и Фаронса баъд аз ҳамлаи ҳафтуми январи соли ҷорӣ ба дафтари ин нашрия, ки боис ба куштори 12 нафар шуд, дар шумораи тозаи худ тасвири наве аз Муҳаммад (с), паёмбари Исломро, ба нашр расондааст. Дар ин тасвир паёмбар дар либоси сафед дида мешавад ва аз чашмонаш ашк ҷорист. Ӯ, инчунин, дар даст навиштаи “Ман Шарлӣ ҳастам”-ро дорад. Рӯзномаи фаронсавии Liberation мегӯяд, шумораи нави “Шарли Эбдо” рӯзи чоршанбеи 15 январ ба фурӯш хоҳад баромад.

Баъд аз ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба нашрияи “Шарли Эбдо” дар Порис кормандони техникиву танзнигорони нашрия феълан дар дафтари Liberation кор мекунанд. Давлати Фаронса ва дигар матбуоти он кишвар низ барои кумак ба ин нашрия ва танзнигоронаш иқдом кардаанд.

Посухи танзнигорон ба ҳамлаи Порис:

Посухи танзнигорон ба ҳамлаи Порис

Сергей Еркин (Русия)
1/14 Сергей Еркин (Русия)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Олексий Кустовски (Украина)
2/14 Олексий Кустовски (Украина)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Моно Найистонӣ (Эрон)
3/14 Моно Найистонӣ (Эрон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Муҳаммад Ирфонӣ (Афғонистон)
4/14 Муҳаммад Ирфонӣ (Афғонистон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Среко Пунтарик (Хорватия): "Шумо аз ҳамлаи навбатӣ барои ин танзҳо тарсидед? На, ман фақат рӯҳонии ҷангҷӯи католикро тасвир кардам."
5/14 Среко Пунтарик (Хорватия): "Шумо аз ҳамлаи навбатӣ барои ин танзҳо тарсидед? На, ман фақат рӯҳонии ҷангҷӯи католикро тасвир кардам."
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Гузел Ғарипова (Тотористон)
6/14 Гузел Ғарипова (Тотористон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Боб Зивкович (Сербия)
7/14 Боб Зивкович (Сербия)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Собит Курманбеков (Қазоқистон)
8/14 Собит Курманбеков (Қазоқистон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Маҷаллаи "Пингвин" (Туркия)
9/14 Маҷаллаи "Пингвин" (Туркия)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Де Лос (Беларус)
10/14 Де Лос (Беларус)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Ҷетон Микулович (Косово)
11/14 Ҷетон Микулович (Косово)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Киёнӯш (Эрон)
12/14 Киёнӯш (Эрон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Собит Курманбеков (Қазоқистон)
13/14 Собит Курманбеков (Қазоқистон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
Ҳумоюн Шинворӣ (Афғонистон)
14/14 Ҳумоюн Шинворӣ (Афғонистон)
Танзнигорон ё карикатуристҳои кишварҳои гуногун бо асарҳои хеш ҳамраъйии худро бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо", ки 7 январ аз дасти террористон кушта шуданд, баён доштаанд.
пешина
баъдӣ

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонйе маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлакё "Тину" ҳам буданд.

Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ дар амалиёти вижаи пулис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Гуфта мешавад, бародарон ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст ба ин кор задаанд.

То кунун бисёре аз гурӯҳ ва шахсиятҳои исломӣ ҳамла ба идораи ин маҷаллаи фаронсавиро маҳкум кардаанд. Юсуф Қарзовӣ, яке аз машҳуртарин уламои ислом ва раиси Иттиҳоди оламии уламои Ислом ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии "Шарли Эбдо” дар Порисро шадидан маҳкум кард ва гуфт, Ислом ба нафси инсонӣ эҳтиром қоил аст ва ҳамла ба онро ҳаром медонад. Гурӯҳи "Ҳамос" дар Фаластин низ дар баёнияе гуфт, ки бинобар ихтилофи ақида ва фикр наметавон ба чунин амал даст зад.

Таркиш ва тирандозӣ дар маҳалли муҳосираи гумонбарон:

Таркиш ва тирандозӣ дар маҳалли муҳосираи гумонбарон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Субҳи 8 январ гурӯҳе аз сокинони Душанбе низ дар назди сафорати Фаронса, ки он рӯз парчами миллиашро нимапойин карда буд, гул гузоштаву ба ёду қурбониёни ҳамла шамъ фурӯзон карданд. Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 8 январ дар вокуниш ба ҳамлаи Порис ба Радиои Озодӣ гуфт: "Амали террористӣ ва хуни ғайри ҳақро кӣ ҷонибдорӣ мекунад? Худо инкор мекунад, Пайғамбараш нафрат мекунад. Дар курраи Замин агар касеро кушанд, мо хафаву зиқ ҳастем. Аммо касе, ки ба Қуръону пайғомбари мо мусулмонон мекунад мо чӣ гуна муносибат кунем? Мо ба пайравони ҳазрати Исо ва Мусо коре надорем, ба онҳо беэҳтиромӣ надорем. Чаро онҳо нисбати пайғомбари мусулмонон беэҳтиромӣ мекунад. Оё фитна аз онҳост ва ё аз мо? Агар аз таҳқирҳои онҳо чанд сол ҳам гузашта бошад, аммо дар дили онҳое, ки ба Худову Расул ва Китоби осмонӣ бовар доранд, ин беэҳтиромии онҳо боқӣ мемонад."

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд изҳори таслият кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар таслиятномаи президент зикр шудааст, ки “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Charlie Hebdo” мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард." Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, "ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тайи баёнияе ин ҳамларо маҳкум кардааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG