Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба "Шарли Эбдо" кушта шуданд (2 ВИДЕО)


Полис ҳангоми наҷот додани гаравгонҳо
Полис ҳангоми наҷот додани гаравгонҳо

Матбуоти Фаронса хабар медиҳад, ҳарду гумонбари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" кушта шудаанд.

Пас аз чанд соат гуфтушуниди бенатиҷаи полиси Фаронса бо гумонбарони ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо"-ро дар як иншооти саноатӣ дар шаҳраки Дамартан-он-Гул, ҳардуи онҳо аз тарафи нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Бино бар гузоришҳо онҳо замоне ҳадафи тир қарор гирифтанд, ки бо тирандозӣ мехостанд, аз бино берун шаванд. Шоҳидон мегӯянд, аз ҷои воқеа сади таркиш ва тирандозиҳо ба гӯш расид. Бар фарози бинои саноатӣ фағонаи дуд баланд шуд.

Ин дар ҳоле буд, ки садҳо корманди полиси Фаронса минтақаро муҳосира карда, мақомот ҳамаи роҳҳои вуруду хуруҷ ва ҳам хатти парвози фурудгоҳи байнулмилалии Шарл де Голро, ки дар наздикии ҷойи воқеа аст, баста буданд.

Вазири умури дохилии Фаронса Бернар Казнев, ки ба ин амалиёт раҳбарӣ мекард, гуфт, бародарони Шариф ва Сайид Куачӣ ҳангоми берун шудан аз бинои як чопхона аз тарафи полис кушта шуданд. Ин ду гумонбар дар ҳоле ошкор шуданд, ки рӯзи 8-уми январ силоҳҳои "Калашников" ва мушакандоз дар даст як истгоҳи маводи сӯхтро ғорат кардаанд. Сипас онҳо мошинеро рабудаанд, ки сари фармони он зане менишаст. Онҳо занро раҳо кардаанд, аммо як нафари дигарро гаравгон гирифтаанд. Зан ин ду бародарро шинохтааст.

Таркиш ва тирандозӣ дар маҳалли муҳосираи гумонбарон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Бино бар хабари дигар марди мусаллаҳе, ки дар як фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ ба камияш 5 нафарро гаравгон гирифта буд, низ аз тарафи полис кушта шуд. Полис мегӯяд, ин шахс узви савуми гурӯҳе буд, ки ба идораи маҷаллаи ҳаҷвӣ дар маркази Порис ҳамла кардааст. Полис мегӯяд, ҳарду ҳамла ҳамзамон оғоз ёфтаанд. Аз сарнавишти гаравгонҳо ҳанӯз хабаре нашр нашудааст, аммо телевизонҳо нишон додаанд, ки чанд нафар аз ҷои воқеа берун оварда шудаанд. Марди мусаллаҳ дар фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ ҳангоми гаравгон гирифтани 5 нафар, якеро маҷрӯҳ карда буд ва бародарони Куачӣ дар бинои саноатӣ дар Дамартан-он-Гул як ё ду нафарро гаравгон нигоҳ медоштанд, ки гуфта мешуд, яке аз онҳо зан аст. Гаравгонгирон таҳдид мекарданд, ки дар ҳоли ҳамлаи полис гаравгонҳоро ба қатл хоҳанд расонд.

Шариф Куачии 32-сола ва бародари ӯ -- Сайиди 34-сола ҳамлавароне дониста мешаванд, ки рӯзи 7-уми январ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" (Charlie Hebdo) ворид шуданд ва кормандони онро тирборон карданд. Онҳо 12 нафар, аз ҷумла ҳамчунин ду афсари полисро ба ҳалокат расонданд. Ин бузургтарин ҳамла дар таърихи ним асри ахири Фаронса шумурда мешавад. Идораи маҷалла дар гузашта барои нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммад аз тарафи шабакаи Ал-Қоида таҳдид шуда буд.

Полис гумонбарони қатли журналистонро ба муҳосира гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз як мансабдори баландпояи Яман мегӯяд, Сайид Куачӣ дар соли 2011 ба Яман сафар ва бо мубаллиғи Ал-Қоида дар ин ҷо Анвар ал-Авлакӣ мулоқот карда буд. Шариф Куачӣ дар соли 2008 бо даст доштан дар шабакае маҳкум шудаанд, ки ҷавононро ба ҷанги зидди Амрико дар Ироқ мефиристод.​ Вакили пешини ӯ дар як барномаи телевизиони Фаронса рӯзи 8-уми январ аз Шариф Куачӣ даъват кард, "худро ба дасти полис супорад ва бо ин рӯшание ба қазия афканад".

Ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" аз ҳамлаи марговари 7-уми январ дар Порис истиқбол карданд ва ҳамлаваронро "қаҳрамонони ҷиҳод" номиданд. Пештар полиси Фаронса аз боздошти 9 нафар хабар дода буд, ки дар байни онҳо Ҳамид Муроди 18-сола худ ба полис муроҷиат кардааст.

Раҳбари Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск рӯзи 9-уми январ гуфт, дар ҷаласаи навбатии сарони иттиҳод чораҳои зидди ваҳшатафканӣ дар пайи рӯйдодҳои Порис баррасӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, ҳадаф дорад, ҳамоиши 12-уми январро барои баҳси васеи вокуниши Иттиҳоди Аврупоро ба ин таҳдидҳо ба дунболи "ҳамлаи барбариёнаи Порис" истифода кунад.

Дар ин байн марди мусаллаҳе дар як фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ ба камияш 5 нафарро гаравгон гирифт ва як нафарро замхӣ кард. Полис мегӯяд, ин шахс, ки бо тирандозӣ дар шарқи фурӯшгоҳи шарқи Порис шаҳрвандонеро асир гирифтааст, касест, ки рӯзи 8-уми январ як корманди полисро ба ҳалокат расонд. Полис бар ин аст, ки ин шахс низ узви гурӯҳи сенафараест, ки ба идораи маҷаллаи ҳаҷвӣ дар маркази Порис ҳамла кардааст.

XS
SM
MD
LG