Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори куштаҳо дар пойтахти Фаронса ба 12 нафар расид (ВИДЕО)


Раисиҷумҳури Фаронса ҳамлаи рӯзи 7 январ ба маҷалллаи “Charlie Hebdo”-ро, ки 12 кушта ба ҷо гузошт, “амали террористӣ” номид. Пулис мегӯяд, ҳамлагарон тавассути ду мошин фирор кардаанд.

Пулиси Фаронса мегӯяд, дар тирандозии рӯзи 7 январ дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар шаҳри Порис 12 нафар, бо шумули 2 афсари пулис ва 4 журналист, кушта шуданд. Пулис мегӯяд, 10 нафари дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардошта, вазъи бархе аз онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Матбуоти Фаронса аз қавли вакили маҷалла хабар дод, ки дар ин ҳамла сардабири “Charlie Hebdo” Стефан Шарбоне, мутахаллис ба Шарб ва рассомони танзнависи мутахаллис ба Кабу, Тигно ва Волински ҷон бохтаанд.

Маҷаллаи “Charlie Hebdo” баъди нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом Муҳаммад(с) чандин бора мавриди таҳдидҳо қарор гирифта буд.

Хабаргузории Associated Press аз қавли як шоҳид хабар дод, ки гуфтааст, дар ин ҳамла чанд марди мусаллаҳ даст доштанд. Ин расона ҳамчунин аз сӯҳбати як журналист бо як телевизиони маҳаллӣ иқтибос овардааст, ки ӯ дар маҳалли ҳамла силоҳбадастони ниқобпӯшро дидааст.

Телевизиони амрикоии CNN ва ВВС хабар доданд, ки ду марди мусаллаҳ вориди бино шуда, тақрибан 5 дақиқа тирандозӣ кардаанд.

Луи Понан, як мақоми пулис гуфт, ҳамлагарон дар ду мошин фирор кардаанд. Навори видеоие, ки телевизиони France 24.com намоиш дод, ҳамлагаронро ниқобҳои балаклаваи сиёҳ дар сар ҳангоми паррондани як нафар дар кӯча ва савор шуданашош дар як мошини хурду фирор аз ҷои ҳодиса нишон медиҳад.

Ин видеоро метавонед инҷо тамошо кунед:

Шоҳид Бено Брингер ба як телевизиони маҳаллӣ гуфт, “ҳудуди ним соат пеш ду марди ниқоби сиёҳ дар сар бо автоматҳои Калашников вориди бино шуданд. Баъди чанд дақиқа ман садои тирҳоро шунидам.” Ӯ афзуда, ки баъдан ин ҳамлагаронро ҳангоми фирорашон дидааст.

Ҳолланд дар маҳалли ҳамла
Ҳолланд дар маҳалли ҳамла

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, ки ба ҷои ҳодиса омад, ҳамла ба ин маҷалларо “амали террористӣ” номид ва гуфт: “Мо барои он ҳадаф қарор гирифтем, ки кишвари озодем.” Ҳолланд гуфт, имрӯз ҷаласаи изтирории ҳукуматро дар ин масъала барпо хоҳад кард.

Фаронса мизони омодабоши нирӯҳои амниятиаш дар пойтахтро ба ҳадди “таҳдиди ҳамла” боло бурдааст ва президент Ҳолланд гуфт, “тайи ҳафтаҳои охирн аз чандин ҳамлаи террористӣ” ҷилавгирӣ кардаанд."

Биноҳои собиқи идораи “Charlie Hebdo” дар соли 2011 дар пайи як сӯхтори барқасдона тахриб шуда буд. Он ҳамла зоҳиран посух ба нашри як шумораи вижаи ин маҷалла бо тасвирҳои танзомез дар бораи дини Ислом ва мусалмонон буд.

Кохи Сафед гуфт, ҳамлаи Порисро “бо як лаҳни шадидтарин” маҳкум мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як баёния гуфт, тирандозӣ дар Порис ҳамла натанҳо ба шаҳрвандони Фаронса, ба ҳамла ба “озодиии баёну озодии матбуот” буд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон низ аз тариқи Twitter ҳамлаи Порисро маҳкум кард. Ӯ навишт, “куштор дар Порис нафратовар аст. Мо дар набард алайҳи террор ва дифоъ аз озодии матбуот дар канори мардуми Фаронса хоҳем истод.”

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG