Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ба хотири Борис Немтсов раҳпаймоӣ мекунанд. ВИДЕО


Раҳпаймоӣ дар Тюмен
Раҳпаймоӣ дар Тюмен

Имрӯз дар чанд шаҳри Русия барои гиромидошти хотираи Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазир ва аз мунтақидони Кремл раҳпаймоиҳо баргузор шавад.

Дар саввумин солгарди қатли Борис Немтсов садҳо нафар дар Маскав, Санкт Петербург ва дигар шаҳрҳои Русия раҳпаймоӣ карданд.

Борис Немтсов яке аз мунтақидони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рӯзи 27-уми феврали соли 2015 дар рӯи як пул ва дар наздикии Кохи Кремл бо зарби тири туфанг куштанд. Қатли ӯ, ки хатар ба ҷони мухолифони давлат дар Русияро нишон дод, аз тарафи ҷомеаи байналмилал маҳкум шудааст.

https://www.facebook.com/radiosvoboda/videos/10155192117607554/?t=1499

Моҳи июли соли 2017 додгоҳи шаҳри Маскав панҷ сокини Ҷумҳурии Чеченистони Русияро бо гуноҳи қатли Борис Немтсов ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аммо хешовандон ва ҳамақидаҳои Борис Немтсов иддао доранд, ки сӯиқасд ба ҷони ӯро аз “боло” амр додаанд. Ба гуфтаи онҳо, то замоне, ки гунаҳкорони асосӣ ва дастурдиҳандагони қатл пайдо карда ва ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, адолат барқарор нахоҳад шуд.

Борис Немтсовро дар инҷо куштанд.
Борис Немтсовро дар инҷо куштанд.

Бо назардошти парвандаҳои пурсарусадои пешин ба мисли қатли Анна Политковская, хабарнигори шинохта дар соли 2006, мунтақидони ҳукумат мегӯянд, гунаҳкорони асосӣ ҳеҷ гоҳ ҷазо намегиранд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати таҳқиқи одилона, мумкин аст, ҳалқаи гунаҳкорон то ба Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва ё атрофиёни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бирасад.

Чанд рӯз пеш аз раҳпаймоиҳои 25-уми феврал, Сергей Собянин раиси шаҳри Маскав гуфт, лавҳаи ёдгории Борис Немтсовро дар биное гузошта мешавад, ки ӯ зиндагӣ мекард.

Раҳпаймоӣ барои гиромидошти хотираи Борис Немтсов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Инъикоси раҳпаймоиҳо ба забони русӣ дар ин вебсайтҳо қобили дарёфт аст.

https://www.svoboda.org/a/29061333.html

https://www.currenttime.tv/t/92.html

XS
SM
MD
LG