Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳкорони қатли Немтсов аз 11 то 20 сол зиндонӣ шуданд


Анзор Губашев ва Заур Дадаев дар додгоҳ. Рӯзи 13-уми июли соли 2017
Анзор Губашев ва Заур Дадаев дар додгоҳ. Рӯзи 13-уми июли соли 2017

Заур Дадаев, сарбози собиқи баталйони «Север»-и Вазорати умури дохилии Чеченистон, дар куштори сиёсатмадори мухолифи Кремлин Борис Немтсов айбдор ва ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Қарори Додгоҳи Русия дар ин бора рӯзи 13-уми июл содир гардид.

Додгоҳ, инчунин, Анзар Губашевро ба 19 ва бародараш Шадид Губашевро ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Темирлан Аскархонов барои 14 ва Ҳамзат Бахаев 11 сол равонаи зиндон шуданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми июл барои Заур Дадаев ҳабси абад ва ба дигарон аз 17 то 23 соли зиндонро талаб карда буд.

Нафари дигари муттаҳам дар ин қазия Руслан Муҳиддинов дар ғайбаш ба ташкили куштор айбдор гардид.

Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи қатли сиёсатмадори мухолифи Кремлин Борис Немтсов, моҳи октябри соли 2016 оғоз шуд. Дар ин муддат вакилони хонаводаи ӯ борҳо талаб карданд, ки раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба ҳайси шоҳид даъват шавад.

Борис Немтсов шаби 27-уми феврали соли 2015 дар Маскав кушта шуд.

XS
SM
MD
LG