Пайвандҳои дастрасӣ

Қодиров аз қатли Немтсов сӯҳбат кард


Раҳбарони мухолифон борҳо гуфтаанд, ки раҳбари Чеченистонро дар қатли Немтсов ҳамдаст медонанд.

Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, қатли Борис Немтсов ба онҳое даркор буд, ки ҳоло аз номи сиёсатмадори кушташуда барои ҳадафҳои худ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи вай, инҳо "нафароне мебошанд, ки бо суҳбатҳо дар атрофи Немтсов худро таблиғ мекунанд". "Пештар касе ба ин ҳизб ва ба ном фаъолон коре надошт. Акнун бошад, онҳо ҳамаро дар ҳар кор айбдор мекунанд", - шарҳ дод Қодиров.

Раҳбари Чеченистон ҳамчунин гуфт, ҳаргиз айбдорони қатли Немтсовро ҳимоят накардааст ва умедвор аст, ки тафтишот ва муҳокимаи додгоҳии онҳо одилона сурат мегирад. Аммо ҳамзамон вай ин гумонро низ дорад, ки Немтсов шояд қурбонии нақшаи вижае барои ба ҳам задани вазъи кишвар шудааст, ки тарроҳонаш дар "хориҷи кишвар"-анд.

Раҳбарони мухолифон борҳо гуфта буданд, ки раҳбари Чеченистонро ҳамдасти қатли Немтсов медонанд.

Дар мусоҳиба бо "Интерфакс" Қодиров дар бораи нақшаҳояш дар сурати канор рафтан аз вазифаи раҳбари Чеченистон гуфт (мӯҳлати ваколатҳояш 5 апрел анҷом меёбад), мехоҳад ба тарбияи нӯҳ фарзандаш ва "ҳалли вазифаҳои муайян" барои манфиати Русия машғул шавад. Аммо вай боз ҳам такрор кард, ки дар сурати хоҳиши президенти Русия омодааст, дар вазифааш монад. Пештар Кремл аз шарҳи ояндаи Қодиров худдорӣ карда буд. Мухолифон барканории ӯро талаб мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG