Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Набераҳоямро аз Ироқ оварданд, вале ба мо намедиҳанд". ВИДЕО


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. 30-юми апрели 2019
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. 30-юми апрели 2019

Аз замони ба Тоҷикистон овардани 84 кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқ як солу чаҳор моҳ мегузарад, аммо масъалаи зери тарбияи давлат ё наздиконашон мондани онҳо ниҳоӣ нашудааст.

Бобову бибии баъзе аз кӯдакон мегӯянд, ба тарбияи онҳо фурсату имкони кофӣ доранд, вале Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ба ин назар аст, ки "масъала ҳассос аст ва ба омӯзишу баррасии бештар ниёз дорад".

Ҳамза Тӯрабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, мегӯяд, мақомот соли гузашта ду набераи ӯро низ аз Ироқ оварданд, вале ба дархостҳояш барои гирифтани кӯдакон посухи дақиқ намедиҳанд. "Мехоҳем ба тарбияи худ гирем. Ба Омбудсмени ҳуқуқи инсон муроҷиат кардем. Ягон гапи дақиқ нагуфтанд. Танҳо гуфтанд, ки саломати кӯдакон хуб аст ва аз ҳуқуқашон ҳимоя мекунанд. Мо мехоҳем, кӯдаконро диҳанд, худамон бузург кунем", -- нақл кард ӯ рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳамон рӯз Ҳамза Тӯрабеков ҳамроҳи ду сокини дигари вилояти Суғд барои дидану гирифтани набераҳояшон аз шимол ба марказ омада буданд. Назриддину Абдулмуъмин аз вилояти Суғд низ айни мушкилро доранд.

Баҳодур Абдуллоев, ёвари Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати Ҳамза Тӯрабеков ва ҳамроҳони дигарашро дастрас карданд, вале дар ин бора маълумоти бештар дода наметавонанд. Ӯ гуфт: "Муҳтавои муроҷиати шаҳрвандро наметавонем ба шахси севум гӯем, ошкор намекунем. Лозим шавад, аз худи шаҳрвандон пурсед."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Набераҳоямонро аз Ироқ оварданд, вале ба мо нишон надодаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Талошҳо барои ба тарбияи худ гирифтани кӯдакони аз Ироқ овардашуда аз сӯи наздиконашон дар ҳолест, ки Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон моҳи июли имсол ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, ба наздикон супурдани кӯдакон "кори ҳассос" аст ва вақт металабад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, "қабл аз ин, бояд омӯхта шавад, ки оила то куҷо солим аст ва метавонад кӯдакро дуруст тарбия кунад."

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: "Фикр мекунам, дар оянда агар хоҳишмандон бошад, кӯдакон ба хешовандон дода мешаванд. То ҳол муроҷиатҳо аз сӯйи хешовандон барои ба тарбия гирифтани кӯдакон нашудааст. Онҳо фақат дидорбинӣ мехоҳанд."

Ҳабибуллозода афзуд, хешовандони кӯдакон ҳар моҳ ба Душанбе омада, аз аҳволи онҳо хабар мегиранд, аммо Ҳамза Тӯрабеков мегӯяд, набераи калонияшро бо гузашти беш аз як сол надидааст ва танҳо набераи хурдияшро нишон додаанд. "Муроҷиат кардем, ки набераи калониамро бинам, дар мактаб хонда истодааст гуфта нишон надоданд", -- гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан чанде аз кӯдаконро аз Ироқ оварда ва ба дасти наздиконашон супурда буданд ва қаблан дар бораи дар мактаб хондани яке аз онҳо гузориш шуда буд.

Ба қавли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, 84 наврасу кӯдаки аз Ироқ овардашуда дар мактаб-интернат ва муассисаҳои кӯдакона қарор дошта, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вай афзуд, кӯдакон дар шароити хуб ба сар мебаранд ва ба ҳаёти имрӯза мутобиқ шудаанд.

Қаблан Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳоро ба наздиконашон бидиҳанд. ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид чанд моҳ пеш ба номаи Радиои Озодӣ посух дода буд, ки "суръати баргардондани кӯдакон ба муҳити оилавӣ имконияти онҳоро барои аз нав сохтани зиндагӣ ва ояндаи хуб дар муҳити дастгирии оилавӣ ва муҳаббат зиёд менамояд".

Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, чӣ гуна будани муҳити хонаводагӣ барои ояндаи кӯдакони аз Ироқ овардашуда нақши муҳим мебозад. Ӯ мегӯяд, "кӯдаконе, ки ба хонаводаҳои наздиконашон дода мешаванд, қабл аз ҳама бояд раванди тавонбахшиву мутобиқсозӣ ба муҳитро гузашта бошанд. Чунин раванд ба камияш 6 моҳро фаро мегирад ва муҳлати он аз ҳолати ҳар як кӯдак низ вобастагӣ дорад."

Интиқоли 84 кӯдаку навраси тоҷик аз Бағдод ба Душанбе шаби 30-юми апрели соли гузашта сурат гирифта буд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд.

Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистиву кумак ба террорист” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Пештар гуфта мешуд, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG