Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷрӯҳ шудани 11 нафар дар садамаи "аттраксион"-и Душанбе. ВИДЕО, АКС


Акс аз маҳалли ҳодиса

Садама дар “аттраксион” ё алвонҷаки Боғи Нишони Давлатии шаҳри Душанбе (паҳлӯи Қасри Миллат) беш аз даҳ нафарро маҷруҳ кард. Ин ҳодиса соати ёздаҳи шаби 13-уми июн ва пас аз шикасти дастаи Тоҷикистон аз футболбозони Филиппин рух дод. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бино ба санҷиши муқаддамотӣ ҳодиса бо сабабҳои техникӣ рух дода, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд". Аз рӯи талабот алвонҷак 24 ҷойи нишаст дошт, вале маълум нест, ки шаби рух додани ҳодиса чанд нафар ба он савор шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Додситонӣ: "Мӯйро аз хамир ҷудо мекунем"

Ба қавли масъулони Боғи Нишони Давлатӣ, “аттраксион”-е, ки шаби гузашта шикаст, тақрибан 20 рӯз пеш аз Чин оварда ва насб шуда буд. Ҳоло алвонҷак ба таври комил хароб ва корношоям шудааст.

Дар Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса оғоз шуд ва афроде, ки дар ин кор ба камбуд роҳ доданд, ҷазо мегиранд.

Як масъули бемористони Қарияи Болои пойтахт гуфт, ки шаби гузашта даҳ нафар бо дасту пойи шикаста ба ин шифохона оварда шуда ва зери муоинаи пизишкон қарор гирифтаанд. Ба қавли ин масъули бемористони Қарияи Боло, шуморе аз маҷрӯҳон аз сар ҷароҳат бардоштаанд.

"Ҳодиса баъд аз бозии Тоҷикистон бо Филиппин рух дод"

Як масъули Боғи Нишони Давлатӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, шаби гузашта пас аз бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин ҷавонони зиёд ба инҷо омада ва ба болои ин алвонҷак савор шудаанд. Ба гуфтаи вай, бар асари вазни зиёд, пояҳои “аттраксион” тоб наоварда ва дар натиҷа садама рух додааст.

Абдувалиҷон Рауфов, сокини 25-солаи Душанбе, ки дар ин ҳодиса аз пояш захм бардоштааст, гуфт, ки ҳангоми аз боло ба поён омадан “аттраксион” шикаст ва пояш зери оҳанпораҳо монд. Ӯ гуфт, ки “захми ман сабуктар буд, аммо ҷароҳати рафиқам вазнин аст. Ҳарду пояш шикаста ва биниаш зарб хӯрдааст. Ман дар курсии байн нишаста будам ва поям зери оҳанпораҳои “аттраксион” монд. Дигар ҷунбида натавонистам. Моро бачаҳои дигар аз зери оҳанпораҳо халос карданд.”

“Мардум аз меъёр зиёд ба алвонҷакҳо нишастанд”

Шоҳидони дигар мегӯянд, ки “аттраксион” баъди ҳамагӣ чанд лаҳзаи ба кор даромаданаш шикаст. Ҷамшед мегӯяд, дар ин ҳодиса бародараш осеб дидааст ва ҳоло дар беморхона аст.

Бархе аз шоҳидон сабаби шикастани “аттраксион”-ро айби ҷавонон медонанд, ки бо вуҷуди таъкидҳои зиёди масъулин ба он савор шуданд. Бахтиёр, ки дар ин ҳодиса нисбат ба дигар иштирокдорон осеби вазнинтар гирифтааст, мегӯяд, “мардум аз меъёр зиёд ба алвонҷакҳо нишастанд”.

"Соҳиби "аттраксион" гуфт, ки..."

“Соҳиби “аттраксион” гуфт, ки зиёд нашинед, аммо ҷавонон ба гапи ӯ гӯш накарданд. Дар курсиҳо 4-5-нафарӣ баромада нишастанд. Курсиҳо пурра шуда буд, ки боз аз поён ҷавонон омада, маҷбурӣ нишастанд. Вақте “аттраксион”-ро ба кор дароварданд, баъди чанд лаҳза шикаст ва ба замин афтод.”

Ба қавли масъулони Боғи Нишони Давлатӣ, “аттраксион”-е, ки шаби гузашта шикаст, тақрибан 20 рӯз пеш аз Чин оварда ва насб шуда буд. Ҳоло алвонҷак ба таври комил хароб ва корношоям шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG