Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"14 сол тоқат кардам... нашуд"


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ваъда додааст, ки ба масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хушунат дар оилаҳо маслиҳат хоҳад дод. Ин мавзӯъ ахиран дар суҳбати Стив Свердлов ва Виктория Ким – намояндагони Human Rights Watch – бо полковник Зумрад Абдуллозода, раҳбари бахши байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, баҳс шудааст.

Зумрад Абдуллозода рӯзи 14 сентябр ба Озодӣ гуфт, намояндагони Human Rights Watch бо масъулони ниҳодҳои дигари Тоҷикистон суҳбат

Мавриди таҳқиру озор қарор медод, аммо ман ба хотири 3 фарзанд ин ҳама ҷабру ситамро таҳаммул кардам.
Мавсума Назирова

карда ва шеваҳои ҳамкориро дар бахши пешгирии зӯроварӣ дар оила муҳокима хоҳанд кард. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ низ гуфт, дар вазорат бахши махсуси мубориза бо хушунати хонаводагӣ фаъолият дорад ва ин ниҳод алоқаманд аст, ки дар ин замина бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта бошад.

Зӯроварӣ дар оила аз мавзӯъҳои ҳассос дар Тоҷикистон ҳисоб ёфта ва дар бархе маврид ба худкушӣ, азҳампошии оила ва оқибатҳои дигари нохуш сабаб шудааст. Гуфта мешавад, дар ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила бештар занҳо ҷабр дида ва онҳо тақозо доранд, ки афроди гунаҳкор бояд ҷиддан муҷозот шаванд.

Мавсума Назирова
Мавсума Назирова

Мавсума Назироваи 31-сола, сокини Хуҷанд мегӯяд, аз рӯзи аввали оиладорӣ шавҳараш Аҳруллохон ӯро бо ҳар баҳона латту кӯб мекард. “Мавриди таҳқиру озор қарор медод, аммо ман ба хотири 3 фарзанд ин ҳама ҷабру ситамро таҳаммул кардам”, - мегӯяд ӯ. Вай афзуд, дар тӯли 14 соли зиндагии якҷоя хулқу атвори шавҳараш ислоҳ нашуд ва дар солҳои ахир ҳодисаҳои латту кӯб бештар гардид. Аз ин лиҳоз, ин зан се бор қасди худкушӣ карда, вале ҳар бор ӯро наҷот додаанд.

Ниҳоят, тобистони соли гузашта шавҳараш бо баҳонаи сӯҳбат маҳрамона бо марди бегона Мавсумаро бо зарби дос маҷрӯҳ кард ва бо 3 фарзандаш аз хона берун кард. Мавсума гуфт, баъди шикоятҳояш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баҳори соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд шавҳарашро бо айбномаи “ба худкушӣ расондан” ба муддати ҳафтуним сол равонаи зиндон карда, аммо Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд ин ҷазоро ба 3 соли зиндони шартӣ иваз кардааст.

“Баъди ба озодӣ баромадан Аҳруллохон маро дар ҳузури одамон таҳқиру таҳдид кард. Баъдан аз болои ҳукми Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд ба Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва раҳбарияти Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдем. Додгоҳи олӣ ҳукми Коллегияи додгоҳи вилояти Суғдро бекор карда ва ин парвандаро ба тафтиши дубора фиристодаст», - афзуд ӯ.

Амрия бо фарзандаш
Амрия бо фарзандаш

Зӯроварӣ дар хонаводаҳо ҳодисаи тоза нест. Аммо дар бештари маврид ҷабрдидаҳо ба хотири берун наовардани сирри хонавода садо баланд намекунанд. Амрияи 30-сола, зани маъюб, ки бо писари 5-солааш дар манзили иҷора дар Душанбе ба сар мебарад, гуфт, шавҳару хонаводааш ӯро танҳо барои таваллуд кардани фарзанди маъюб аз хона рондаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи занони Тоҷикистон, дар се соли охир ба ин ниҳод ва маркази “Боварӣ” аз шаҳрвандон беш аз 30 ҳазор шикоят расидааст, ки панҷяки онҳо ба ҳодисаҳои хушунат дар оила рабт мегирад. Ин шикоятҳо аз духтарону занон ворид шуда ва онҳо аз шаклҳои гуногуни зӯроварӣ дар оила, назири латту кӯб, берун кардан аз манзили зист, хушунати равонии хешони шавҳар ва издивоҷи иҷборӣ иборатанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки қабули Қонуни “Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” дар соли 2013 роҳро барои муборизаи густарда алайҳи зӯроварӣ дар хонавода ва муҷозоти омилони он боз кардааст. Масалан, дар ин санади ҳуқуқӣ шахси гунаҳкор аввал ба миқдори аз 80 то 200 сомонӣ ҷарима шуда ва дар сурати такрори ин амал ё 400 сомонӣ ҷарима хоаҳб супурд ё 15 рӯз дар зиндон хоҳад монд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова
Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони ғайридавлатии “Бонувони бо таҳсилоти олӣ” ва аз ташаббускори қабули ин қонун мегӯяд, бояд муҷозот барои омилони хушунати хонаводагӣ сахттар гардад. “Пас аз қабули қонун мо дар ноҳияҳои гуногуни кишвар бо ҳодисаҳои зиёди зӯроварӣ дар оила рӯбарӯ шудем. Аз ин лиҳоз, пешниҳод кардем, ки ба ин қонун тағйирот ворид шуда, моддаи “зӯроварӣ” ба Кодекси ҷиноӣ шомил шавад ва барои гунаҳкорон ҷазои сахттар таъин гардад”.

Инчунин, ба гуфтаи Бобосодиқова, дар ин қонун танҳо занҳою духтарҳо ба унвони ҷабрдида дар назар гирифта шудаанд. Дар ҳоле ки дар оила имкон дорад кӯдак, шавҳар, аъзои дигари хонавода низ мавриди зӯроварӣ қарор гиранд.

Мавзӯи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар бозтоб дошта ва ин ниҳодҳо барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса ба давлати Тоҷикистон тавсияҳо медиҳанд ва омодаи ҳамкорӣ ҳастанд. Ба эътиқоди таҳлилгарон, домани мавридҳои хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон васеъ буда, аммо ба далели суннатӣ будани ҷомеаи кишвар ва махфӣ мондани ҳодисаҳои зӯроварӣ мушаххас кардани шумори чунин ҳодисаҳо душвор будааст.

XS
SM
MD
LG