Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падару хоҳарам мезаданд ва ман... аз хона гурехтам"


Далери 12-сола мегӯяд, баъд аз фавти модараш аз сӯи падар ва хоҳари бузурги худ пайваста озор дида, ночор хонаашонро тарк кардааст.

Муносибати сарди хоҳарбузург ва падар боис шуд, то Далери 12-сола аз хона фирор кунад ва ба сафи кӯдакони оворагард пайвандад. Пас аз он ки модари Далер аз шавҳараш талоқ гирифт, ҳар чор фарзандаш дар тарбияи падар монд. Далер борҳо баъди рад кардани иҷрои кори вазнини рӯзгор аз падар ва хоҳари бузургаш шаллоқ хӯрдааст.

Ин ҳама хушунату зӯроварӣ дар хонавода алайҳи ин навраси 14-сола ӯро дар ба дар ва гирифтори бемории сармозадагӣ кард. Ӯ мегӯяд, ҳангоми оворагардӣ дар хиёбонҳо борҳо зери борону барф шабро рӯз намудааст.

Далер гуфт, “дар хона ба корҳои вазнине, ки ба ман мегуфтанду иҷро карда наметавонистам, муносибати сард мекарданд. Хоҳарам мезад, падарам ҳам тарафи хоҳарамро мегирифт. Баъд аз хона гурехтам, мошиншӯӣ мекардам. Баъд аз он ки милисаҳо маро чанд бор боздошт карданд, писари аммаам ба ман гуфт, ки дигар ин корро накунам. Ҳоло дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунам.”

Далер мегӯяд, агар ӯ бо модараш мебуд, шояд зиндагияш ранги дигар мегирифт ва чунин озору азиятро нисбат ба ӯ раво намедиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз наврасони тоҷик мегӯянд, зиндагии бидуни зӯроварӣ дар оилаашонро ба онҳо маҳз модарҳо фароҳам месозанд.

Фарзона Авазмуродоваи 16-сола, хонандаи синфи 10 аз шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ мегӯяд, ҳамагӣ 6 сол дошт, ки ҷасади падари муҳоҷирашро аз Маскав оварданд ва даҳ соли ахир модараш дар танҳоӣ ӯ ва ду бародарашро тарбия мекунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд озору ранҷеро аз падар надидааст, маҳз модараш тавониста барои ӯ ва бародаронаш муҳити ороми хонаводагӣ ва зиндагии бидуни зӯровариро таъмин намояд.

Дар ҳамин ҳол, натиҷаи як озмун зери унвони “Нигоҳи ту: Оилаи бидуни зӯроварӣ” миёни 120 хонандаи синфҳои болоӣ дар минтақаи Кулоб рӯшан кардааст, ки 52 нафар ва ё 48 дарсади иштирокдорон тавассути тасвир шарҳ додаанд, барои бидуни зӯроварӣ зистани онҳо, танҳо модаронашон фазои мусоид фароҳам сохтааст, на падарҳо.

Қурбонгул Қосимова, раҳбари созмони иҷтимоии “Наҷоти кӯдакон” дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин озмун бо ҳимояти онҳо роҳандозӣ шуда, ҳадафаш пешгирии зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба наврасон аст. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар ҳафт моҳи соли 2015 аз 350 ҷабрдидаи хушунат, ки аз созмони “Наҷоти кӯдакон” дархости ёрӣ кардаанд, 37 духтари аз 10 то 18-сола мебошанд ва бо шаклҳои гуногуни хушунат, ба мисли латту кӯб, фишори равонӣ, издивоҷи бармаҳал ва таҷовуз ба номус рӯбарӯ шудаанд.

“Аввал ин ки модаре хушунат дидааст, фарзанди ӯ ҳам ҳамроҳаш меяод, ки хушунатдида ҳисобида мешавад. Баъд қисми зиёди онҳое, ки ба мо муроҷиат карданд, аз сӯи яке аз аъзои хонавода мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин имсол волидони як нафар духтари 17-сола низ аз созмони мо ёрӣ хостанд, ки духтарашон мавриди таҷовуз қарор гирифтааст,” – гуфт ӯ.

Ҳарчанд бархе аз наврасони тоҷик саҳми модарро барои фароҳам кардани зиндагии бидуни зӯроварӣ дар оила бориз медонанд, аммо ба бовари таҳлилгарон гоҳо набудани падарон тарбияи фарзандонро дар хонавода мушкилтар мекунад ва на ҳама модарон тавони бардошти ин борро доранд.

Аз ҷумла, Қурбонгул Қосимова мегӯяд, ҳоло ҳам наврасон аз муносибати модарон нигаронӣ мекунанд ва дар шаш моҳи ахир ду нафар модар барои кумак ба созмони иҷтимоии “Наҷоти кӯдакон” муроҷиат кардаанд, ки аз ӯҳдаи тарбияи фарзандонашон набаромадаанд.

XS
SM
MD
LG