Раиси ҷумҳури Узбекистон аз стратегияи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Осиёи ҷанубӣ, ҳимоят кардааст. Шавкат Мирзиёев рӯзи 16-уми май дар Кохи Сафед бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп мулоқот кард. Аз соли 2002 ба ин тараф, ин нахустин сафари расмии раиси ҷумҳури Узбекистон ба Амрико мебошад.
"Марди муҳтарам"-и Осиёи Миёна дар Кохи Сафед
Сафари Мирзиёев ба Амрико дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ислоҳотеро дар дохили кишвар ва ҳамчунин иқдомотеро барои беҳтар кардани равобит бо ҷаҳони хориҷ пиёда кардааст. Қабл аз мулоқот дар Кохи Сафед, раиси ҷумҳури Амрико Шавкат Мирзиёевро "марди ниҳоят cоҳибэҳтиром дар кишвари худ ва берун аз он", номид.
Равобити Тошканд бо Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ пас аз ҳодисаҳои хунини соли 2005 дар Андиҷон, ки боиси марги садҳо нафар шуд, рӯ ба вахомат ниҳод.
Вай ба хабарнигорон гуфт, ки ду кишвар дар бахшҳои тиҷорат ва низомӣ "бо ҳам ҳамкории ниҳоят зич" хоҳанд дошт ва афзуд, “Узбекистон аз Амрико таҷҳизоти низомӣ харидорӣ хоҳад кард". Мирзиёев мулоқоти худ бо Доналд Трампро "таърихӣ" номид ва онро "марҳилаи нави шарикии стратегӣ" миёни ду кишвар хонд. Раиси ҷумҳури Узбекистон бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, "мо тавонистем санаду созишномаҳое бо ширкатҳои бузурги амрикоӣ ба маблағи 5 миллиард доллар имзо кунем."
Мирзиёев дар оғози сӯҳбат Доналд Трампро барои ислоҳоти низоми молиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ ситоиш кард. Вай гуфт: "Ин натиҷаи талошҳои шахсии шумо ба хотири беҳбуди зиндагии мардуми Амрико аст". Дар посух Трамп гуфт: "Ман 100 дарсад розӣ ҳастам".
Мирзиёеви 60-сола Узбекистонро аз сиёсатҳои сахтгиронаи даврони Ислом Каримов ба самти тағйир ва ислоҳот бурд, то сармояи хориҷиро ҷалб намуда ва дар тани иқтисоди на чандон фаъоли он кишвар ҷон бидамад.
"Даричаи фурсатҳо"
Аммо барои Трамп музокирот бо раиси ҷумҳури Узбекистон фурсате буд барои барқарории робита бо як кишвари стратегӣ, ки замоне минтақаи калидӣ барои амалиёти Амрико дар Афғонистон буд. Як мақоми баландпояи амрикоӣ қабл аз оғози мулоқотҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "метавонам бигӯям, ки мо аз ин мулоқот хушбин ҳастем” ва онро "даричаи фурсатҳо" номид.
Ин мақом гуфт, "шумо ҳамеша ин фурсатҳоро дар ин бахш аз ҷаҳон дарёфт намекунед. Бинобар ин, мо бовар дорем, ин хеле муҳим аст, то бо ин ҳукумат кор кард ва он тағйир ва ислоҳотеро, ки мебинем, ташвиқ намуд."
Шавкат Мирзиёев дар замони ҳукумати Ислом Каримов барои 13 сол дар мақоми нахуствазир кор кард. Моҳи сентябри соли 2016 дар пайи марги президент, раҳбари муваққати он кишвар шуд. Ӯ дар интихоботи моҳи декабри ҳамон сол ба мақоми президентӣ расид.
Амрико Тошкандро барои ислоҳот ташвиқ мекунад
Лиза Кӯртис, як масъули умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 14-уми май гуфт, ки Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Мирзиёев, дар ин кишвар "иқдомҳои бузурге" анҷом шудааст.
Айни замон ӯ ишора кард, ки мақомоти амрикоӣ аз Мирзиёев тақозо мекунанд, ки дар амри ҳалли мушкилоти тӯлониву амиқи кишвар дар бахши ҳуқуқи башар, кори иҷборӣ, озодии мазҳаб ва матбуот ба иқдомҳои муассиру давомнок даст занад. Кӯртис дар ҷараёни як нишасти Шӯрои Атлантик -- як созмони таҳқиқотӣ дар Вашингтон гуфт, "ин сафар фурсати хуб ва муҳиме барои ташвиқи ислоҳот аст."
Як мақоми дигар дар Кохи Сафед гуфт, "муҳим аст, ки ҳуқуқи асосӣ ва озодиҳои бунёдӣ тазмин шавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад, ки Узбекистонро барои тағйир ва боз будан ташвиқи бештар кунад, то ин кишвар ҳамчун намуна барои боқӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна хизмат кунанд ва ин минтақаи муҳим рушд ва тавсеа ёбад.”
Ислоҳоти Мирзиёев
Дар моҳҳои ахир Мирзиёев иқдомотеро барои ислоҳ дар бахши хадамоти амниятӣ рӯи даст гирифт ва шуморе аз фаъолони маданӣ ва рӯзноманигоронро аз зиндон раҳо намуд. Мақомоти узбек рӯзи 12-уми май фаъоли шаҳрвандӣ Фахриддин Тиллоевро, ки барои чор сол дар зиндон ба сар мебурд, раҳо карданд.
Дар сафар ба Амрико раиси ҷумҳури Узбекистонро ҳайати бузурги мақомот ва тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд ва дар рӯзи аввали сафар бо ширкатҳо амрикоӣ ёддошти тафоҳуме имзо шуд, ки заминаҳои ҳамкорӣ бо Амрикоро дар ҳаҷми миллиардҳо доллар фароҳам меорад.
Дар остонаи сафари Мирзиёев, созмони мудофеи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз Доналд Трамп тақозо кард, ки Мирзиёевро барои анҷоми ислоҳоти амиқ дар бахши ҳуқуқи башар водор кунад. Ин созмон сафари Мирзиёев ба Вашингтонро шонси хубе барои ташвиқи Тошканд дар амри роҳандозии ислоҳот арзёбӣ кард.
Созмони Шаффофияти байналмилал ва 11 созмони дигари мудофеъ аз ҳуқуқи башар бо нашри як изҳороти муштарак, Конгресси Амрикоро ҳушдор доданд, ки аз ҳукумати Узбекистон дар ҷараёни сафари Мирзиёев бихоҳад, ки ҳарчи зудтар зиндониёни сиёсиро раҳо намояд. Онҳо аз зиндониҳои сиёсӣ, шиканҷа, маҳдудияти интернет ва набуди рақобатҳои интихоботӣ дар Узбекистон, ба унвони "нақзи густурдаи ҳуқуқи башар", ишора карданд.
Амрико ва Чину Русия дар Осиёи Миёна
Ба ҷуз масъалаи ҳуқуқи башар ва ислоҳоти иқтисодӣ, хонум Кӯртис гуфт, Қасри Сафед дар ҷараёни ин сафари Мирзиёв, амалкардҳои Чин ва Русия дар минтақаи Осиёи Миёнаро баҳсу баррасӣ хоҳад намуд. Вай гуфт, ки Кохи Сафед аз Мирзиёев хоҳад хост дар талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғонистон кӯмак намояд.
Сафари Мирзиёев ба Кохи Сафед нахустин дидори як раиси ҷумҳур аз моҳи марти соли 2002 мебошад. Дар моҳи феврали ҳамон сол Узбекистон ба Амрико иҷоза дода, ки барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Афғонистон, аз яке аз пойгоҳҳои ҳавоии ин кишвар истифода кунад.
Равобити Тошканд бо Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ дар пасманзари ҳодисаҳои хунини соли 2005 дар Андиҷон, ки боиси марги садҳо нафар шуд, рӯ ба вахомат ниҳод.
Дар робита ба бозгашти нерӯҳои низомии Амрико ба Узбекистон, як мақоми Кохи Сафед гуфт, ҳамкориҳои низомӣ метавонад дигарбора аз сар гирифта шавад, аммо "дар ин марҳила мо хостори ҳузури нерӯҳои Амрико дар Узбекистон нестем."
Дар посух ба суол дар бораи нақши Русия ва Чин дар Осиёи Миёна ин мақом ҳамчунин гуфт, ки ба Амрико набояд ба унвони як рақиби Русия ва Чин дар минтақа нигоҳ кард. Айни ҳол ин мақом гуфт, Амрико дар пайи тақвияти мавқеи шарикони худ ба унвони кишварҳои мустақил ва "ҳимоят аз тамомияти арзии шарикони худ дар Осиёи Миёна" аст.